Садама дар дили шаб дар Данғара ду қурбониву се захмӣ барҷой гузошт

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Садамаи маргбор дар пайи ноуҳдабароии ронандаи ҷавон сар задааст
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор хабар медиҳад, ки рӯзи 15-уми май тахминан соати 02:30-дақиқа, дар километри 83-уми шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара сар задааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Нозимов Сайдои 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Кӯлоб ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа мекунад.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Се садамаи маргбори рӯзи ид: ҳалокати ду ноболиғу як миёнасол
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Шарипов Ҳасан Тоировичи 31-сола ва Гадоева Марҷона Баҳриддиновнаи 29 - сола, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашина Нозимов Сайдо ва мусофирони дигараш Каримова Дилфуза ва Юнусов Муҳаммадҷон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0