https://sputnik.tj/20210530/shahrvandi-uzbekiston-oson-meshavad-1039838610.html
Гирифтани шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон осон мешавад: кӣ метавонад шиноснома гирад
Гирифтани шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон осон мешавад: кӣ метавонад шиноснома гирад
Sputnik Тоҷикистон
Гирифтани шиноснома барои шахсони бешаҳрвандии сокини ин кишвар дар Ӯзбакистон осонтар хоҳад шуд
2021-05-30T10:01+0500
2021-05-30T10:01+0500
2021-05-30T10:01+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
шаҳрвандӣ
шиноснома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/56/1024375636_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_123f50ea3ccf6e17793bb57f77f3e9c0.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сенати Ӯзбекистон бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузори кишвар гирифтани шаҳрвандӣ барои шахсони бешаҳрвандиро осон кард, хабар медиҳад маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ. Ҳамин тариқ, тағйирот дар қонунгузорӣ ба баъзе шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба таври содда соҳиби шиносномаҳо гарданд: Ҳамин тариқ, шумораи шахсони бешаҳрвандӣ дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт.Қаблан раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки тақрибан 20 ҳазор нафар афроди бешаҳрвандӣ, ки то соли 2005 дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ба таври худкор шиносномаҳои кишварро хоҳанд гирифт. Қонун пас аз имзои президент ба иҷро медарояд. Соли гузашта қариб 50 ҳазор шахсони бешаҳрвандӣ шиносномаи Ӯзбекистонро гирифтанд. Шарти гирифтани ҳуҷҷат истиқомат дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 1995 буд.
https://sputnik.tj/20210507/rusiya-giriftani-shahrvandi-muhojiron-asos-1039307739.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/56/1024375636_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_312dd9d89c309ea4cab0abe241f38f8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, шиноснома, шаҳрвандӣ
ӯзбекистон, шиноснома, шаҳрвандӣ
Гирифтани шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон осон мешавад: кӣ метавонад шиноснома гирад
Гирифтани шиноснома барои шахсони бешаҳрвандии сокини ин кишвар дар Ӯзбакистон осонтар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сенати Ӯзбекистон бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузори кишвар гирифтани шаҳрвандӣ барои шахсони бешаҳрвандиро осон кард, хабар медиҳад маркази матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ, тағйирот дар қонунгузорӣ ба баъзе шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба таври содда соҳиби шиносномаҳо гарданд:
шахсоне, ки то 1 январи соли 2005 дар ҷои истиқомати доимӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд ва қаблан шаҳрвандии давлати хориҷӣ надоштанд;
онҳое, ки 15 сол боз дар Ӯзбекистон ба ҳайси шахси бешаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, шумораи шахсони бешаҳрвандӣ дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт.
Қаблан раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки тақрибан 20 ҳазор нафар афроди бешаҳрвандӣ, ки то соли 2005 дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ба таври худкор шиносномаҳои кишварро хоҳанд гирифт.
Қонун пас аз имзои президент ба иҷро медарояд.
Соли гузашта қариб 50 ҳазор шахсони бешаҳрвандӣ шиносномаи Ӯзбекистонро гирифтанд. Шарти гирифтани ҳуҷҷат истиқомат дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 1995 буд.