ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар яке аз суханрониҳои худ соҳаҳои илму маорифро пояи асосии рушд ва амнияти кишвар номида буд ва ин масъала дар моддаи 6 – и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи амният" низ таъкид шудааст, ки “хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мешавад”.
Раисҷумҳур хитоб ба аҳли толор гуфт: “Фаҳмида истодаед, охир? Зеро дар шароити имрӯза амнияти миллии кишварҳо аслан аз тариқи баланд бардоштани фаъолияти илмиву технологии тамоми соҳаҳо, рушди сармояи зеҳнӣ ва сатҳи баланди рақобатнокӣ таъмин карда мешавад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дипломи Ғаффор “Седой” Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ ва рушди илм ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуд, аз ҷумла дар ин давра танҳо доир ба низоми идора ва дастгирии молиявии соҳаи илм, тарбияи кадрҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва ғайра зиёда аз 300 санад ба тасвиб расидааст, ки ба ҳар сол то 10 ҳуҷҷат рост меояд.
Вай афзуд, як силсила камбуду мушкилоте вуҷуд доранд, ки на фақат монеаи рушди соҳаҳои мазкур, балки рушди тамоми кишвар шуда истодаанд, аз ҷумла, ҳоло ҳам паст будани сифати таълим ва вобаста ба ин сатҳи пасти дониши хонандагону донишҷӯён, тафаккури илмии аспирантон ва як қисми олимони унвондор.
“Дар як замоне, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то солҳои 2000 унвондорону олимони бисёре аз берун рафта, дар як муҳлати кутоҳ ҳатто академик шуда омаданд. Аз баъзан подъездҳову зерзаминиҳо. Ҳатто собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ, ман дарак надорам, як рӯз пеши ман омаду “ана, дипломи ман!” (– гӯён диплом нишон дод). Ин хел зиёд аст. Баъзеяш, мебахшед, номи худашро навишта наметавонад”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон аз “собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ” ном набурд, аммо ба бовари огаҳони ҳол, сухан дар бораи Ғаффор Мирзоев меравад, ки соли 2004 дар мавзӯъи “Убур аз вазъи буҳронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Русия ва истиқрори сулҳ: солҳои 90 – и асри ХХ” дар Институти таърихи руси Академияи улуми Русия рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Мавсуф солҳои 1995 – 2004 фармондеҳи Гвардияи Миллии Тоҷикистон буд.
Сатҳи паст Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи пасти сифати таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олӣ ҳамчун воситаи асосии дастрасӣ ба давтовардҳои илму техника ва дигар равандҳои ҷаҳонии муосир, сатҳи пасти таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар натиҷаи паст будани сатҳи тафаккури илмии донишҷӯён, унвонҷӯён ва муҳақиқони риштаҳои мазкур, паст будани касбияти кадрҳои ҷавон, хусусан дар соҳаи тиб, сухан гуфта, норасоии омӯзгорони соҳибтаҷриба, махсусан омӯзгорони фанҳои табиӣ, истифодаи ғайриоқилонаи маблағҳои буҷетӣ дар самти илм ва таҳқиқоти илмӣ, коррупсия дар соҳаи илму маорифро низ зикр кард.
Вай гуфт, мувофиқи маълумоти агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вазорати илму маориф, соҳаи илму маориф дар миёни ҳамаи сохторҳо чандин сол аст, ки дар ҷойи боло меистад.
“Ин хеле ва хеле зиёд аст. Агар омили асосии рушди маориф маблағгузории он маҳсуб шавад, пас ҳоло маблағгузории соҳаи маорифи Тоҷикистон ба кишварҳои дар ин самт пешқадам дар як саф қарор дорад. Ман ба наздикӣ 6-7 давлати мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Амрикоро ба таҳлил гирифта, дидам, ки чанд фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – и худро ин кишварҳо ба соҳаи илму маориф равона мекунанд. Аз бархе кишварҳо дар ҳаҷм кам ҳам бошад, ба фоиз аз онҳо ду баробар болотар ҳастем. Яъне имрӯз мо баҳонаи маблағ карда наметавонем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, дар сиёсати давлати Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок эътироф шудааст ва ҳукумат маблағгузории онро давра ба давра афзоиш медиҳад, масалан, дар соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 689 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Ин ҷо раисҷумҳури Тоҷикистон савол ба миён гузошт, ки чаро тадбирҳои то имрӯз андешидаи Ҳукумат ва Роҳбари давлат дар самтҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд ва илму маорифи мо ҳанӯз ба таври назаррас рушд накарда истодааст?
Вай гуфт, аз таҳлили ҳолати имрӯзаи маориф ва илми кишвар бармеояд, ки низоми то ҳанӯз номукаммали идораи илму маориф, нарасидани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва поквиҷдону ватандӯст, инчунин, роҳ ёфтани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба сохторҳои алоҳидаи соҳаҳои мазкур боиси ба чунин вазъ гирифтор шудани илму маориф гардидааст.
“Фақат байни худ – худи сохтори Академияи илмҳо ва сохтори вазорати илму маорифи Тоҷикистон. Дар фикри беҳтар кардан, назорат кардан, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар кардани чопи китобҳои дарсӣ ва таъминоти вай (нестанд). Фақат барои ҷой ба ҷой кардани кадрҳои якдигар, “страховка” - и якдигар, хешу ақрабо... ҳамин самт кор рафта истодааст. Ин қолабро шикастан даркор”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.