https://sputnik.tj/20210810/razmoish-strategi-rusiya-chin-payom-tolibon-ima-1041580964.html
Размоиши стратегиии Русия ва Чин - паём ба Толибон* ва ИМА
Размоиши стратегиии Русия ва Чин - паём ба Толибон* ва ИМА
Sputnik Тоҷикистон
Аҳамияти машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва Чинро гузоришҳо дар бораи амалиёти низомӣ аз Афғонистон тасдиқ мекунанд
2021-08-10T20:00+0500
2021-08-10T20:00+0500
2021-08-10T20:00+0500
дар ҷаҳон
таҳлил
амният ва мудофиа
чин
машқҳои низомӣ
тамрин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102656/42/1026564285_0:160:3075:1889_1920x0_80_0_0_bc057805dee54d0f39f60db2b71dfca1.jpg
Толибон* аз стратегияи назорати марзҳо ва масирҳои нақлиётии кишвар (яъне ҳукмронии "аз рӯи минтақа") ба забти марказҳои маъмурӣ гузаштанд. Машқҳои амалиётӣ-стратегии Русия ва Чин "Ғарб/Ҳамкорӣ-2021" дар шимолу ғарби Чин бо омӯзиши Нерӯҳои Ҳавоии Русия дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон дар Осиёи Марказӣ рост омадаанд. Чунин менамояд, ки ин идомаи ташаккули иттифоқи ҳарбӣ – сиёсии Русияву Чин мебошад.Амалияи бисёрсолаи машқҳои муштараки низомии Русия ва Чин ба марҳилаи стратегӣ ворид шудааст. Дар машқҳои амалиётӣ-стратегии ду кишвар рӯзҳои 9-13 август дар размоишгоҳи Синтунс ва вилояти Нинся – Хуэйи Чин тақрибан 13 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва қариб 500 адад техникаи ҳарбӣ мегарданд. Русияро гуруҳи ҳавоии фаврӣ -тактикӣ, нерӯҳои хушкигарди минтақаи моварони Байкал ва дастгоҳи фармондеҳӣ намояндагӣ мекунанд. Дар машқҳо аз ҷониби Чин нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ ҷалб карда мешаванд.Дар оғози машқҳои "Ғарб / Ҳамкорӣ - 2021", хизматчиёни ҳарбии Русия бо роҳнамоии мураббиёни чинӣ аз силоҳҳои танкҳои чархдор ва мошинҳои зиреҳпӯши Артиши мардумии озодихоҳи Чин тир холӣ намуданд. Дар машқгоҳи Синтунс, қисмҳои ҳарблии Русия таҳти фармондеҳии генерал -лейтенант Михаил Носолев аксари ҳадафҳоеро, ки ба тӯпҳо ва ашёҳои зиреҳпуши душмани шартӣ монанд буданд, нест карданд.Воҳидҳои Русия низ дар фуруди муштарак аз чархбол ширкат варзиданд. Ҳангоми омӯзиш хизматчиёни ҳарбӣ бо аслиҳаи муқаррарӣ ба минтақаи ноошно фуруд омаданд. Низомиён масофаи бисёркилометриро тай намуда, вазифаҳои гузошташударо иҷро карданд. Дар зимн аз дастгоҳҳои замонавии мушоҳида ва иктишофӣ, пулемётҳои сабук, милтиқи снайпер ва милтиқи АК-12 истифода шуд.Як эскадрилаи ҳавоӣ, ки аз қиркунандаҳои размандаи бисёрҳадафаи ду кишвар иборат буд, аз фурудгоҳи Инчуан парвоз карда, ба ҳадафҳои заминӣ зарба зада, саривақт аз зери зарбаи дастгоҳҳои дифои ҳавоии душмани шартӣ берун рафт. Ҳамзамон, ҳайати халабонҳои ҳавопаймоҳоии русии Су-30СМ ва халабонҳои чинии ҷангиёни Дзян-11 ва Дзян-7 дар тамоми доираи миссияҳо бомуваффақият амал карданд.Мувофиқати манфиатҳо ва ҳадафҳоБарномаи машқҳои "Ғарб / Ҳамкорӣ - 2021" расман алайҳи ягон кишвари сеюм нигаронида нашудааст. Аммо, интихоби тамрингоҳ, гуруҳ ва нерӯҳо, стратегияи ҳамкорӣ дар "санъати ҷанг" -и Чин тасодуфӣ нестанд.