https://sputnik.tj/20210817/tolibon-naqsha-panjsher-balhu-badahshonro-misol-1041685082.html
Толибон* нақшаашонро дар мавриди Панҷшер гуфтанд: Наим Балху Бадахшонро мисол овард
Толибон* нақшаашонро дар мавриди Панҷшер гуфтанд: Наим Балху Бадахшонро мисол овард
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон*, аз нақшаи ин созмон дар мавриди Панҷшер, ягона вилояти Афғонистон, ки феълан таҳти назораташон нест, суҳбат кард
2021-08-17T14:03+0500
2021-08-17T14:03+0500
2021-08-17T14:38+0500
амният ва мудофиа
толибон
панҷшер
осиёи марказӣ
аҳмадшоҳ масъуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040399063_0:0:720:406_1920x0_80_0_0_3706d457fb1b4623be03032a87fa5e95.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Намояндаи Толибон* бо ишора ба пирӯзиҳояшон дар вилоятҳои дигар мушкилоти Панҷшерро кам ва одӣ гуфта, таъкид намуд, ки мехоҳанд онро бо тафоҳум ҳал кунанд. Бахши дарии "Мавҷи Олмон" бо зикри он, ки Панҷшер ягона вилоятест, ки аз идораи Толибон* хориҷ аст, аз нақшаҳои ин ҳаракат дар мавриди вилоят пурсид. Муҳаммад Наим аз Қандаҳор то Бадахшону Балх ва дигар вилоятҳоро ном бурда, мисол овард, ки чигуна бо мардум таомул ё худ рафтор карданду аҳолӣ онҳоро хуш истиқбол намуд. Ба суол, ки яъне Толибон* ният доранд, масъалаи Панҷшерро бо роҳи сиёсӣ ва гуфтугӯ ҳал кунанду масъалаи низомӣ матраҳ нест, Муҳаммад Наим посух дод, ки дар ин ҷо роҳи сиёсӣ шояд мафҳумаш чизи дигаре бошад. Ӯ афзуд, он тавре, ки дар дигар нукоти кишвар таомул сурат гирифт, дар ин ҷо ҳам талош мекунанд, масъаларо бидуни мушкиле ҳал намоянд. Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки ҳеҷ як аз 7 вулусволияш ба дасти Толибон* наафтода, балки дар он таҷаммӯи нерӯҳои зиддитолиб сурат гирифтааст. Бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии ин кишвар низ ба Панҷшер рафтааст. Бо зикри таърих, ки Панҷшер даҳсолаҳо қабл низ ба истеҳкоми нерӯҳои зиддитолиб табдил ёфта буд, интизориҳое вуҷуд дорад, ки панҷшериҳо ҳамроҳи дигар нерӯҳои зиддитолиб бо ин созмон муқовимат хоҳанд кард. Моҳи сентябри соли 1996 дар пайи суқути Кобул ба дасти Толибон* нерӯҳои ҳукумати Давлати исломии Афғонистон ва президенташ Бурҳонуддин Раббонӣ ба дараи Панҷшер паноҳ бурда буданд. Ҳарчанд пуштибонони Толибон* аз тасаллути комили онҳо бар Афғонистон расман хабар доданд, дар ин дара, ки 100 километр тӯл дорад, як нерӯи муқовим ба вуҷуд омад ва нагузошт ин гуруҳ ба ҳадафи ниҳоии худ – тасаллут бар тамоми кишвар бирасад.