Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Файзов аз мушкилот гуфту Синаноғлу аз барномаи вижа: омодагӣ барои қабули гурезаҳои афғон

© Facebook/МИМХД-и ВМКБМулоқоти Ёдгор Файзов бо ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон
Мулоқоти Ёдгор Файзов бо ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2021
Обуна шудан
СММ ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои қабули паноҳандагони афғон барномаи махсус омода мекунад
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу масъалаи қабули гурезаҳои афғонро дар суҳбат бо раиси ВМКБ Ёдгор Файзов пеш гузошта, аз таҳияи барномаи вижа гуфт.
Ӯ қайд кард, ки СММ дар сатҳи ҷумҳурӣ бо Вазорату кумитаҳои дахлдор мехоҳад як барномаи вижаи омодабошии Тоҷикистонро баҳри қабули гурезаҳои эҳтимолӣ таҳия намояд.
Дар ин росто, Ёдгор Файзов аз таҷрибаи қабули гурезаҳо, дар моҳи июли соли ҷорӣ ва мушкилоту маҳдудиятҳои вилоят, корҳои омодагӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои якчоя гуфтааст.
Беженцы из провинции Газни в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад
Намояндаи СММ бошад, иброз доштааст, ки масъулияти асосии қабули гурезаҳо ва фароҳам овардани шароит барои онҳо ҳадафи давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, СММ низ ҳамчун кумакрасон дар канор намемонад.
"Аз ҳамин лиҳоз тақозо шуд, ки мақомоти дахлдор бояд нақшаи-чорабинии пешакӣ оиди қабули гурезаҳои эҳтимолиро тартиб дода, баҳри расонидани кумакҳои саривақтӣ ба шарикони рушд пешниҳод намояд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки ягон кас намедонад, кай дар кадом маврид ва ба кадом теъдод паноҳандагон ба хоки Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд.
"Эҳтимолияти воридшавии паноҳандагон вуҷуд дорад", - гуфтаанд, намояндагони СММ дар Тоҷикистон.
Таджикистан принял беженцев из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин, таъмини бехатарии кормандони СММ дар қаламрави вилоят низ баррасӣ шудааст.
Файзов дар ин робита қайд кардааст, ки сохторҳои дахлдори қудратӣ ва кулли бошандагони вилоят омодаи таъмини ҳифзи сулҳу субот ва бехатарии ҳар як шаҳрванд хоҳанд буд.
Дар маҷмуъ масъулини СММ ВМКБ-ро барои ҳамкории минтақавӣ муҳим арзёби намуда, барои расидан ба ин ҳадаф ҳамдигарфаҳмӣ ва омодагии хешро иброз намудаанд.
Пештар муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, Эмомалӣ Иброҳимзода гуфта буд, ки Тоҷикистон омода аст, то 100 ҳазор гурезаи афғонро қабул кунад.
Ба гуфти ӯ, паноҳандагон метавонанд дар тамрингоҳҳои вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ, ҷой дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0