https://sputnik.tj/20210815/-ustod-ato-marshal-dustum-uzbekiston-1041655276.html
“Роҳи мо поён намеёбад”: Устод Ато ва маршал Дӯстум дар Ӯзбекистон
“Роҳи мо поён намеёбад”: Устод Ато ва маршал Дӯстум дар Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Устод Атомуҳаммади Нур ва маршал Абдурашид Дӯстум дар пайи суқути Мазори Шариф ба Ӯзбекистон паноҳ бурданд 15.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-15T09:39+0500
2021-08-15T09:39+0500
2021-08-15T10:05+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
ҷанг
толибон
ато муҳаммади нур
абдуррашид дустум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0f/1041655234_0:123:945:655_1920x0_80_0_0_7b7006a0815a4ae10a4918ff36b7f564.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Аҳмадшоҳ Балхӣ, яке аз наздикони Устод Ато, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раҳбарони Ҷамъияти исломӣ ва Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон қарор доранд ва бо роҳбарияти ин кишвар мавзӯи ҷобаҷоии нерӯҳои ду ҷониб дар қаламрави ин кишварро баррасӣ мекунанд. “Ин нерӯҳо, ки тақрибан 5 ҳазор нафарро ташкил мекунад, тариқи пули “Дӯстӣ”, миёни шаҳраки Ҳайратони Афғонистону Тирмизи Ӯзбекистон, ба қаламрави Ӯзбекистон шаби гузашта ба ин сӯ гузаштан мехоҳанд”, - гуфт ӯ. Феълан, Ҳукумати Ӯзбекистон ба нерӯҳо иҷозаи гузаштанро надодааст.Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, бегоҳии дирӯз ба тасарруфи Толибон даромад. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, вуруди ҷангиёни толиб ба ин шаҳрҳо дар ҳоле муяссар шуд, ки Забеҳуллоҳ Муманд, фармондеҳи сипоҳи 209 – и “Шоҳин”, ки дар хати аввали набард дар ин шаҳрҳо қарор дошт, фармони раҳо кардани майдони ҷангро дод. Дар ҳамин ҳол, Устод Ато Муҳаммади Нур зимни як муроҷиат ба мардуми вилояти Балх эълом дошт, ки дар як тавтиаи бузургу созмонёфта ва ноҷавонмардона тамомии имконоти ҳукуматӣ ва нерӯҳои давлатӣ ба Толибон таслим дода шудааст. “Доманаи ин тавтиа ба ҳадде бузург ва амиқ буд, ки мехостанд маршал Абдурашид Дӯстум ва маро ҳам ба дом бияндозанд, ки муваффақ нашуданд. Маршал соҳиб Дӯстум, ман, волӣ, намояндагони мардумии Балх, раиси Шӯрои вилоятӣ ва сойири масъулин дар маҳалли масъун ҳастанд”, - гуфт Устод Ато. Устод Ато гуфтааст, ба тафсилоти ин мавзуъ баъдтар хоҳад пардохт ва аз онҳое, ки дар муқовимати Балх саҳм доштан ва онро пуштибонӣ карданд, сипосгузорӣ кардааст. “Мардуми Балхро ба Худои бузург месупорам. Роҳи мо дар ин ҷо поён намеёбад”, - гуфт Устод Ато. Бо суқути Мазори Шариф ва Маймана тамоми шимоли Афғонистон ба дасти “Толибон” афтод. Дар ҳоли ҳозир, дар умум 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон таҳти сайтараи ин гуруҳи тундрав қарор гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20210814/payomi-ashraf-ghani-mardumi-afghoniston-video-1041653393.html
https://sputnik.tj/20210813/smm-hamsoyagon-afghoniston-marz-panohjuyon-boz-1041636959.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0f/1041655234_0:35:945:744_1920x0_80_0_0_174d7bb2b93ff4e97d4122c1da3f5c49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҷанг, толибон, ато муҳаммади нур, абдуррашид дустум
афғонистон, ҷанг, толибон, ато муҳаммади нур, абдуррашид дустум
“Роҳи мо поён намеёбад”: Устод Ато ва маршал Дӯстум дар Ӯзбекистон
09:39 15.08.2021 (Навсозишуда: 10:05 15.08.2021) Устод Атомуҳаммади Нур ва маршал Абдурашид Дӯстум дар пайи суқути Мазори Шариф ба Ӯзбекистон паноҳ бурданд
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Аҳмадшоҳ Балхӣ, яке аз наздикони Устод Ато, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раҳбарони Ҷамъияти исломӣ ва Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон қарор доранд ва бо роҳбарияти ин кишвар мавзӯи ҷобаҷоии нерӯҳои ду ҷониб дар қаламрави ин кишварро баррасӣ мекунанд.
“Ин нерӯҳо, ки тақрибан 5 ҳазор нафарро ташкил мекунад, тариқи пули “Дӯстӣ”, миёни шаҳраки Ҳайратони Афғонистону Тирмизи Ӯзбекистон, ба қаламрави Ӯзбекистон шаби гузашта ба ин сӯ гузаштан мехоҳанд”, - гуфт ӯ.
Феълан, Ҳукумати Ӯзбекистон ба нерӯҳо иҷозаи гузаштанро надодааст.
Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, бегоҳии дирӯз ба тасарруфи Толибон даромад. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, вуруди ҷангиёни толиб ба ин шаҳрҳо дар ҳоле муяссар шуд, ки Забеҳуллоҳ Муманд, фармондеҳи сипоҳи 209 – и “Шоҳин”, ки дар хати аввали набард дар ин шаҳрҳо қарор дошт, фармони раҳо кардани майдони ҷангро дод.
“На фақат Мазори Шариф, балки шаҳри Маймана ва шаҳраки бандари тиҷоратии Оқинаро низ ин нерӯҳо раҳо карданд ва нерӯҳои маршал Дӯстуму Устод Аторо дар ҳоли ногувор қарор доданд. “Толибон” дари тамоми маҳбасҳо дар ин шаҳрҳоро боз карда, дар биноҳои маъмурӣ мустақар шуданд”, - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Устод Ато Муҳаммади Нур зимни як муроҷиат ба мардуми вилояти Балх эълом дошт, ки дар як тавтиаи бузургу созмонёфта ва ноҷавонмардона тамомии имконоти ҳукуматӣ ва нерӯҳои давлатӣ ба Толибон таслим дода шудааст.
“Доманаи ин тавтиа ба ҳадде бузург ва амиқ буд, ки мехостанд маршал Абдурашид Дӯстум ва маро ҳам ба дом бияндозанд, ки муваффақ нашуданд. Маршал соҳиб Дӯстум, ман, волӣ, намояндагони мардумии Балх, раиси Шӯрои вилоятӣ ва сойири масъулин дар маҳалли масъун ҳастанд”, - гуфт Устод Ато.
Устод Ато гуфтааст, ба тафсилоти ин мавзуъ баъдтар хоҳад пардохт ва аз онҳое, ки дар муқовимати Балх саҳм доштан ва онро пуштибонӣ карданд, сипосгузорӣ кардааст. “Мардуми Балхро ба Худои бузург месупорам. Роҳи мо дар ин ҷо поён намеёбад”, - гуфт Устод Ато.
Бо суқути Мазори Шариф ва Маймана тамоми шимоли Афғонистон ба дасти “Толибон” афтод. Дар ҳоли ҳозир, дар умум 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон таҳти сайтараи ин гуруҳи тундрав қарор гирифтаанд.