Имкониятҳои гурӯҳбандии муштараки нерӯҳои Русия ва Чин дар тамрингоҳи Синтунс имкон медиҳад, ки назариявӣ нерӯҳо ҳам дар самти ғарб ва ҳам шарқ равона шаванд. Фурудгоҳи Инчун, ки мақари ҳавопаймоҳи Русия ва Чин мебошад, дар як масофа аз Кобул ва Токио ҷойгир аст ва тақрибан 3000 километрро ташкил медиҳанд. Ин масофаи амалии парвози Су -30СМ бидуни таъмини иловагии сӯзишворӣ мебошад.Дар айни замон, интрига ҳоло ҳам боқӣ мемонад: моҳвораҳои мадорӣ ҳама техникаи тактикиро "намебинанд" ва ҳавопаймои иктишофии душмани эҳтимолӣ наметавонад вазифаи худро дар минтақаи дурдасти шимолу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин иҷро кунад.Русия барои размоишҳо дар Чин чанд ҳавопаймои зарбазани насли 4++ равона кард, ки ин нишондоди ба ҳамаоии низомӣ дар ҳамаи намудҳои силоҳҳои ду кишвар мебошад.Машқҳои муштараки баҳрӣ ва заминӣ чандин бор гузаронда шудаанд. Гуруҳҳои муштараки ҳавопаймоҳои пештар танҳо дар болои баҳр парвоз мекарданд. Истифодаи якҷояи ҳавопаймоҳои зарбазани бисёрҷониба дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои заминӣ як қадами нав размоишҳои Русия ва Чин, вокуниши муносиб ба иғвоҳои низомии ИМА ва НАТО дар минтақаҳои Баҳри Сиёҳ ва Шарқи Чин аст. Ҳавопаймоҳи бисёрҳадафи Су-30СМ тавре муҷаҳҳаз аст, ки ҳавопаймоҳои душмани шартиро дар масофаи 140 км ошкор мекунад, дар як вақт беш аз 15 ҳадафи ҳавоӣ пайгирӣ намуда, ҳадафҳои афзалиятнок интихоб гарданду ба 4 -тои онҳо дар масофаи то 100 километр тир холӣ гардад.Ин ҳавопаймо барои ба даст овардани бартарии ҳавоӣ буда, нест кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ, аэродромҳои душман дар умқи хеле калон-бо мушакҳои дақиқ дар масофаи то 285 км аз имкониятҳои он мебошанд. Ҳавопаймои қиркунандаи чинӣ Дзян-11 (J-11D) муодили муодили Су-35С-и Русия арзёбӣ мешавад, ки дар заминаи Су – 27 сохта шудааст. Метавонад лавозимоти ҷангии тақрибан 15 тоннаро ба осмон бардорад ва аз рӯи доираи ҷангии J-11D аз Су-30СМ камӣ надорад.Дар баробари таҳдидҳои умумӣ дар сатҳи минтақавӣ (ҷанги Афғонистон) ва дар миқёси ҷаҳонӣ (эълони Федератсияи Русия ва Чин ҳамчун рақиби асосии низомии ИМА ва НАТО то соли 2030), ҳамгироии технологӣ ва стратегии қувваҳои мусаллаҳ ва алалхусус, авиатсияи зарбазани Русия ва Чин имконпазир ва зарурист. Далели роҳандозии ин механизми мураккаб дар размоишҳо дар майдони Синтунс мебошад.Машқҳои ҳамоҳангшуда дар размоишгоҳои Ҳарб-Майдон, дар 20 километрии сарҳади Афғонистон, ки дар он беш аз 10 ҳавопаймо ва чархболҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ (РФ) амалиёти муштараки нирӯҳои заминии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро пуштибонӣ мекунанд, дар соя нахоҳанд монд. Халабонҳои ҳавопаймоҳо душмани шартиро бо зарбаҳои мушакӣ ва бомбаандозӣ хароб мекунанд, гурӯҳи муштараки низомӣ барои рафъи таҳдидҳо аз ҷануб омодагӣ мебинад, стратегия ва тактикаи "Ғарб / Ҳамкорӣ - 2021" дар ин ҷо бо аксенти худ дар Осиёи Марказӣ такрор мешаванд.Ҳамин гуна машқҳои Русияву Ӯзбекистон зери унвони “Ҷануб-2021” дар тамрингоҳи Тирмиз ба охир расиданд, ки дар он ҷо бомбаандозҳои дурпарвози ТУ-22М3-и Русия душманро дар сарҳади Афғонистон шартан нобуд карданд.Мавқеи Толибон* ва ИМААҳамияти машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва Чинро гузоришҳо дар бораи амалиёти низомӣ аз Афғонистон тасдиқ мекунанд. Толибон* аз стратегияи назорати марзҳо ва масирҳои нақлиётии кишвар (яъне ҳукмронии "аз рӯи минтақа") ба забти марказҳои маъмурӣ гузаштанд.