https://sputnik.tj/20210813/tafsilot-asir-aftodan-amiri-hirot-1041634100.html
Амири Ҳирот чӣ тавр ба дасти Толибон* афтод? - тафсилот
Амири Ҳирот чӣ тавр ба дасти Толибон* афтод? - тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Амир Исмоилхонро Толибон* на дар саҳнаи ҷанг, балки тавассути хиёнат асир гирифтаанд
2021-08-13T15:53+0500
2021-08-13T15:53+0500
2021-08-13T16:45+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
хиёнат
фурӯхтан
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_0:5:960:545_1920x0_80_0_0_37e0255ae941394ea699e898d6f09265.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Як генерали баландмақоми артиши Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, боздошти Амир Муҳаммад Исмоилхонро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.Ба гуфтаи ин низомии аршади артиш, нахуст волии вилояти Ҳирот, қумондони амнияти вилоят, қумондони кулли урдуи вилоят ба ҷониби Толибон* мегузаранд*Ӯ гуфт, замоне, ки барои наҷоти Ҳирот Исмоилхон мубориза мебурд, ҳатто ниҳодҳои аршади амниятии вилоят низ кумак накарданд ва аз Кобул низ касе нарафт."Ин як тарҳ будааст. Ин тарҳ шояд сари Дӯстум ва сари дигар нафар роҳандозӣ шавад. Ин нақша аст, ки қумондонҳоро тоза кунанд ва худашон сари мардум ҳукумат кунанд", - таъкид кард манбаъ.Амир Муҳаммад Исмоилхон, волиии собиқи минтақаи Ҳироти Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои намоёни ин кишвар субҳи 13 август ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* асир афтод.Ҳамзамон, бархе аз манобеъ хабар медиҳад, ки волии Ҳирот, фармондеҳи кулли урду, муини аршади вазорати корҳои дохила ба асорат науфтоданд, балки бо гурӯҳи Толибон* ҳамроҳ шуданд.Аммо мақомоти расмии Афғонистон то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст ва аз асорати Амир Исмоилхон чизе нагуфтааст.Муҳаммад Исмоил Хон дар Шинданди Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯ сиёсатмадор, раҳбари ҷиҳодӣ, волии Ҳирот ва вазири собиқи энергетика ва оби Афғонистон дар ду давраи ҳукумати Ҳомид Карзай буд.Бояд гуфт, ки қаблан дар солҳои 1997 Толибон* Исмоилхонро дар давоми се сол дар асорат нигоҳ доштанд.Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, дирӯз ба дасти Толибон* афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* афтода буд.Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210813/amir-ismoilhon-bad-az-asirshudanash-tolibon-video-1041629689.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_59:0:912:640_1920x0_80_0_0_5e94a579cd1b8e61782789b3b8239c96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амир, ҳирот, асир,толибон*, афтод, тафсилот
амир, ҳирот, асир,толибон*, афтод, тафсилот
Амири Ҳирот чӣ тавр ба дасти Толибон* афтод? - тафсилот
15:53 13.08.2021 (Навсозишуда: 16:45 13.08.2021) Амир Исмоилхонро Толибон* на дар саҳнаи ҷанг, балки тавассути хиёнат асир гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Як генерали баландмақоми артиши Афғонистон, ки нахост номаш ифшо шавад, боздошти Амир Муҳаммад Исмоилхонро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
Ба гуфтаи ин низомии аршади артиш, нахуст волии вилояти Ҳирот, қумондони амнияти вилоят, қумондони кулли урдуи вилоят ба ҷониби Толибон* мегузаранд*
"Ин афрод Исмоилхонро ба як ҷаласа даъват мекунанд ва баъдан Толибонро* низ даъват мекунанд, ки мо таслим ҳастем. Исмоилхон, ки бидуни силоҳу лавозимот ба ин ҷаласа омада буд, дигар коре карда наметавонад ва асир меафтад", - гуфт манбаъ.
Ӯ гуфт, замоне, ки барои наҷоти Ҳирот Исмоилхон мубориза мебурд, ҳатто ниҳодҳои аршади амниятии вилоят низ кумак накарданд ва аз Кобул низ касе нарафт.
"Ин як тарҳ будааст. Ин тарҳ шояд сари Дӯстум ва сари дигар нафар роҳандозӣ шавад. Ин нақша аст, ки қумондонҳоро тоза кунанд ва худашон сари мардум ҳукумат кунанд", - таъкид кард манбаъ.
Амир Муҳаммад Исмоилхон, волиии собиқи минтақаи Ҳироти Афғонистон ва яке аз чеҳраҳои намоёни ин кишвар субҳи 13 август ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* асир афтод.
Ҳамзамон, бархе аз манобеъ хабар медиҳад, ки волии Ҳирот, фармондеҳи кулли урду, муини аршади вазорати корҳои дохила ба асорат науфтоданд, балки бо гурӯҳи Толибон* ҳамроҳ шуданд.
Аммо мақомоти расмии Афғонистон то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст ва аз асорати Амир Исмоилхон чизе нагуфтааст.
Муҳаммад Исмоил Хон дар Шинданди Ҳирот таваллуд шудааст. Ӯ сиёсатмадор, раҳбари ҷиҳодӣ, волии Ҳирот ва вазири собиқи энергетика ва оби Афғонистон дар ду давраи ҳукумати Ҳомид Карзай буд.
Бояд гуфт, ки қаблан дар солҳои 1997 Толибон* Исмоилхонро дар давоми се сол дар асорат нигоҳ доштанд.
Ҳирот, саввумин шаҳри бузурги Афғонистон, дирӯз ба дасти Толибон* афтод. Қаблан Ғазнӣ низ ба дасти Толибон* афтода буд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.