https://sputnik.tj/20210820/tolibon-zindagii-afghonho-1041764035.html
Дирӯзу имрӯзи Афғонистон: 17 акс аз зиндагии афғонҳо
Дирӯзу имрӯзи Афғонистон: 17 акс аз зиндагии афғонҳо
Sputnik Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон аксҳо аз рӯзгори пеш аз забти Толибон* ва баъди онро бароятон гирд овард
2021-08-20T14:20+0500
2021-08-20T14:20+0500
2021-08-20T14:20+0500
акс
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
зиндагӣ
дарси рӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716171_0:232:2815:1815_1920x0_80_0_0_46ed2ed8b718893d5e1ada4fccd80690.jpg
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041716171_42:0:2773:2048_1920x0_80_0_0_64e8a0f5e42b05ec29d59fc1f58e021b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориши аксӣ, афғонистон, толибон,
гузориши аксӣ, афғонистон, толибон,
Дирӯзу имрӯзи Афғонистон: 17 акс аз зиндагии афғонҳо
Пас аз забти Кобул аз ҷониби Толибон*, сиёсатмадорон, намояндагони кишварҳои гуногун ва шаҳрвандони оддӣ ба таври расмӣ ва ғайриқонунӣ Афғонистонро тарк мекунанд. Sputnik Тоҷикистон аксҳо аз рӯзгори пеш аз забти Толибон* ва баъди онро бароятон гирд овард

Сокинони Кобул низомиёни "Эътилофи Шимолӣ" - ро ҳангоми ворид шудан ба пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул, пешвоз мегиранд. 13 ноябри соли 2001.
Кӯдаке аз деҳаи Мадузай-Қалъаи Қандаҳор.

Бачаҳо дар толори варзишии ноҳияи Инҷили вилояти Ҳирот таэквондо машқ мекунанд.

Ҳунармандони афғон дар намоишномае нақш меофаранд, ки дар он зани афғон Фархунда дар Кобул дар соли 2015 тасвир шудааст.

Дӯкондорони афғон ҳангоми сӯхтор дар маркази тиҷоратӣ дар Кобул 4 августи соли 2016 аз тиреза матоъҳояшонро ҳаво медиҳанд. Дар паи ин сӯхтор тоҷирон зарари ҷиддӣ диданд. Сабаби сӯхтор то ҳол маълум нест.
Кӯдакон дар мактаб-интернат.

Духтари афғон ҳамроҳи лухтакаш акс мегирад. 29 майи соли 2018.

Зани афғон Ниёз Бибӣ дар бораи писаронаш, ки аз сӯи ҷангиёни "Давлати исломӣ * (ДИИШ) дар ноҳияи Кот дар вилояти Нангарҳор кушта шудаанд, нақл мекунад. 10 кӯдак аз як оила ба мактаб рафтанд ва бар асари таркиши миномёт ҷон доданд.
Тӯй дар Бомиёни Афғонистон.

Кӯдакони афғон бо табақҳои худ дар навбат барои гирифтани ғизо. Ин аксияи хайрия аз ҷониби созмони байналмилалие дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон дар моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Як хонаводаи афғон дар дохили бағоҷи худрав сафар дорад.

Шаҳрвандони Испания, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва худи афғонҳо дар Фурудгоҳи Байналмилалии ба номи Ҳомид Карзай дар Кобули Афғонистон, ба ҳавопаймои низомӣ савор мешаванд, 18 августи соли 2021.

Ташхиси бемории коронавирус барои онҳое, ки аз Кобул, ба Мадрид парвоз карданд. 19 августи 2021.

Одамон дар гузаргоҳи дарвозаи дӯстӣ дар шаҳри Чаман дар марзи Покистону Афғонистон, 13 августи соли 2021 дар навбат истодаанд.

Сарбозони артиши Покистон бо одамоне, ки қасди убури сарҳад дар гузаргоҳи Дарвозаи дӯстӣ дар шаҳри марзии Чаманро доранд, суҳбат мекунанд.

Оилаи афғон ҳангоми расидан ба "Дарвозаи дӯстӣ" молу мулки худро ба мошин бор мекунад.

Муҳоҷири афғон 15 августи соли 2021 дар Татван, дар соҳили ғарбии кӯли Ван, дар шарқи Туркия дар канори роҳ истироҳат мекунад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар