https://sputnik.tj/20210820/rahmon-dushanbe-se-inshooti-nav-1041757689.html
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе се иншооти нав ифтитоҳ кард: дутоашро соҳибкорон сохтанд
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе се иншооти нав ифтитоҳ кард: дутоашро соҳибкорон сохтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар сеи иншоот ба муносибати 30-солагии пойтахт бунёд шудаанд
2021-08-20T10:38+0500
2021-08-20T10:38+0500
2021-08-20T10:42+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
душанбе
маориф
рустами эмомалӣ
баҳрабардорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032001376_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_8284bdb8067d5826afb05d4f48f3e9c4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт се иншооти нав ба истифода дода шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шоҳмансур "Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" ифтитоҳ шуд.Бино ба гузориши котибот, ин таълимгоҳ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов- муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Авитсена" бунёд шудааст.Тибқи лоиҳа, "Литсейи рақами 4" барои 1440 нафар хонанда дар ду баст фаъолият хоҳад кард. Таълимгоҳ аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4-ошёна иборат аст.Ҳамчунин, сиёсатмадорон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе"-ро ба баҳрабардорӣ расониданд.Ин муассисаи таълимӣ низ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шудааст.Гимназияро роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ бунёд кардааст.Манбаъ афзуда, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.Иншооти сеюм ин бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад.Масоҳати умумии он 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андоз, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Строй Комплекс" ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Прект инвест" будааст.Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20210515/rahmon-honai-aqdi-nikohi-qasri-baht-dushanbe-1039465112.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032001376_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_b675c6d63ffc9b03438deb0bae9174ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, эмомалӣ раҳмон, ифтитоҳ, иншоот, мактаб
душанбе, эмомалӣ раҳмон, ифтитоҳ, иншоот, мактаб
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе се иншооти нав ифтитоҳ кард: дутоашро соҳибкорон сохтанд
10:38 20.08.2021 (Навсозишуда: 10:42 20.08.2021) Ҳар сеи иншоот ба муносибати 30-солагии пойтахт бунёд шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт се иншооти нав ба истифода дода шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шоҳмансур "Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" ифтитоҳ шуд.
Бино ба гузориши котибот, ин таълимгоҳ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов- муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Авитсена" бунёд шудааст.
Тибқи лоиҳа, "Литсейи рақами 4" барои 1440 нафар хонанда дар ду баст фаъолият хоҳад кард. Таълимгоҳ аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4-ошёна иборат аст.
Ҳамчунин, сиёсатмадорон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе"-ро ба баҳрабардорӣ расониданд.
Ин муассисаи таълимӣ низ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шудааст.
Гимназияро роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ бунёд кардааст.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Иншооти сеюм ин бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад.
Масоҳати умумии он 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андоз, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Строй Комплекс" ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Прект инвест" будааст.
Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир аст.