Дар рӯзҳои истироҳат онҳо марказҳои музофотҳои шимолии Қундуз, Сари-Пул, Ҷузҷон ва Нимрозро (ҳамсарҳад бо Эрон) забт карданд. Ин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди аққал ҳазорҳо ҷараёни гурезаҳои афғонро таҳдид мекунад, ки бо зӯроварӣ гирифтани қудрат аз ҷониби террористон розӣ нестанд.Гирифтани шаҳрҳо аз рӯи як сенария сурат мегирад: Толибон* аз самтҳои калидӣ дар мошинҳои зиреҳпӯши "бадастоварда" –и Ҳамвеи Амрико ба шаҳр наздик мешаванд, таъмини нерӯҳои ҳукуматиро масдуд мекунанд, масирҳои фирорро мебанданд ва сипас аз 3-4 самт ба шаҳр медароянду ба "тоза кардани" марказҳои муқовимат шурӯъ мекунанд.Ин дар ҳолест, ки артиши Афғонистон барои наҷоти воҳидҳои муҳосирагардида намеояд ё фурсат намеёбад.Толибон* на танҳо ба марказҳои вилоятҳо ҳамла карда, рақибон ва мухолифони худро тирборон мекунанд, онҳо ваъда медиҳанд, ки сиёсатмадорони асосии афғонро пас аз забти Кобул эъдом хоҳанд кард. Фаъолияти Толибон* дар вилояти Бадахшон дар марз бо Тоҷикистон ва Чин Пекинро водор мекунад, ки дар самти Афғонистон сиёсати фаъолтар ва сахттарро пеш гирад. Пентагон чун пештара бо бомбаандозҳои стратегии В-52 мавқеи Толибонро* ҳадаф қарор додааст.Хафагии Толибонро* танҳо тасаввур кардан мумкин аст, ки моҳи феврали соли 2020 дар Доҳа бо Иёлоти Муттаҳида шартномаи сулҳ имзо карданд.Бо вуҷуди ин, Вашингтон дорои афзалиятҳои геополитикии худ ва ормонҳои низомӣ-сиёсӣ мебошад. Сардори Ситоди нерӯҳои ҳавоии ИМА, генерал Чарлз Браун 6 август оқибатҳои "фалокатовар" -ро пешгӯӣ кард, агар Нерӯҳои Ҳавоӣ ба қадри кофӣ тағйир наёбанд, то аз Чин ақиб намонанд. Раҳбари низомӣ таъкид кард, ки Нерӯҳои ҳавоии ИМА бояд "таносуби дурусти" қобилиятҳоро барои шикаст додани Чин дошта бошанд. Зоҳиран сулҳ дар сайёра дар нақшаҳои Амрико умуман пешбинӣ нашудааст. Афғонистон танҳо як эпизоди ҷанги ҷаҳонӣ бо "офати ҷаҳонӣ" ва "кишварҳои радшуда" аст.Мувофиқи маълумоти Пентагон, Чин то соли 2035 метавонад бартарии ҳавоии Амрикоро бартараф кунад, дар ҳоле ки навсозии Нерӯҳои ҳавоии ИМА асосан ба таъхир афтодааст. Дар тӯли 27 соли охир танҳо чаҳор ҳавопаймои қиркунандаи нав таҳия шудааст. Маврид ба зикр аст, ки овозаҳо дар бораи бартарии ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ хеле муболиғаомезанд ва Чин хеле зуд 100 нақб барои мушакҳои байниқитъавии ҳастаӣ сохтааст. Дар муноқишаи термоядроӣ ҳар гуна бартарии ҳавоӣ маънӣ надорад.Дар заминаи омодагии Амрико ба набардҳои оянда, мавқеъҳо ва артишҳои Русия ва Чин табиатан ба ҳам наздик мешаванд, машқҳои муштарак қобилияти мудофиавии ду кишварро таҳким мебахшанд. Созишномаи ҳамкориҳои низомии Маскав ва Пекин, ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ, воқеияти объективии мавҷударо тағйир намедиҳад. Изҳороти муштараки Федератсияи Русия ва Чин аз 5 июни соли 2019 оид ба таҳкими суботи стратегии ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкории стратегӣ роҳи ҳарбӣ-сиёсии ду давлатро дар тӯли даҳсолаҳо муайян мекунанд.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигарСаҳифаи шореҳи низомӣ, Александр Хроленко дар Telegram.
