https://sputnik.tj/20210817/nizomiyon-tojikiston-tamrinho-1041692064.html
Низомиёни рус дар Тоҷикистон тамринҳои нав сар карданд
Низомиёни рус дар Тоҷикистон тамринҳои нав сар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Машқҳои нави низомӣ дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон оғоз шуданд
2021-08-17T17:11+0500
2021-08-17T17:11+0500
2021-08-17T17:36+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041614306_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_84c7a7244fca54bf5e8b3fb424a7a596.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон машқҳои навбатиро оғоз карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии округи ҳарбии марказии Вазорати мудофиаи Русия. Дар машқҳо тақрибан ҳазор низомӣ иштирок мекунанд. Машқҳо дар майдонҳои омӯзишии Ляур ва Самбулӣ ҷараён доранд. Низомиён дар пасманзари бад шудани вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон малакаҳои омодагии ҷангиро меомӯзанд. "Артиллеристҳо, муҳандисони ҳарбӣ, мутахассисони мудофиаи зидди ҳавоӣ, ҷанги электронӣ, радиатсия, муҳофизати кимиёвӣ ва биологӣ вазифаҳои ҷангии худро таҳия хоҳанд кард", - гуфта мешавад дар хабар. Машқҳои низомӣ як моҳ идома хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, воҳидҳои артиллерӣ беш аз 20 тирандозии мустақим аз системаҳои мушакии сершумори "Градд", худравҳои худгарди артиллерияи Гвоздика ва Акатсияро анҷом хоҳанд дод.Батареяҳои миномётӣ, як дивизияи системаҳои зиддимушакии С-300 ПС ва экипажҳои системаҳои зиддибӯҳронии "Верба" ва "Игла" ҷалб карда мешаванд. Қисмҳои ҷанги электронӣ мубориза бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва алоқаро коркард хоҳанд кард. Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Олег Сиромолотов гуфта буд, ки кормандони низомии Русия пайваста шабонарӯзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд. Вай афзуд, ки назорат бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии ҳавоӣ ва электронӣ дар ихтиёри артиши Русия сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20210816/tojikiston-chin-tamrinho-mushtarak-1041675477.html
https://sputnik.tj/20210809/artish-rusiya-terroristonro-afghoniston-bombaboron-1041512206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041614306_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_48688c46d1214248f4dbce2a64b819d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамрин тоҷикистон русия
Низомиёни рус дар Тоҷикистон тамринҳои нав сар карданд
17:11 17.08.2021 (Навсозишуда: 17:36 17.08.2021) Машқҳои нави низомӣ дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон машқҳои навбатиро оғоз карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии округи ҳарбии марказии Вазорати мудофиаи Русия.
Дар машқҳо тақрибан ҳазор низомӣ иштирок мекунанд. Машқҳо дар майдонҳои омӯзишии Ляур ва Самбулӣ ҷараён доранд. Низомиён дар пасманзари бад шудани вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон малакаҳои омодагии ҷангиро меомӯзанд.
"Артиллеристҳо, муҳандисони ҳарбӣ, мутахассисони мудофиаи зидди ҳавоӣ, ҷанги электронӣ, радиатсия, муҳофизати кимиёвӣ ва биологӣ вазифаҳои ҷангии худро таҳия хоҳанд кард", - гуфта мешавад дар хабар.
Машқҳои низомӣ як моҳ идома хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, воҳидҳои артиллерӣ беш аз 20 тирандозии мустақим аз системаҳои мушакии сершумори "Градд", худравҳои худгарди артиллерияи Гвоздика ва Акатсияро анҷом хоҳанд дод.
Батареяҳои миномётӣ, як дивизияи системаҳои зиддимушакии С-300 ПС ва экипажҳои системаҳои зиддибӯҳронии "Верба" ва "Игла" ҷалб карда мешаванд.
Қисмҳои ҷанги электронӣ мубориза бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва алоқаро коркард хоҳанд кард. Қаблан муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Олег Сиромолотов гуфта буд, ки кормандони низомии Русия пайваста шабонарӯзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд.
Вай афзуд, ки назорат бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии ҳавоӣ ва электронӣ дар ихтиёри артиши Русия сурат мегирад.