https://sputnik.tj/20210723/tojikiston-gureza-afghoniston-qabul-1041119251.html
Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад
Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои паноҳ додани 100 ҳазор гурезаи афғон имкон дорад 23.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-23T13:10+0500
2021-07-23T13:10+0500
2021-07-23T13:52+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
гурезагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102820/00/1028200042_0:225:2843:1824_1920x0_80_0_0_f7bb2a8c31a39c244893fa51e102efa2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гурезаҳо аз Афғонистонро қабул кунад. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, Эмомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт. Ба гуфти вай, паноҳандагон метавонанд дар тамрингоҳҳои вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ, ҷой дода шаванд. Дар ҳолати зарурӣ, Тоҷикистон ба афроди бештар кумак хоҳад кард. Иброҳимзода афзуд, ки дар ояндаи наздик дар Кушониён ва Хоруғ ду анбор сохта мешаванд, ки дар онҳо хаймаҳо, рахти хоб, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизо барои гурезагон нигаҳдорӣ мешавад.Иброҳимзода ёдовар шуд, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон беш аз ҳазор шаҳрванди Афғонистонро, ки аз дасти "Толибон"* фирор карданд, қабул кард. Ба паноҳандагон манзили муваққатӣ, ёрии тиббӣ, се маротиба ғизои гарм, рахти хоб ва лавозимот барои ошхона дода шуд. Муовини раиси КҲФ гуфт, ки афғонҳо бо ёздаҳ парвози чартерӣ ба Кобул ва Мазори Шариф баргардонида шуданд. Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон муқовимати сарбозони ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати радикалии "Толибон"* ҳамоно дар авҷ аст.Қаблан ҷангиён шартҳои оташбасро ба миён гузошта буданд. Ба гуфти намояндаи ин ҷунбиш Суҳайл Шоҳин, "Толибон"* танҳо бо истеъфои Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва ташкили ҳукумати нав тавассути музокирот силоҳро поён хоҳанд кард.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210707/fayzov-smm-bunyod-oqohon-afghoniston-1040705388.html
https://sputnik.tj/20210723/ima-piruzii-tolibon-afghoniston-arzyobi-1041113646.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102820/00/1028200042_55:0:2786:2048_1920x0_80_0_0_d263182afe71f7fc2f7f21495ffae96f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, гурезагон
дар тоҷикистон, афғонистон, гурезагон
Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гуреза аз Афғонистонро қабул кунад
13:10 23.07.2021 (Навсозишуда: 13:52 23.07.2021) Тоҷикистон барои паноҳ додани 100 ҳазор гурезаи афғон имкон дорад
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Тоҷикистон омода аст 100 ҳазор гурезаҳо аз Афғонистонро қабул кунад.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, Эмомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ба гуфти вай, паноҳандагон метавонанд дар тамрингоҳҳои вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ, ҷой дода шаванд.
Дар ҳолати зарурӣ, Тоҷикистон ба афроди бештар кумак хоҳад кард.
"Мо дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ имкони қабули гурезаҳои афғонро меомӯзем", - гуфт муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Иброҳимзода афзуд, ки дар ояндаи наздик дар Кушониён ва Хоруғ ду анбор сохта мешаванд, ки дар онҳо хаймаҳо, рахти хоб, маҳсулоти беҳдоштӣ ва ғизо барои гурезагон нигаҳдорӣ мешавад.
Иброҳимзода ёдовар шуд, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон беш аз ҳазор шаҳрванди Афғонистонро, ки аз дасти "Толибон"* фирор карданд, қабул кард.
Ба паноҳандагон манзили муваққатӣ, ёрии тиббӣ, се маротиба ғизои гарм, рахти хоб ва лавозимот барои ошхона дода шуд.
Муовини раиси КҲФ гуфт, ки афғонҳо бо ёздаҳ парвози чартерӣ ба Кобул ва Мазори Шариф баргардонида шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон муқовимати сарбозони ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати радикалии "Толибон"* ҳамоно дар авҷ аст.
Қаблан ҷангиён шартҳои оташбасро ба миён гузошта буданд. Ба гуфти намояндаи ин ҷунбиш Суҳайл Шоҳин, "Толибон"* танҳо бо истеъфои Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва ташкили ҳукумати нав тавассути музокирот силоҳро поён хоҳанд кард.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия