https://sputnik.tj/20210813/kdam-habari-firor-amrulloh-kobul-tojikiston-1041637121.html
Шарҳи КДАМ дар бораи хабари фирори Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон
Шарҳи КДАМ дар бораи хабари фирори Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳои паҳншуда дар бораи фирори Амруллоҳи Солеҳ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистонро шарҳ дод
2021-08-13T17:35+0500
2021-08-13T17:35+0500
2021-08-13T17:55+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
ҷанг
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_54dff71efa2f8452263fd319f22b5c9e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Амруллоҳи Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон қарор надорад, хабар додаанд дар КДАМ Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости. Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гӯиё Амруллоҳи Солеҳ тариқи чархбол ба Тоҷикистон фирор кардааст. "Иттилоъ дар бораи он ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти Афғонистон ба Тоҷикистон фирор намудааст, бепоя буда, воқеӣ нест", - изҳор доштааст мусоҳиби РИА Новости аз КДАМ.Ин дар ҳолест, ки Солеҳ чанд соат қабл дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат "дикта" намоянд, қабул надорад. Дар Афғонистон муборизаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиён, ки солҳо давом дорад, тайи моҳҳои охир шиддат гирифтааст. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* фаъол шуда, қисми зиёди қаламрави кишварро зери назорати худ даровардаанд. Аз ҷумла бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210813/tafsilot-asir-aftodan-amiri-hirot-1041634100.html
https://sputnik.tj/20210813/amir-ismoilhon-bad-az-asirshudanash-tolibon-video-1041629689.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_264:0:1831:1175_1920x0_80_0_0_3d7b5e875f0cbcabc617e50d0f17aabb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кдам тоҷикистон, амруллоҳ солеҳ,
кдам тоҷикистон, амруллоҳ солеҳ,
Шарҳи КДАМ дар бораи хабари фирори Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон
17:35 13.08.2021 (Навсозишуда: 17:55 13.08.2021) Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳои паҳншуда дар бораи фирори Амруллоҳи Солеҳ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Амруллоҳи Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон қарор надорад, хабар додаанд дар КДАМ Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости.
Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гӯиё Амруллоҳи Солеҳ тариқи чархбол ба Тоҷикистон фирор кардааст.
"Иттилоъ дар бораи он ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти Афғонистон ба Тоҷикистон фирор намудааст, бепоя буда, воқеӣ нест", - изҳор доштааст мусоҳиби РИА Новости аз КДАМ.
Ин дар ҳолест, ки Солеҳ чанд соат қабл дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки то охир алайҳи Толибон* мубориза хоҳад бурд ва шарту шароитеро, ки ҷангиёни ин ҳаракат "дикта" намоянд, қабул надорад.
Дар Афғонистон муборизаи нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиён, ки солҳо давом дорад, тайи моҳҳои охир шиддат гирифтааст. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* фаъол шуда, қисми зиёди қаламрави кишварро зери назорати худ даровардаанд.
Аз ҷумла бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар