https://sputnik.tj/20210813/rohbaron-sobiqador-hatlon-darguzasht-koronavirus-1041639991.html
Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид
Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид
Sputnik Тоҷикистон
Бобоҷон Пираков, яке аз роҳбарони собиқадори вилояти Хатлон дар синни 76-солагӣ даргузашт
2021-08-13T19:20+0500
2021-08-13T19:20+0500
2021-08-13T19:20+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
сохтмон
даргузашт
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422422_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_cec0224da7871bbb74d27af4d1afc37c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Иллати даргузашти Бобоҷон Пираков, яке аз сохтмончиёни шинохтаи Хатлонзамин пайомадҳои маризии коронавирус арзёбӣ мешавад. Раҷаби Мирзо рӯзноманигори шинохтаи тоҷик хабар додааст, ки маросими видоъ бо Пираков нисфирӯзи 13 август дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Пираков дар гузашта дар мақоми ноиби раиси шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон кор карда, дар маҷмуъ беш аз 20 сол мақомҳои роҳбариро дар ҷануби ҷумҳурӣ мекардааст. Дар муаррифиномаи Бобоҷон Пираков омадааст, ки ӯ бештар дар умраш ба корҳои созандагию ободкорӣ машғул будааст. Таъкид шудааст, ки марҳум яке аз поягузорони иншооти обтаъминкунӣ ва сохтмон дар ҳудуди собиқ вилояти Кӯлоб ҳозира Хатлон мебошад. Пираков то баромаданаш ба нафақа дар мақомҳои гуногун - раиси колхози ба номи ноҳияи Синои Восеъ, мудири кулли "Кӯлобдеҳсохтмон", ноиби раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сохтмон, ҷонишини раиси вилояти Хатлон, мудири барномаи барқарорсозии хонаҳо ва дигар вазифаҳо фаъолият доштааст.
https://sputnik.tj/20210813/darguzasht-atobek-imomyorbekov-1041625637.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0d/1039422422_193:0:2860:2000_1920x0_80_0_0_9d6c39070e6440c8093a91ba1b2266bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбарон, бобоҷон пираков, хатлон, даргузашт
роҳбарон, бобоҷон пираков, хатлон, даргузашт
Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид
Бобоҷон Пираков, яке аз роҳбарони собиқадори вилояти Хатлон дар синни 76-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Иллати даргузашти Бобоҷон Пираков, яке аз сохтмончиёни шинохтаи Хатлонзамин пайомадҳои маризии коронавирус арзёбӣ мешавад.
Раҷаби Мирзо рӯзноманигори шинохтаи тоҷик хабар додааст, ки маросими видоъ бо Пираков нисфирӯзи 13 август дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Пираков дар гузашта дар мақоми ноиби раиси шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон кор карда, дар маҷмуъ беш аз 20 сол мақомҳои роҳбариро дар ҷануби ҷумҳурӣ мекардааст.
Дар муаррифиномаи Бобоҷон Пираков омадааст, ки ӯ бештар дар умраш ба корҳои созандагию ободкорӣ машғул будааст.
Таъкид шудааст, ки марҳум яке аз поягузорони иншооти обтаъминкунӣ ва сохтмон дар ҳудуди собиқ вилояти Кӯлоб ҳозира Хатлон мебошад.
Пираков то баромаданаш ба нафақа дар мақомҳои гуногун - раиси колхози ба номи ноҳияи Синои Восеъ, мудири кулли "Кӯлобдеҳсохтмон", ноиби раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сохтмон, ҷонишини раиси вилояти Хатлон, мудири барномаи барқарорсозии хонаҳо ва дигар вазифаҳо фаъолият доштааст.