https://sputnik.tj/20210813/darguzasht-atobek-imomyorbekov-1041625637.html
Даргузашти генерал Атобек Имомёрбеков аз коронавирус
Даргузашти генерал Атобек Имомёрбеков аз коронавирус
Sputnik Тоҷикистон
Генел майори милитсия Атобек Имомёрбеков аз олам чашм пӯшид
2021-08-13T12:40+0500
2021-08-13T12:40+0500
2021-08-13T13:11+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
генерал
даргузашт
милитсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041625391_0:0:720:406_1920x0_80_0_0_55b9a9615b09bb332fea2ff48dfba1fe.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон Атобек Имомёрбеков даргузашт.Дар ин бора Музаффари Имомдод, фаъоли ҷомеа дар саҳифааш дар Facebook хабар додааст.Бино ба гузориш, генел - майори милитсия Атобек Имомёрбеков рӯзи 12 август дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аз олам чашм пӯшидааст.Дар робита ба даргузашти Имомёрбеков ёру дӯстон ва ҳамкасбону ҳамкорон ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кардаанду ба онҳо сабри ҷамил хостаанд.Як манбаъи огоҳ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, сабаби марги генералро коронавирус гуфт. Ба қавли манбаъ Имомёрбеков як ҳафта боз бо аломатҳои ин беморӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки Имомёрбеков моҳе қабл рисолаи доктории номзади илмҳои таърих ҳимоя кард ва ҳамчунин бо фармони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” қадрдонӣ шуд.Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)” рисолаи докториро ҳимоя кард.Дар доираи таҳқиқоти илмӣ Имомёрбеков бори аввал фаъолияти милитсияи тоҷики ВМБК ҶТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ва ташаккулёбии минбаъда, фаъолияти он дар давраҳои мухталифи таърихи тоҷиконро баррасӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20210810/darguzasht-ahmadjon-rahmonzoda-1041526777.html
https://sputnik.tj/20210711/darguzashti-general-piri-husayn-1040797626.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041625391_5:0:645:480_1920x0_80_0_0_d76e93ec2c4bed72aa1634dbcb0695df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, генерал, атобек имомёрбеков
даргузашт, генерал, атобек имомёрбеков
Даргузашти генерал Атобек Имомёрбеков аз коронавирус
12:40 13.08.2021 (Навсозишуда: 13:11 13.08.2021) Генел - майори милитсия Атобек Имомёрбеков аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон Атобек Имомёрбеков даргузашт.
Дар ин бора Музаффари Имомдод, фаъоли ҷомеа дар саҳифааш дар
Facebook хабар додааст.
Бино ба гузориш, генел - майори милитсия Атобек Имомёрбеков рӯзи 12 август дар шаҳри Хоруғи ВМКБ аз олам чашм пӯшидааст.
Дар робита ба даргузашти Имомёрбеков ёру дӯстон ва ҳамкасбону ҳамкорон ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кардаанду ба онҳо сабри ҷамил хостаанд.
Як манбаъи огоҳ дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон, сабаби марги генералро коронавирус гуфт. Ба қавли манбаъ Имомёрбеков як ҳафта боз бо аломатҳои ин беморӣ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки Имомёрбеков моҳе қабл рисолаи доктории номзади илмҳои таърих ҳимоя кард ва ҳамчунин бо фармони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо медали ҷашнии “75-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” қадрдонӣ шуд.
Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)” рисолаи докториро ҳимоя кард.
Дар доираи таҳқиқоти илмӣ Имомёрбеков бори аввал фаъолияти милитсияи тоҷики ВМБК ҶТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ва ташаккулёбии минбаъда, фаъолияти он дар давраҳои мухталифи таърихи тоҷиконро баррасӣ кардааст.