Эълони номи 15 омӯзгор - нахустин барандаҳои ҷоизаи давлатӣ барои омӯзгорони фанҳои дақиқ

© Sputnik / Амир ИсаевДворец Нации
Дворец Нации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Нахустин барандаҳои Ҷоизаи давлатӣ барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ҷоизаи давлатии махсус соли гузашта барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ таъсис дода шуда, номи 15 барандаи нахустини ин ҷоиза эълон гардид, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
Маросими ҷоизасупорӣ ба омӯзгорони беҳтарин дар Қасри Миллат бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввалин шуда, бо ин мукофоти давлатӣ омӯзгори фанни химияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Абдолбеков Алидод сарфароз гардонида шуд.
Манбаъ дар феҳрасти нахустин барандаҳо ҳамчунин, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ Ачилов Ҳусейн, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Бандаев Сироҷиддинро ном бурд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Фармони Президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 120 нафар: аз нависанда то ҳофизи халқӣ
Ҳамчунин омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов Ҷӯрабой, омӯзгори фанни химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек, профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Мубаширахон дар рӯйхати ҷоизадорҳо мебошанд.
Омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рӯзиева Фароғат, омӯзгори фанни химияи литсейи интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Ҳушанг, омӯзгори фанни химияи литсейи давлатии "Ориёно"-и шаҳри Бохтар Тошов Қобил, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Холбегов Мирзоҳамдам ҳам ҷоизаи махсуси давлатиро соҳиб шудаанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2020
Интиқоди Раҳмон аз илму маориф ва ёдоварии дипломи “зеризаминӣ” – и Ғаффор “Седой”
Мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Худойбердиев Хуршед, омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Роштқалъа Ҷонмирзоев Эраҷ ҳам дар рӯйхатанд.
Аз ҷоизадорони дигар - мудири кафедраи низом ва шабакаҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шарипов Нурмуҳаммад, омӯзгори фанни математикаи литсейи фанҳои табиию риёзии Донишгоҳи милии Тоҷикистон Шарифов Асадулло, муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотии Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шоев Алмосшо, ном бурда шуд.
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 барои бори нахуст тақдим гардида, интизор меравад, ки тақдими он ба ҳукми анъана дарояд.
Лентаи хабарҳо
0