https://sputnik.tj/20210817/ahmad-masud-panjsher-1041686158.html
Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео
Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео
Sputnik Тоҷикистон
Писари қаҳраомни миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Масъуд гуфт, на ҳамаи хабарҳои Factbook дурустанд
2021-08-17T14:25+0500
2021-08-17T14:25+0500
2021-08-17T14:49+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
толибон
панҷшер
масъуд аҳмад
аҳмадшоҳи масъуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041685265_136:0:1576:810_1920x0_80_0_0_ea70a196cdf919d44286bdeb688ca21a.jpg
Аҳмад Масъуд фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумӣ дар Панҷшер қарор дорад. Дар ин бора ӯ ба Sputnik Афғонистон хабар дод.Ӯ гуфт, на ҳамаи хабарҳои Facebook дурустанд.Пештар хабар дода шуд, ки Аҳмад Масъуд фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумӣ Панҷшерро тарк кардааст. Ҳамчунин расонаҳо гуфтанд, Аҳмад ба мардуми ин вилоят супориш додааст, ки ягон маълумот дар бораи амалиётро, паҳн накунанд.Бояд гуфт, Панҷшер ягона манотиқе боқӣ монда, ки зери назорати Толибон* нест. Ин минтақаи тоҷикнишине ҳаст, ки боре ҳам аз Толибон* мағлуб нашудааст.Забти зодгоҳи Масъуд ва расидани Толибон ба Панҷшер: азми таслим нашудан ва ваъдахилофиҳоҚаҳрамони миллии Афғонистон- Аҳмадшоҳи Масъуд маҳз аз ҳамин макон буд ва инак писараш Аҳмад Масъуд дар хатти набард қарор дорад.Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон* (1996-2001) маркази асосии нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд. Ҳамлаи печидаи Кобул: ҳадаф Бисмиллоҳ буд, Муҳсинӣ ё Аҳмад Масъуд?Тамоми амалиётҳо аз теппаи Сарича, ҷое, ки фармондеҳи муқовимат ҳоло ба хоби абад рафтааст, идора мешуд.Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир Панҷшер танҳо вилоятест, ки пои Толибон* ба қаламрави он нарасидааст.* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия ва дигар кишварҳо
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Ахмад Масуд опровергает слухи о том что он не находится в регионе
Sputnik Тоҷикистон
Видеоматериал Sputnik Афганистан из Панджшера: Ахмад Масуд опровергает слухи о том что он не находится в регионе.
Он подчеркивает что Фейсбук как может идти как на пользу, так и во вред. По его словам, многие новости на этой платформе фейковые. Ахмад Масуд утверждает, что находится в Панджшере, рядом со своим народом.
2021-08-17T14:25+0500
true
PT0M30S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041685265_321:0:1401:810_1920x0_80_0_0_a693b55811b952f669cce6c955245c60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмад масъуд, панҷшер, гурехтан, радди хабар
аҳмад масъуд, панҷшер, гурехтан, радди хабар
Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео
14:25 17.08.2021 (Навсозишуда: 14:49 17.08.2021) Писари қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд - Аҳмад Масъуд гуфт, на ҳамаи хабарҳои Facebook асос дорад
Аҳмад Масъуд фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумӣ дар Панҷшер қарор дорад. Дар ин бора ӯ ба Sputnik Афғонистон хабар дод.
Ӯ гуфт, на ҳамаи хабарҳои Facebook дурустанд.
"Дар канори мардум ҳастем ва боқӣ мемонем. Аксари хабарҳои Facebook бовар карданӣ нест", - гуфт ӯ.
Пештар хабар дода шуд, ки Аҳмад Масъуд фармондеҳи нерӯҳои хезиши мардумӣ Панҷшерро тарк кардааст. Ҳамчунин расонаҳо гуфтанд, Аҳмад ба мардуми ин вилоят супориш додааст, ки ягон маълумот дар бораи амалиётро, паҳн накунанд.
Бояд гуфт, Панҷшер ягона манотиқе боқӣ монда, ки зери назорати Толибон* нест. Ин минтақаи тоҷикнишине ҳаст, ки боре ҳам аз Толибон* мағлуб нашудааст.
Қаҳрамони миллии Афғонистон- Аҳмадшоҳи Масъуд маҳз аз ҳамин макон буд ва инак писараш Аҳмад Масъуд дар хатти набард қарор дорад.
Панҷшер дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон* (1996-2001) маркази асосии нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳид таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Маҳз дар ин вилоят марокизи асосии низомӣ ва истихборотии ҷабҳа ҷойгир буданд.
Тамоми амалиётҳо аз теппаи Сарича, ҷое, ки фармондеҳи муқовимат ҳоло ба хоби абад рафтааст, идора мешуд.
Панҷшер вилояте дар шарқи Афғонистон аст, ки масоҳат ва нуфуси кам дорад, аммо дар ҷангҳои Афғонистон аҳамияти стратегӣ дошт. Қаламраваш 3 ҳазору 771٫6 километр мураббаъ ва нуфусаш ҳудуди 300 ҳазор нафар аст. 7 вулусволӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир Панҷшер танҳо вилоятест, ки пои Толибон* ба қаламрави он нарасидааст.
* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия ва дигар кишварҳо