https://sputnik.tj/20210813/amir-ismoilhon-bad-az-asirshudanash-tolibon-video-1041629689.html
Нахустин суханони Амир Исмоилхон баъд аз асир афтоданаш ба дасти Толибон* - видео
Нахустин суханони Амир Исмоилхон баъд аз асир афтоданаш ба дасти Толибон* - видео
Sputnik Тоҷикистон
Амир Исмоилхон, фармондеҳи нирӯҳои хезиши мардумӣ аз ҷониби Толибон* асир гирифта шуд
2021-08-13T14:34+0500
2021-08-13T14:34+0500
2021-08-13T15:13+0500
видео
ҳирот
афғонистон
кобул
суқут
асир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041629023_138:0:1363:689_1920x0_80_0_0_18e137164dcb8b4c9924686d427eb946.jpg
Дар наворе, ки расонаҳои марбут ба Толибон* нашр кардаанд, дида мешавад, ки Амир Исмоилхон бо чанд тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* дар дохили мошин нишаста аст.Амири Ҳирот дар ин навор мегӯяд, ки бо мардуми Афғонистон бояд тарзе рафтор кард, ки онҳо тавонанд бо як эҳсоси хуб паҳлӯи ҳамдигар зиндагии мувофиқ дошта бошанд.Хабарнигор аз ӯ пурсон мешавад, ки ба онҳое, ки феълан дар баъзе аз вилоятҳо муқовимат мекунад чӣ паёме доред?Исмоихон мегӯяд: “Умедворем, ки бо ҳамаи бародарон дар Афғонистон як фазои сулҳро эҷод кунем, ки ин ҷанг хатм шавад ва дар Афғонистон амнияту субот биёяд”Ёдрас мешавем, ки Амир Исмоилхон, фармондеҳи ошӯбҳои ҷиҳодӣ ва мардумӣ дар вилояти Ҳирот, чанд қабл аз ҷониби Толибон* асир гирифта шудааст.Муҳаммад Исмоил Хон дар Шинданди Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯ Сиёсатмадор, раҳбари ҷиҳодӣ, волии Ҳирот ва вазири собиқи энергетика ва оби Афғонистон дар ду давраи ҳукумати Ҳомид Карзай буд.Амир Исмоил Хон, фармондеҳони саршиноси муҷоҳидини афғон аст, ки замоне низ се сол дар асорати Толибон* буд ва тавонист аз дасти онҳо фирор кунад.Манбаъҳо илова карданд, ки муовини сардори амният, губернатор, фармондеҳи артиш ва сардори полис низ ба Толибон* пайвастаанд.Амир Исмоилхон ҳангоми ҷанг дар тӯли чанд ҳафта дар шаҳри Ҳирот бо дифоъ аз ҳаёт ва моли мардум асир афтод.Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, низ дирӯз ба дасти Толибон* афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* афтода буд.Толибон* ба 150 километрии Кобул наздик мешаванд.Суқути Ҳирот барои ҳукумати марказии Афғонистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Ин шаҳр чанд ҳафта пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ба дасти ҷангиёни Толибон* афтод.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210813/amir-hirot-asir-aftod-ismolhon-band-tolibon-1041628065.html
https://sputnik.tj/20210813/tolibon-daleli-tasarufi-sarei-shahrhoi-afghoniston-tavzeh-1041627725.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0d/1041629023_414:0:1333:689_1920x0_80_0_0_b86e130db1ad91a2c259df6a5c059728.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, амир исмоилхон, асир, толибон, ҳирот, суқут
афғонистон, амир исмоилхон, асир, толибон, ҳирот, суқут
Нахустин суханони Амир Исмоилхон баъд аз асир афтоданаш ба дасти Толибон* - видео
14:34 13.08.2021 (Навсозишуда: 15:13 13.08.2021) Амир Исмоилхон, фармондеҳи нирӯҳои хезиши мардумӣ аз ҷониби Толибон* асир гирифта шуд
Дар наворе, ки расонаҳои марбут ба Толибон* нашр кардаанд, дида мешавад, ки Амир Исмоилхон бо чанд тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* дар дохили мошин нишаста аст.
Амири Ҳирот дар ин навор мегӯяд, ки бо мардуми Афғонистон бояд тарзе рафтор кард, ки онҳо тавонанд бо як эҳсоси хуб паҳлӯи ҳамдигар зиндагии мувофиқ дошта бошанд.
Хабарнигор аз ӯ пурсон мешавад, ки ба онҳое, ки феълан дар баъзе аз вилоятҳо муқовимат мекунад чӣ паёме доред?
Исмоихон мегӯяд: “Умедворем, ки бо ҳамаи бародарон дар Афғонистон як фазои сулҳро эҷод кунем, ки ин ҷанг хатм шавад ва дар Афғонистон амнияту субот биёяд”
Ёдрас мешавем, ки Амир Исмоилхон, фармондеҳи ошӯбҳои ҷиҳодӣ ва мардумӣ дар вилояти Ҳирот, чанд қабл аз ҷониби Толибон* асир гирифта шудааст.
Муҳаммад Исмоил Хон дар Шинданди Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯ Сиёсатмадор, раҳбари ҷиҳодӣ, волии Ҳирот ва вазири собиқи энергетика ва оби Афғонистон дар ду давраи ҳукумати Ҳомид Карзай буд.
Амир Исмоил Хон, фармондеҳони саршиноси муҷоҳидини афғон аст, ки замоне низ се сол дар асорати Толибон* буд ва тавонист аз дасти онҳо фирор кунад.
Манбаъҳо илова карданд, ки муовини сардори амният, губернатор, фармондеҳи артиш ва сардори полис низ ба Толибон* пайвастаанд.
Амир Исмоилхон ҳангоми ҷанг дар тӯли чанд ҳафта дар шаҳри Ҳирот бо дифоъ аз ҳаёт ва моли мардум асир афтод.
Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, низ дирӯз ба дасти Толибон* афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* афтода буд.
Толибон* ба 150 километрии Кобул наздик мешаванд.
Суқути Ҳирот барои ҳукумати марказии Афғонистон аз ҷиҳати стратегӣ муҳим аст. Ин шаҳр чанд ҳафта пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон ба дасти ҷангиёни Толибон* афтод.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.