https://sputnik.tj/20210818/farmon-prezident-mukofot-unvondihi-hofizi-halqi-1041715853.html
Фармони Президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 120 нафар: аз нависанда то ҳофизи халқӣ
Фармони Президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 120 нафар: аз нависанда то ҳофизи халқӣ
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бахшида ба 30 -юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани 120 нафар кормандони бахшҳои гуногунро бо унвону мукофоти давлатӣ имзо кардааст
2021-08-18T15:36+0500
2021-08-18T15:36+0500
2021-08-18T15:36+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
фарҳанг
президент
фармон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041317994_0:6:2049:1158_1920x0_80_0_0_a3c5a817cb4a58e13ac55e87dbaefea4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 120 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Манбаъ афзуд, ки 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро 5 нафар гирифта, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқӣ сазовор дониста шуд. Панҷ нафари дигар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб гардиданд. Инчучнин бо фармони раисиҷумҳур, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 30-юмин солгардаш таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20200818/Rahmon-ba-53-qahramoni-muboriza-bo-koronavirus-mukofoti-davlati-dod-1031756688.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041317994_112:0:1935:1367_1920x0_80_0_0_d2277a84bccc3e8bd1735eb9bb778414.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фармон, президент, эмомалӣ раҳмон, 120 нафар
фармон, президент, эмомалӣ раҳмон, 120 нафар
Фармони Президент барои мукофоту унвондиҳӣ ба 120 нафар: аз нависанда то ҳофизи халқӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бахшида ба 30 -юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ фармони мукофотонидани 120 нафар кормандони бахшҳои гуногунро бо унвону мукофоти давлатӣ имзо кардааст
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 120 корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо унвону мукофот қадрдонӣ шуданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро 5 нафар гирифта, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқӣ сазовор дониста шуд. Панҷ нафари дигар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.
Инчучнин бо фармони раисиҷумҳур, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад, ки имсол 30-юмин солгардаш таҷлил мегардад.