https://sputnik.tj/20210810/halta-otashin-hamlagar-tojikiston-nobud-1041531030.html
https://sputnik.tj/20210808/ima-shahrvandonash-afghonistonro-tark-1041494286.html
https://sputnik.tj/20210808/rusiya-tojikiston-tamrinho-meguzaronad-1041497340.html
https://sputnik.tj/20210810/afghoniston-tolibon-doha-guftushunid-1041575183.html
https://sputnik.tj/20210809/korshinoson-afghonistonro-oyanda-chi-intizor-1041517993.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102656/42/1026564285_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_ecc6ba6e44e72b8bbbc1ba38e0f87751.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
толибон, афғонистон, чин, осиёи марказӣ
толибон, афғонистон, чин, осиёи марказӣ
Размоиши стратегиии Русия ва Чин - паём ба Толибон* ва ИМА
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Аҳамияти машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва Чинро гузоришҳо дар бораи амалиёти низомӣ аз Афғонистон тасдиқ мекунанд
Толибон* аз стратегияи назорати марзҳо ва масирҳои нақлиётии кишвар (яъне ҳукмронии "аз рӯи минтақа") ба забти марказҳои маъмурӣ гузаштанд. Машқҳои амалиётӣ-стратегии Русия ва Чин "Ғарб/Ҳамкорӣ-2021" дар шимолу ғарби Чин бо омӯзиши Нерӯҳои Ҳавоии Русия дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон дар Осиёи Марказӣ рост омадаанд. Чунин менамояд, ки ин идомаи ташаккули иттифоқи ҳарбӣ – сиёсии Русияву Чин мебошад.
Амалияи бисёрсолаи машқҳои муштараки низомии Русия ва Чин ба марҳилаи стратегӣ ворид шудааст. Дар машқҳои амалиётӣ-стратегии ду кишвар рӯзҳои 9-13 август дар размоишгоҳи Синтунс ва вилояти Нинся – Хуэйи Чин тақрибан 13 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва қариб 500 адад техникаи ҳарбӣ мегарданд. Русияро гуруҳи ҳавоии фаврӣ -тактикӣ, нерӯҳои хушкигарди минтақаи моварони Байкал ва дастгоҳи фармондеҳӣ намояндагӣ мекунанд. Дар машқҳо аз ҷониби Чин нерӯҳои ҳавоӣ ва заминӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар оғози машқҳои "Ғарб / Ҳамкорӣ - 2021", хизматчиёни ҳарбии Русия бо роҳнамоии мураббиёни чинӣ аз силоҳҳои танкҳои чархдор ва мошинҳои зиреҳпӯши Артиши мардумии озодихоҳи Чин тир холӣ намуданд. Дар машқгоҳи Синтунс, қисмҳои ҳарблии Русия таҳти фармондеҳии генерал -лейтенант Михаил Носолев аксари ҳадафҳоеро, ки ба тӯпҳо ва ашёҳои зиреҳпуши душмани шартӣ монанд буданд, нест карданд.
Воҳидҳои Русия низ дар фуруди муштарак аз чархбол ширкат варзиданд. Ҳангоми омӯзиш хизматчиёни ҳарбӣ бо аслиҳаи муқаррарӣ ба минтақаи ноошно фуруд омаданд. Низомиён масофаи бисёркилометриро тай намуда, вазифаҳои гузошташударо иҷро карданд. Дар зимн аз дастгоҳҳои замонавии мушоҳида ва иктишофӣ, пулемётҳои сабук, милтиқи снайпер ва милтиқи АК-12 истифода шуд.
Як эскадрилаи ҳавоӣ, ки аз қиркунандаҳои размандаи бисёрҳадафаи ду кишвар иборат буд, аз фурудгоҳи Инчуан парвоз карда, ба ҳадафҳои заминӣ зарба зада, саривақт аз зери зарбаи дастгоҳҳои дифои ҳавоии душмани шартӣ берун рафт. Ҳамзамон, ҳайати халабонҳои ҳавопаймоҳоии русии Су-30СМ ва халабонҳои чинии ҷангиёни Дзян-11 ва Дзян-7 дар тамоми доираи миссияҳо бомуваффақият амал карданд.
