Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Расонаҳо: шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ҳавопаймоҳои Украина берун бурданд

© AFP 2023 / Wakil KohsarПассажиры в аэропорту Кабула
Пассажиры в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Украина шаҳрвандони чанд давлати дигарро аз Афғонистон берун кардааст
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Расонаҳои Украина хабар додаанд, ки ҳавопаймоҳои кишвар 80 нафарро аз Кобул берун бурдааст.
Гуфта мешавад, дар миёни онҳо шаҳрвандони Украина, Ҳолланд, Хорватия, Беларус, Афғонистон ва Тоҷикистон ҳастанд.
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард
Интизор меравад, ки як ҳавопаймои дигар ба Кобул фиристода шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин маълумотро феълан тасдиқ накардааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши шабакаи телевизиони "Украина 24", дувоздаҳ низомии ин кишвар дар Афғонистон мондаанд.
Наздикони яке аз низомиён гуфт, ки намояндагони Толибон (ҳаракати террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) аллакай ба назди сарбозон омадаанд, силоҳҳои онҳоро гирифтаанд ва ба онҳо маслиҳат медиҳанд, ки аз маҳалли ҷойгиршавӣ тарк накунанд.
Совместные военные учения России, Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Низомиёни рус дар Тоҷикистон тамринҳои нав сар карданд
Ҳамчунин, шаҳрвандони Гурҷистон, Руминия ва Булғористон дар қаламрави пойгоҳи низомии собиқи Амрико дар Кобул паноҳ бурдаанд.
Лентаи хабарҳо
0