https://sputnik.tj/20210817/tolibon-zanon-davat-idora-afghoniston-1041689863.html
Толибон аз занон даъват карданд, ки дар идораи Афғонистон иштирок кунанд
Толибон аз занон даъват карданд, ки дар идораи Афғонистон иштирок кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин гурӯҳи экстремистӣ изҳор доштааст, ки гӯё намехоҳад занон дар ҷомеаи Афғонистон мавқеи қурбониеро дошта бошанд
2021-08-17T15:59+0500
2021-08-17T15:59+0500
2021-08-17T15:59+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
ҷанг
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041687739_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_7efe201eb679c69c89cc2cb965e1d0f5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Гурӯҳи эестремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, занонро ба иштирок дар идораи ҷумҳурӣ даъват карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Hadath бо истинод ба намояндагони ҷангҷӯён хабар додааст. Толибон занонро ба ҳукумати оянда даъват карданд. Ба гуфтаи радикалҳо, онҳо намехоҳанд, ки занон худро дар зулмат ва дар мақоми қурбонӣ эҳсос кунанд. Қаблан ҷангҷӯён ба барқарор кардани тартибот дар Кобул шурӯъ карданд. Онҳо аз сокинон даъват карданд, ки ба кор ва тиҷорат баргарданд ва аз Толибон натарсанд. Ба гуфтаи намояндагони ҷунбиш, онҳо намехоҳанд ҳуқуқи одамони дигарро поймол кунанд.Пӯшидани чодар барои занҳо барои бозгаштан ба машғулиятҳои қаблӣ як талаботи ҳатмӣ шудааст. Ҳамзамон радикалҳо ба онҳо имкон доданд, ки дар соҳаи ВАО кор кунанд. Ҳамин тавр, хабарнигори телевизиони Tolo News бо намояндаи Толибон дар бораи вазъи кунунии Кобул мусоҳиба кардааст. Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар соли 1996, радикалҳо кори киро кардани занонро манъ карданд, духтарон танҳо то ҳаштсолагӣ таҳсил карда метавонистанд. Сипас ба онҳо манъ карда шуд, ки бидуни ҳамроҳии хешовандони мард аз хона берун раванд, дар балконҳо ҳозир шаванд ва инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сӯҳбат кунанд.Ҳамчунин ба занон иҷозати пӯшидани ҷавоҳирот, пойафзоли пошнаи баланд ва либоси кушод дода намешуд. Риоя накардани ин тартибот боиси муҷозоти шадиди занон мешуд.
https://sputnik.tj/20210817/ahmad-masud-panjsher-1041686158.html
https://sputnik.tj/20210817/tolibon-naqsha-panjsher-balhu-badahshonro-misol-1041685082.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041687739_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_70a46fc9bb5f9ef7bf986270a26faeee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон афғонистон занон
Толибон аз занон даъват карданд, ки дар идораи Афғонистон иштирок кунанд
Ин гурӯҳи экстремистӣ изҳор доштааст, ки гӯё намехоҳад занон дар ҷомеаи Афғонистон мавқеи қурбониеро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Гурӯҳи эестремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, занонро ба иштирок дар идораи ҷумҳурӣ даъват карданд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии
Al Hadath бо истинод ба намояндагони ҷангҷӯён хабар додааст.
Толибон занонро ба ҳукумати оянда даъват карданд. Ба гуфтаи радикалҳо, онҳо намехоҳанд, ки занон худро дар зулмат ва дар мақоми қурбонӣ эҳсос кунанд.
Қаблан ҷангҷӯён ба барқарор кардани тартибот дар Кобул шурӯъ карданд. Онҳо аз сокинон даъват карданд, ки ба кор ва тиҷорат баргарданд ва аз Толибон натарсанд.
Ба гуфтаи намояндагони ҷунбиш, онҳо намехоҳанд ҳуқуқи одамони дигарро поймол кунанд.
Пӯшидани чодар барои занҳо барои бозгаштан ба машғулиятҳои қаблӣ як талаботи ҳатмӣ шудааст.
Ҳамзамон радикалҳо ба онҳо имкон доданд, ки дар соҳаи ВАО кор кунанд. Ҳамин тавр, хабарнигори телевизиони Tolo News бо намояндаи Толибон дар бораи вазъи кунунии Кобул мусоҳиба кардааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар соли 1996, радикалҳо кори киро кардани занонро манъ карданд, духтарон танҳо то ҳаштсолагӣ таҳсил карда метавонистанд.
Сипас ба онҳо манъ карда шуд, ки бидуни ҳамроҳии хешовандони мард аз хона берун раванд, дар балконҳо ҳозир шаванд ва инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сӯҳбат кунанд.
Ҳамчунин ба занон иҷозати пӯшидани ҷавоҳирот, пойафзоли пошнаи баланд ва либоси кушод дода намешуд. Риоя накардани ин тартибот боиси муҷозоти шадиди занон мешуд.