Мувофиқати манфиатҳо ва ҳадафҳо
Барномаи машқҳои "Ғарб / Ҳамкорӣ - 2021" расман алайҳи ягон кишвари сеюм нигаронида нашудааст. Аммо, интихоби тамрингоҳ, гуруҳ ва нерӯҳо, стратегияи ҳамкорӣ дар "санъати ҷанг" -и Чин тасодуфӣ нестанд.
Имкониятҳои гурӯҳбандии муштараки нерӯҳои Русия ва Чин дар тамрингоҳи Синтунс имкон медиҳад, ки назариявӣ нерӯҳо ҳам дар самти ғарб ва ҳам шарқ равона шаванд. Фурудгоҳи Инчун, ки мақари ҳавопаймоҳи Русия ва Чин мебошад, дар як масофа аз Кобул ва Токио ҷойгир аст ва тақрибан 3000 километрро ташкил медиҳанд. Ин масофаи амалии парвози Су -30СМ бидуни таъмини иловагии сӯзишворӣ мебошад.
Дар айни замон, интрига ҳоло ҳам боқӣ мемонад: моҳвораҳои мадорӣ ҳама техникаи тактикиро "намебинанд" ва ҳавопаймои иктишофии душмани эҳтимолӣ наметавонад вазифаи худро дар минтақаи дурдасти шимолу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин иҷро кунад.
Русия барои размоишҳо дар Чин чанд ҳавопаймои зарбазани насли 4++ равона кард, ки ин нишондоди ба ҳамаоии низомӣ дар ҳамаи намудҳои силоҳҳои ду кишвар мебошад.
Машқҳои муштараки баҳрӣ ва заминӣ чандин бор гузаронда шудаанд. Гуруҳҳои муштараки ҳавопаймоҳои пештар танҳо дар болои баҳр парвоз мекарданд. Истифодаи якҷояи ҳавопаймоҳои зарбазани бисёрҷониба дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои заминӣ як қадами нав размоишҳои Русия ва Чин, вокуниши муносиб ба иғвоҳои низомии ИМА ва НАТО дар минтақаҳои Баҳри Сиёҳ ва Шарқи Чин аст. Ҳавопаймоҳи бисёрҳадафи Су-30СМ тавре муҷаҳҳаз аст, ки ҳавопаймоҳои душмани шартиро дар масофаи 140 км ошкор мекунад, дар як вақт беш аз 15 ҳадафи ҳавоӣ пайгирӣ намуда, ҳадафҳои афзалиятнок интихоб гарданду ба 4 -тои онҳо дар масофаи то 100 километр тир холӣ гардад.
Ин ҳавопаймо барои ба даст овардани бартарии ҳавоӣ буда, нест кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ, аэродромҳои душман дар умқи хеле калон-бо мушакҳои дақиқ дар масофаи то 285 км аз имкониятҳои он мебошанд. Ҳавопаймои қиркунандаи чинӣ Дзян-11 (J-11D) муодили муодили Су-35С-и Русия арзёбӣ мешавад, ки дар заминаи Су – 27 сохта шудааст. Метавонад лавозимоти ҷангии тақрибан 15 тоннаро ба осмон бардорад ва аз рӯи доираи ҷангии J-11D аз Су-30СМ камӣ надорад.
Дар баробари таҳдидҳои умумӣ дар сатҳи минтақавӣ (ҷанги Афғонистон) ва дар миқёси ҷаҳонӣ (эълони Федератсияи Русия ва Чин ҳамчун рақиби асосии низомии ИМА ва НАТО то соли 2030), ҳамгироии технологӣ ва стратегии қувваҳои мусаллаҳ ва алалхусус, авиатсияи зарбазани Русия ва Чин имконпазир ва зарурист. Далели роҳандозии ин механизми мураккаб дар размоишҳо дар майдони Синтунс мебошад.
Машқҳои ҳамоҳангшуда дар размоишгоҳои Ҳарб-Майдон, дар 20 километрии сарҳади Афғонистон, ки дар он беш аз 10 ҳавопаймо ва чархболҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ (РФ) амалиёти муштараки нирӯҳои заминии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро пуштибонӣ мекунанд, дар соя нахоҳанд монд. Халабонҳои ҳавопаймоҳо душмани шартиро бо зарбаҳои мушакӣ ва бомбаандозӣ хароб мекунанд, гурӯҳи муштараки низомӣ барои рафъи таҳдидҳо аз ҷануб омодагӣ мебинад, стратегия ва тактикаи "Ғарб / Ҳамкорӣ - 2021" дар ин ҷо бо аксенти худ дар Осиёи Марказӣ такрор мешаванд.
