https://sputnik.tj/20210813/fojia-roh-ishkoshim-moshin-ba-daryo-chappa-shud-1041622484.html
Фоҷиа дар роҳ ба Ишкошим: мошин бо шаш нафар мусофир ба дарё чаппа шуд
Фоҷиа дар роҳ ба Ишкошим: мошин бо шаш нафар мусофир ба дарё чаппа шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз як мошини “Лексус” бо 6 сокини ноҳияи Ишкошим ва як тобут ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
2021-08-13T10:10+0500
2021-08-13T10:10+0500
2021-08-13T11:47+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мошин
садама
дарё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/18/1029271802_0:148:2731:1684_1920x0_80_0_0_804bec767352aa00c2d793814dda56d8.jpg
ДУШАНБЕ, 13авг – Sputnik. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон ҷасади ду мусофири ин мошини чаппашуда дар ҳозир пайдо шуд ва ҳоло ҷӯстуҷӯи 4 нафари дигар идома дорад.Манбъа иттилоъ додааст, ки садамаи мазкур дар 390 километрии роҳи автомобилгарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ рух додааст.Қайд карда шудааст, ки ронандаи мошини Lexus-470-и, ки сокини 40-солаи ноҳияи Ишкошим будааст, аз идораи нақлиёташ набаромад ва мошинаш ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.КҲФ таъкид доштааст, ки мошини чаппашуда ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия интиқол медод.Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир тобути зани фавтида ҳамроҳ бо ду нафар мусофирро дарёфт карданд.“Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома доранд”,-қайд кардааст КҲФ.Таъкид шудааст, ки баъд аз сар задани ин фоҷиаи мудҳиш тамоми кормандони масъул ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ин рӯйдод таҳти назорати мақомоти ВМКБ, ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.
https://sputnik.tj/20210517/sadama-dushanbe-kulob-qurboni-1039498520.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/18/1029271802_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_df0df1588e334b1ed2b1be9f74253d78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, дарё, мошин, чаппа, фоҷиа, ишкошим, вмкб
тоҷикистон, садама, дарё, мошин, чаппа, фоҷиа, ишкошим, вмкб
Фоҷиа дар роҳ ба Ишкошим: мошин бо шаш нафар мусофир ба дарё чаппа шуд
10:10 13.08.2021 (Навсозишуда: 11:47 13.08.2021) Ахиран дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз як мошини “Лексус” бо шаш сокини ноҳияи Ишкошим ва як тобут ба дарёи Панҷ чаппа шуд.
ДУШАНБЕ, 13авг – Sputnik. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон ҷасади ду мусофири ин мошини чаппашуда дар ҳозир пайдо шуд ва ҳоло ҷӯстуҷӯи 4 нафари дигар идома дорад.
Манбъа иттилоъ додааст, ки садамаи мазкур дар 390 километрии роҳи автомобилгарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ рух додааст.
Қайд карда шудааст, ки ронандаи мошини Lexus-470-и, ки сокини 40-солаи ноҳияи Ишкошим будааст, аз идораи нақлиёташ набаромад ва мошинаш ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
КҲФ таъкид доштааст, ки мошини чаппашуда ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия интиқол медод.
“Дар мошини тамғаи "Лексус -470", ки ба сокини ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошту ба дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам буд. Ҳодиса ҳангоми овардани ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст”, - таъкид доштааст мақомоти ВМКБ.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир тобути зани фавтида ҳамроҳ бо ду нафар мусофирро дарёфт карданд.
“Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома доранд”,-қайд кардааст КҲФ.
Таъкид шудааст, ки баъд аз сар задани ин фоҷиаи мудҳиш тамоми кормандони масъул ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ин рӯйдод таҳти назорати мақомоти ВМКБ, ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.