Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

СММ ба ҳамсоягони Афғонистон: марзҳои худро барои паноҳҷӯён боз кунед

© Sputnik Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Обуна шудан
Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон аз ҳамсояҳои Афғонистон даъват кард, ки бо шиддат ёфтани танишҳо марзҳояшонро барои паноҳандагони афғон боз нигоҳ доранд.
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Созмони милали муттаҳид аз ҳамсояҳои Афғонистон даъват кардаст, ки бо шиддат ёфтани танишҳо дар Афғонистон марзҳояшонро боз нигоҳ доранд ва аз норасоии ғизо ва зарурати паноҳандагии бисёр афғонҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд.
Шабия Менто, сухангӯи Оҷонси паноҳандагони СММ, дар нишасти хабарӣ дар Женеваи Швейтсария, аз кишварҳои атрофи Афғонистони ҷангзада даъват кард, ки марзҳояшонро кушода нигоҳ доранд.

"Натавонӣ дар ҷустуҷӯи амният метавонад ҳаёти одамони бешуморро зери хатар гузорад", - гуфт сухангӯи Оҷонси паноҳандагони СММ.

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон омода аст дар сурати зарурат ба мақомоти миллӣ афзоиши кумакҳои баашардӯстонаро афзоиш диҳад.
Вай дар идома ба нигаронии Барномаи ҷаҳонии ғизо ишора кард, ки камбуди ғизо дар Афғонистон ба ҳадде шадид ва бадтар мешавад, ки вазъ нишонаи бӯҳрони башарӣ аст.
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфт: нигаронӣ вуҷуд надорад
Дар ҳоле ки Фаронса, Олмон ва Ҳолланд аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки ба далели авзоъ дар Афғонистон ихроҷи паноҳандагони афғонро мутаваққиф кардаанд, Австрия, Белгия, Дания ва Юнон аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кардаанд, ки ба ин роҳ надиҳанд ва бозгашти гурезаҳои афғонро қатъ кунанд.
Онҳо иддаъо мекунанд, ки ин сигнали нодуруст мефиристад ва эҳтимол дорад, ки бештари афғонҳоро маҷбур созад, ки хонаҳояшонро бо мақсади Иттиҳоди Аврупо тарк кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Толибон (гуруҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ) аз моҳи апрел ҳамлаҳои худро барои шикаст додани ҳукумати Кобул афзоиш доданд, зеро нерӯҳои хориҷӣ пас аз 20 сол хуруҷи худро аз Афғонистон анҷом медиҳанд.
Бино ба бархе манобеъ, ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир аз се ду ҳиссаи Афғонистонро таҳти назорат дорад.
Лентаи хабарҳо
0