Бинои нави Вазорати молия ба истифода дода шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на открытии музея в ТНУ
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на открытии музея в ТНУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Бино дар маркази пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтааст
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон бинои нави Вазорати молия ба истифода дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Дар маросими иштироки он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд.
Бино бар иттилои манбаъ, бино дар маркази пойтахт қомат афрӯхта, ба ифтихори 30-солагии Истиқлол ифтитоҳ шуд.
Новый отель в Душанбе - Сафо Hotel - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Дар маркази Душанбе меҳмонхонаи чорситорадор кушода шуд: "барои меҳмонони олиқадр"
Гуфта мешавад, бино аз 11 ошёна, 2 даромадгоҳи асосӣ ва 7 даромадгоҳи ёридиҳанда иборат аст. Дар таҳхонаи бинои нави Вазорати молия таваққуфгоҳ барои мошинҳо, ҳуҷраҳои техникии системаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ, сарднамоӣ, барқи камшиддат ва таҷҳизоти қуввагӣ, ҳуҷраи тақсимоти оби нӯшокӣ бо пойгоҳи автоматӣ ва ҳуҷраи мудофиаи гражданӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар бино ошхона барои 120 ҷой, ҳуҷраю утоқҳои кории раёсатҳо, қабули шаҳрвандон, нуқтаи тиббӣ, толори компютерӣ, толорҳои маҷлис, Раёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони дигар ташкилоту корхонаҳои зертобеи Вазорати молия, ки то имрӯз макони мувофиқи фаъолият ва шароити мусоиди кор надоштанд, ҷойгир карда шудаанд.
Толори муҳташаму барҳавои маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, толори машқ, қаҳвахона ва боғи зимистона аз имконияти дигари бинои нави Вазорати молия мебошад, ки ҳамагӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.
Зикр гардид, ки татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад.
Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе се иншооти нав ифтитоҳ кард: дутоашро соҳибкорон сохтанд
Айни ҳол новобаста аз шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат, мақомоти молияи кишвар фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт идома медиҳанд.
Президент дар ҳамин ҷо бо кормандони соҳаи молия мулоқот кардааст.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат фаъолияти сохтори молияи кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дастовардҳои ин сохторро натиҷаи талошҳои кормандони соҳа арзёбӣ карданд ва бобати рафъи камбудиҳои боздорандаи рушди соҳа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Лентаи хабарҳо
0