https://sputnik.tj/20210814/payomi-ashraf-ghani-mardumi-afghoniston-video-1041653393.html
Муроҷиати Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон бо забонҳои форсӣ ва пашту - видео
Муроҷиати Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон бо забонҳои форсӣ ва пашту - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари сарусадо дар бораи эҳтимоли истеъфои қарибулвуқӯи Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, ӯ бо як паёми нимафорсию нимапушту ба мардуми кишвараш муроҷиат кард
2021-08-14T19:11+0500
2021-08-14T19:11+0500
2021-08-14T21:09+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
муҳаммад ашраф ғанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033102046_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_bb9b802990068eb1d7b47cbd3f9609a2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар ҳоле ки медонам, аз ҳол ва ояндаатон нигарон ҳастед, бароятон итминон медиҳам, ки ба унвони раисиҷумҳуратон тамаркузи ман бар ин аст, то аз густариши бештари бесуботӣ, хушунат ва оворагии мардумам ҷилавгирӣ кунам, изҳор дошт Ашраф Ғанӣ дар хитоб ба мардуми Афғонистон. Бар асоси муроҷиатномаи ҷадиди Ғанӣ, ки имрӯз нашр гардид, ӯ гуфт, ба унвони як рисолати таърихӣ талош мекунад, ки нагузорад ҷанги таҳмилшуда бар мардуми Афғонистон бештар аз ҳозир боиси куштори мардуми бегуноҳ, аз даст рафтани дастовардҳои 20-cола, тахриби таъсисоти омма ва бесуботии давомдор шавад.Ин муроҷиат ва суҳбати Ғанӣ аз рисолати таърихияш дар ҳолест, ки рӯзҳои охир сарусадо дар мавриди эҳтимоли истеъфояш зиёд паҳн шудаанд. Аммо ӯ дар муроҷиатномааш таъкид ба талошҳо ба ҳайси раисиҷумҳур мекунад.Ғаниро бархе дар пешрафти Толибон* ва шикасти нерӯҳои ҳукуматӣ айбдор медонанд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ моҳҳои охир ҷангиёни Толибон* қисми бештари қаламрави Афғонистон, аз ҷумла дар шимол ва шимолу шарқро ба тасарруфи худ дароварданд.*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1e/1033102046_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_e188736c802ec074637a1c026823a667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ашраф ғанӣ, афғонистон, толибон, раисиҷумҳур, истеъфо, муроҷиат, ҷанг, шикаст, ғолиб, пирӯз
ашраф ғанӣ, афғонистон, толибон, раисиҷумҳур, истеъфо, муроҷиат, ҷанг, шикаст, ғолиб, пирӯз
Муроҷиати Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон бо забонҳои форсӣ ва пашту - видео
19:11 14.08.2021 (Навсозишуда: 21:09 14.08.2021) Дар пасманзари сарусадо дар бораи эҳтимоли истеъфои қарибулвуқӯи Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, ӯ бо як паёми нимафорсию нимапушту ба мардуми кишвараш муроҷиат кард
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар ҳоле ки медонам, аз ҳол ва ояндаатон нигарон ҳастед, бароятон итминон медиҳам, ки ба унвони раисиҷумҳуратон тамаркузи ман бар ин аст, то аз густариши бештари бесуботӣ, хушунат ва оворагии мардумам ҷилавгирӣ кунам, изҳор дошт Ашраф Ғанӣ дар хитоб ба мардуми Афғонистон.
Бар асоси муроҷиатномаи ҷадиди Ғанӣ, ки имрӯз нашр гардид, ӯ гуфт, ба унвони як рисолати таърихӣ талош мекунад, ки нагузорад ҷанги таҳмилшуда бар мардуми Афғонистон бештар аз ҳозир боиси куштори мардуми бегуноҳ, аз даст рафтани дастовардҳои 20-cола, тахриби таъсисоти омма ва бесуботии давомдор шавад.
“Ба ҳамин далел машваратҳои густурдаро дар дохили давлат, бо бузургону роҳбарони сиёсӣ, намояндагони қишрҳои мухталифи мардуми Афғонистон ва ҳамкорони байналмилалиамон оғоз кардам. Машваратҳо дар ин робита босуръат ҷараён дорад, натоиҷи он бо шумо ҳамватанони азизам шарик хоҳад шуд”, - омадааст дар муроҷиатномаи Ғанӣ.
Ин муроҷиат ва суҳбати Ғанӣ аз рисолати таърихияш дар ҳолест, ки рӯзҳои охир сарусадо дар мавриди эҳтимоли истеъфояш зиёд паҳн шудаанд. Аммо ӯ дар муроҷиатномааш таъкид ба талошҳо ба ҳайси раисиҷумҳур мекунад.
Ғаниро бархе дар пешрафти Толибон* ва шикасти нерӯҳои ҳукуматӣ айбдор медонанд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ моҳҳои охир ҷангиёни Толибон* қисми бештари қаламрави Афғонистон, аз ҷумла дар шимол ва шимолу шарқро ба тасарруфи худ дароварданд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар