https://sputnik.tj/20210814/tojikistoni-pesh-shahrvandi-rusiya-1041653561.html
Ҳар рӯз ҳудуди 210 тоҷикистонӣ: киҳо аз ҳама зиёд шаҳрвандии Русия мегиранд
Ҳар рӯз ҳудуди 210 тоҷикистонӣ: киҳо аз ҳама зиёд шаҳрвандии Русия мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамарӯза ҳудуди 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд, бармеояд аз омори расмии имсола.
2021-08-14T20:00+0500
2021-08-14T20:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
муҳоҷират
тоҷикон
шаҳрвандӣ
шиноснома
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/94/1020969434_0:49:2903:1682_1920x0_80_0_0_ca8bcace270fcb05a274f32cd416c416.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистониҳо аз рӯи теъдоди гирифтани шаҳрвандии Русия баъди Украина дар мақоми дуюм қарор доранд. Аз оғози соли равон беш аз 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуда, аз рӯи теъдод дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд, бармеояд аз оморе, ки дар сомонаи ВУД Русия нашр шудааст. Дар радаи аввал украиниҳо мебошанд, ки тайи ҳафт моҳи аввали соли равон 184 ҳазор нафарашон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Дар маҷмуъ ба шаҳрвандии Русия аз аввали соли равон 351 ҳазору 670 хориҷӣ қабул пазируфта шудаанд. Дар ин миён ҳудуди 23 ҳазор нафар қазоқистонӣ мебошанд, ки макони нави зиндагияшонро Русия интихоб кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистон аз пешсафон дар гирифтани шаҳрвандии Русия буданд. Бар асоси омори расмӣ, бештари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20210530/shahrvandi-uzbekiston-oson-meshavad-1039838610.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102096/94/1020969434_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_8abbe866ca6cfb646c9f0b7366683fbb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандии русия, шиноснома, кӯчидан, муҳоҷират ба русия
шаҳрвандии русия, шиноснома, кӯчидан, муҳоҷират ба русия
Ҳар рӯз ҳудуди 210 тоҷикистонӣ: киҳо аз ҳама зиёд шаҳрвандии Русия мегиранд
20:00 14.08.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Ҳамарӯза ба ҳисоби миёна ҳудуди 210 тоҷикистонӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд, бармеояд аз омори расмии имсола.
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистониҳо аз рӯи теъдоди гирифтани шаҳрвандии Русия баъди Украина дар мақоми дуюм қарор доранд.
Аз оғози соли равон беш аз 44 ҳазор зодагони Тоҷикистон соҳиби шиносномаи русиягӣ шуда, аз рӯи теъдод дар зинаи дуюм ҷой гирифтаанд, бармеояд аз оморе, ки дар
сомонаи ВУД Русия нашр шудааст.
Дар радаи аввал украиниҳо мебошанд, ки тайи ҳафт моҳи аввали соли равон 184 ҳазор нафарашон шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд.
Дар маҷмуъ ба шаҳрвандии Русия аз аввали соли равон 351 ҳазору 670 хориҷӣ қабул пазируфта шудаанд.
Дар ин миён ҳудуди 23 ҳазор нафар қазоқистонӣ мебошанд, ки макони нави зиндагияшонро Русия интихоб кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар солҳои қаблӣ низ шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистон аз пешсафон дар гирифтани шаҳрвандии Русия буданд. Бар асоси омори расмӣ, бештари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд, аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ мебошанд.