Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Пешниҳоди Жириновский барои пайвастани қисме аз Афғонистон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЛидер ЛДПР Владимир Жириновский
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Жириновский барои ба эътидол овардани вазъи Афғонистон пешниҳод кард, ки онро тақсим кунанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Раҳбари ҳизби "Либерал-демократи Русия" Владимир Жириновский яке аз роҳҳои ҳалли мушкили Афғонистонро пешниҳод кард.
"Як роҳи ҳалли мушкили Афғонистон - тақсимоти кишвар аст", - навиштааст сиёсатмадор дар саҳифааш дар Telegram.
Ӯ чунин пешниҳоди худро бо зиндагии қавмҳои гуногун дар қаламрави Афғонистон рабт додааст.

"Дар шимол - тоҷикон, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо. Ҳамаи онҳо таърихан он ҷо зиндагӣ мекунанд, онҳо меҳмон нестанд. Барои ҳамин метавонанд бо заминҳои худ ба ҳайати Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон пайванданд. Вале ҳама ин дар якҷоягӣ - қисми хурди минтақа ва аҳолии Афғонистон аст", - қайд кард ӯ.

Агар сухан дар бораи қисмати дигари Афғонистон равад, ба гуфти Жириновский пуштунҳо, ки аслан дар узвияти Толибон* ҳастанд, нақшаи дигари муттаҳидшавӣ пешниҳод мешавад.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Жириновский мехоҳад Тоҷикистонро аз террористҳои Афғонистон ҳимоя кунанд
"Онҳо орзу доранд, ки бо пуштунҳои кишвари ҳамсоя Покистон якҷо шаванд ва кишвари Пуштунистон бунёд созанд", - изҳор дошт раҳбри ҲЛДР.
Ба гуфти ӯ дар чунин сурат бори аввал дар сад соли охир дар ниҳоят, вазъи кишвар ором мешавад.
Лентаи хабарҳо
0