Аммо ин дафъа вазъ фарқ мекунад. Агар он замон ба шумули Панҷшер, вилояти Бадахшон ва қисматҳое аз вилоятҳои Тахору Парвонро нерӯҳои зиддитолиб таҳти назорати худ доштанд, ин дафъа ҷангиёни созмон тамоми музофоти дигарро ғасб карданд. Омили муҳими дигар адами фармондеҳии ягонаи нерӯҳои зиддитолиб гуфта мешавад, ки дар даҳаи 90 – уми асри гузашта бар дӯши Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифои ҳукумати Раббонӣ будБархе ҳам мегӯянд, Толибон* он ҷангиёни солҳои 90-уми асри гузашта нестанд ва хатоҳои худ - ҷабр бар мардумро такрор нахоҳанд кард. Ишораи Толибон* ба ҳалли қазияи Панҷшер тариқи ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳолест, ки Аҳмад Масъуд моҳи апрели соли равон дар як мусоҳиба аз Ашраф Ғанӣ интиқод карда, аз эҳтимоли созиш бо Толибон* гуфта буд. Вақте ровии барнома дар телевизиони Тулӯъ пурсид, ки оё омода аст бо Толибон* сулҳ бандад, вай посухи мусбӣ дод."Бидуни шак, сулҳ ба ҳамин хотир аст, ки гузаштаҳо пушти сар гузошта шавад ва равем ба сохтани як Афғонистони воҳид", - гуфта буд вай. Вақте дубора аз Аҳмад пурсидаанд, ки агар дар куштори падараш ин гурӯҳи радикалӣ даст дошта бошад, чӣ, ӯ такрор кард, ки хуни падарашро мебахшад, аммо ормонҳояшро не. Феълан Толибон* тамоми марзҳо ва марказҳои калидии Афғонистон, аз ҷумла пойтахташ, шаҳри Кобулро ғасб карда, эълон доштаанд, ки бар асоси қавонини исломӣ давлатдорӣ хоҳанд кард.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210812/bozihoi-atrofi-panjsher-tajammui-neruho-takrori-tarih-1041607149.html
https://sputnik.tj/20210817/hikmatiyor-tolibon-qavl-osebe-1041684567.html
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040399063_37:0:720:512_1920x0_80_0_0_fbc2735339fa647ea9dfe5a5eb882b89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, нақша, нерӯ, панҷшер
толибон, афғонистон, нақша, нерӯ, панҷшер
Толибон* нақшаашонро дар мавриди Панҷшер гуфтанд: Наим Балху Бадахшонро мисол овард
14:03 17.08.2021 (Навсозишуда: 14:38 17.08.2021) Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон*, аз нақшаи ин созмон дар мавриди Панҷшер, ягона вилояти Афғонистон, ки феълан таҳти назораташон нест, суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Намояндаи Толибон* бо ишора ба пирӯзиҳояшон дар вилоятҳои дигар мушкилоти Панҷшерро кам ва одӣ гуфта, таъкид намуд, ки мехоҳанд онро бо тафоҳум ҳал кунанд.
Бахши дарии "Мавҷи Олмон" бо зикри он, ки Панҷшер ягона вилоятест, ки аз идораи Толибон* хориҷ аст, аз нақшаҳои ин ҳаракат дар мавриди вилоят пурсид.
Муҳаммад Наим аз Қандаҳор то Бадахшону Балх ва дигар вилоятҳоро ном бурда, мисол овард, ки чигуна бо мардум таомул ё худ рафтор карданду аҳолӣ онҳоро хуш истиқбол намуд.
"Як тафоҳуму бародарию ҳамсӯӣ сурат гирифт. Ва ин мушкилоте, ки бисёр одию бисёр каме аст, мехоҳем он ҳам аз роҳи тафоҳум ҳал гардад. Ягона орзуи миллати мо ин буд, ки дар кишварамон ҷанг хотима биёбад", - изҳор дошт Наим.
Ба суол, ки яъне Толибон* ният доранд, масъалаи Панҷшерро бо роҳи сиёсӣ ва гуфтугӯ ҳал кунанду масъалаи низомӣ матраҳ нест, Муҳаммад Наим посух дод, ки дар ин ҷо роҳи сиёсӣ шояд мафҳумаш чизи дигаре бошад.
Ӯ афзуд, он тавре, ки дар дигар нукоти кишвар таомул сурат гирифт, дар ин ҷо ҳам талош мекунанд, масъаларо бидуни мушкиле ҳал намоянд.
Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки ҳеҷ як аз 7 вулусволияш ба дасти Толибон* наафтода, балки дар он таҷаммӯи нерӯҳои зиддитолиб сурат гирифтааст. Бархе аз сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии ин кишвар низ ба Панҷшер рафтааст.
Бо зикри таърих, ки Панҷшер даҳсолаҳо қабл низ ба истеҳкоми нерӯҳои зиддитолиб табдил ёфта буд, интизориҳое вуҷуд дорад, ки панҷшериҳо ҳамроҳи дигар нерӯҳои зиддитолиб бо ин созмон муқовимат хоҳанд кард. Моҳи сентябри соли 1996 дар пайи суқути Кобул ба дасти Толибон* нерӯҳои ҳукумати Давлати исломии Афғонистон ва президенташ Бурҳонуддин Раббонӣ ба дараи Панҷшер паноҳ бурда буданд. Ҳарчанд пуштибонони Толибон* аз тасаллути комили онҳо бар Афғонистон расман хабар доданд, дар ин дара, ки 100 километр тӯл дорад, як нерӯи муқовим ба вуҷуд омад ва нагузошт ин гуруҳ ба ҳадафи ниҳоии худ – тасаллут бар тамоми кишвар бирасад.
Аммо ин дафъа вазъ фарқ мекунад. Агар он замон ба шумули Панҷшер, вилояти Бадахшон ва қисматҳое аз вилоятҳои Тахору Парвонро нерӯҳои зиддитолиб таҳти назорати худ доштанд, ин дафъа ҷангиёни созмон тамоми музофоти дигарро ғасб карданд. Омили муҳими дигар адами фармондеҳии ягонаи нерӯҳои зиддитолиб гуфта мешавад, ки дар даҳаи 90 – уми асри гузашта бар дӯши Аҳмадшоҳ Масъуд, вазири дифои ҳукумати Раббонӣ буд
Бархе ҳам мегӯянд, Толибон* он ҷангиёни солҳои 90-уми асри гузашта нестанд ва хатоҳои худ - ҷабр бар мардумро такрор нахоҳанд кард.
Ишораи Толибон* ба ҳалли қазияи Панҷшер тариқи ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳолест, ки Аҳмад Масъуд моҳи апрели соли равон дар як мусоҳиба аз Ашраф Ғанӣ интиқод карда, аз эҳтимоли созиш бо Толибон* гуфта буд.
Вақте ровии барнома дар телевизиони Тулӯъ пурсид, ки оё омода аст бо Толибон* сулҳ бандад, вай посухи мусбӣ дод.
"Бидуни шак, сулҳ ба ҳамин хотир аст, ки гузаштаҳо пушти сар гузошта шавад ва равем ба сохтани як Афғонистони воҳид", - гуфта буд вай.
Вақте дубора аз Аҳмад пурсидаанд, ки агар дар куштори падараш ин гурӯҳи радикалӣ даст дошта бошад, чӣ, ӯ такрор кард, ки хуни падарашро мебахшад, аммо ормонҳояшро не.
"Бале мебахшам, аммо хуни қаҳрамони миллиро мебахшам, ормонашро ба ҳиҷ унвон ҳозир нестам фаромӯш кунам. Агар толиб ба хотири сулҳ ҳозир ҳаст, биёянд, сӯҳбат кунем ва як Афғонистони озод ва исломӣ бунёд кунем. Ҳозир ҳастем, ки аз гузашта бигзарем ва ба хотири иззати кишварамон муштарак ҳаракат кунем", - қайд кард Аҳмади Масъуд.
Феълан Толибон* тамоми марзҳо ва марказҳои калидии Афғонистон, аз ҷумла пойтахташ, шаҳри Кобулро ғасб карда, эълон доштаанд, ки бар асоси қавонини исломӣ давлатдорӣ хоҳанд кард.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар