https://sputnik.tj/20210817/havopaymo-olmon-kobul-toshkand-parvoz-1041692710.html
Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард
Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Вазорати умури хориҷии Олмон аз кӯчонидани 7 нафар аз Кобул хабар дод.
2021-08-17T17:45+0500
2021-08-17T17:45+0500
2021-08-17T17:45+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
тошканд
ҳавопаймо
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/02/1032380209_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_61a7d68c0f51fe13d1abb71334df96b1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард, шумораи мусофирони он то ҳол маълум нест. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба нашри Bild хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, киштии ҳавоии Lu4twaffe A400M пас аз таъхир бо сабаби талошҳо барои "пешгирӣ аз вазъияти бесарусомонӣ, ки рӯзи душанбе рух дод" аз Кобул ба самти Тошканд парвоз кард. Рӯзи душанбе дар фурудгоҳи Кобул, бинобар парвозҳои зиёд ва нишастани чархболҳо, ки кормандони намояндагиҳои дипломатӣ буданд, бесарусомонӣ ҳукмронӣ буд,Сокинони маҳаллӣ бо мақсади тарки Афғонистон ба фурудгоҳ омада, на танҳо ба бино, балки ба ҳавопаймоҳо ҳамла карданд. Пештар Вазорати умури хориҷии Олмон шаби сешанбе аз Кобул дар бораи кӯчонидани 7 нафар хабар дод. Онҳо дар киштии ҳавоии Олмон парвоз карданд. Ба навиштаи Bild, сухан дар бораи панҷ шаҳрванди Олмон (ду нафари онҳо душаҳрвандӣ доранд), як шаҳрванди Ҳолланд ва як "корманди маҳаллӣ", зоҳиран шаҳрванди Афғонистон меравад. Ба гузориши шабакаи телевизионии Олмон N24, ҳавопаймоҳои Амрико ва Бритониё аз Кобул пур аз мусофир, парвоз мекунанд.Тибқи иттилои шабакаи телевизионӣ, ба ҳавопаймои Олмон шабона ним соат вақт дода шуд, то дар фурудгоҳи Кобул бимонад ва дар ин муддат дипломатҳои олмонӣ наметавонистанд қисми зиёди мусофиронро бор кунанд, чун амниятро ҳеҷ кас таъмин намекард.Вазири умури хориҷии Олмон Ҳайко Маас қаблан гуфта буд, ки ҳукумати Олмон ният дорад "тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, то шумораи ҳарчӣ бештари мардумро аз Афғонистон берун кунад".
https://sputnik.tj/20210817/ima-odamon-rusiya-zarba-zad-1041690561.html
https://sputnik.tj/20210817/ahmad-masud-panjsher-1041686158.html
афғонистон
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/02/1032380209_125:0:2856:2048_1920x0_80_0_0_7260c552802b2b31658c112526bedfdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвози ҳавопаймо, тошканд, кобул, амният, сиёсат
парвози ҳавопаймо, тошканд, кобул, амният, сиёсат
Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард
Қаблан Вазорати умури хориҷии Олмон аз кӯчонидани 7 нафар аз Кобул хабар дод.
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард, шумораи мусофирони он то ҳол маълум нест. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба нашри Bild хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, киштии ҳавоии Lu4twaffe A400M пас аз таъхир бо сабаби талошҳо барои "пешгирӣ аз вазъияти бесарусомонӣ, ки рӯзи душанбе рух дод" аз Кобул ба самти Тошканд парвоз кард.
Рӯзи душанбе дар фурудгоҳи Кобул, бинобар парвозҳои зиёд ва нишастани чархболҳо, ки кормандони намояндагиҳои дипломатӣ буданд, бесарусомонӣ ҳукмронӣ буд,
Сокинони маҳаллӣ бо мақсади тарки Афғонистон ба фурудгоҳ омада, на танҳо ба бино, балки ба ҳавопаймоҳо ҳамла карданд.
Пештар Вазорати умури хориҷии Олмон шаби сешанбе аз Кобул дар бораи кӯчонидани 7 нафар хабар дод.
Онҳо дар киштии ҳавоии Олмон парвоз карданд. Ба навиштаи Bild, сухан дар бораи панҷ шаҳрванди Олмон (ду нафари онҳо душаҳрвандӣ доранд), як шаҳрванди Ҳолланд ва як "корманди маҳаллӣ", зоҳиран шаҳрванди Афғонистон меравад.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Олмон N24, ҳавопаймоҳои Амрико ва Бритониё аз Кобул пур аз мусофир, парвоз мекунанд.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионӣ, ба ҳавопаймои Олмон шабона ним соат вақт дода шуд, то дар фурудгоҳи Кобул бимонад ва дар ин муддат дипломатҳои олмонӣ наметавонистанд қисми зиёди мусофиронро бор кунанд, чун амниятро ҳеҷ кас таъмин намекард.
Вазири умури хориҷии Олмон Ҳайко Маас қаблан гуфта буд, ки ҳукумати Олмон ният дорад "тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, то шумораи ҳарчӣ бештари мардумро аз Афғонистон берун кунад".