Ҳамин гуна машқҳои Русияву Ӯзбекистон зери унвони “Ҷануб-2021” дар тамрингоҳи Тирмиз ба охир расиданд, ки дар он ҷо бомбаандозҳои дурпарвози ТУ-22М3-и Русия душманро дар сарҳади Афғонистон шартан нобуд карданд.
Аҳамияти машқҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ ва Чинро гузоришҳо дар бораи амалиёти низомӣ аз Афғонистон тасдиқ мекунанд. Толибон* аз стратегияи назорати марзҳо ва масирҳои нақлиётии кишвар (яъне ҳукмронии "аз рӯи минтақа") ба забти марказҳои маъмурӣ гузаштанд.
Дар рӯзҳои истироҳат онҳо марказҳои музофотҳои шимолии Қундуз, Сари-Пул, Ҷузҷон ва Нимрозро (ҳамсарҳад бо Эрон) забт карданд. Ин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди аққал ҳазорҳо ҷараёни гурезаҳои афғонро таҳдид мекунад, ки бо зӯроварӣ гирифтани қудрат аз ҷониби террористон розӣ нестанд.
Гирифтани шаҳрҳо аз рӯи як сенария сурат мегирад: Толибон* аз самтҳои калидӣ дар мошинҳои зиреҳпӯши "бадастоварда" –и Ҳамвеи Амрико ба шаҳр наздик мешаванд, таъмини нерӯҳои ҳукуматиро масдуд мекунанд, масирҳои фирорро мебанданд ва сипас аз 3-4 самт ба шаҳр медароянду ба "тоза кардани" марказҳои муқовимат шурӯъ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки артиши Афғонистон барои наҷоти воҳидҳои муҳосирагардида намеояд ё фурсат намеёбад.
Толибон* на танҳо ба марказҳои вилоятҳо ҳамла карда, рақибон ва мухолифони худро тирборон мекунанд, онҳо ваъда медиҳанд, ки сиёсатмадорони асосии афғонро пас аз забти Кобул эъдом хоҳанд кард. Фаъолияти Толибон* дар вилояти Бадахшон дар марз бо Тоҷикистон ва Чин Пекинро водор мекунад, ки дар самти Афғонистон сиёсати фаъолтар ва сахттарро пеш гирад. Пентагон чун пештара бо бомбаандозҳои стратегии В-52 мавқеи Толибонро* ҳадаф қарор додааст.
Хафагии Толибонро* танҳо тасаввур кардан мумкин аст, ки моҳи феврали соли 2020 дар Доҳа бо Иёлоти Муттаҳида шартномаи сулҳ имзо карданд.
Бо вуҷуди ин, Вашингтон дорои афзалиятҳои геополитикии худ ва ормонҳои низомӣ-сиёсӣ мебошад. Сардори Ситоди нерӯҳои ҳавоии ИМА, генерал Чарлз Браун 6 август оқибатҳои "фалокатовар" -ро пешгӯӣ кард, агар Нерӯҳои Ҳавоӣ ба қадри кофӣ тағйир наёбанд, то аз Чин ақиб намонанд. Раҳбари низомӣ таъкид кард, ки Нерӯҳои ҳавоии ИМА бояд "таносуби дурусти" қобилиятҳоро барои шикаст додани Чин дошта бошанд. Зоҳиран сулҳ дар сайёра дар нақшаҳои Амрико умуман пешбинӣ нашудааст. Афғонистон танҳо як эпизоди ҷанги ҷаҳонӣ бо "офати ҷаҳонӣ" ва "кишварҳои радшуда" аст.
Мувофиқи маълумоти Пентагон, Чин то соли 2035 метавонад бартарии ҳавоии Амрикоро бартараф кунад, дар ҳоле ки навсозии Нерӯҳои ҳавоии ИМА асосан ба таъхир афтодааст. Дар тӯли 27 соли охир танҳо чаҳор ҳавопаймои қиркунандаи нав таҳия шудааст. Маврид ба зикр аст, ки овозаҳо дар бораи бартарии ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ хеле муболиғаомезанд ва Чин хеле зуд 100 нақб барои мушакҳои байниқитъавии ҳастаӣ сохтааст. Дар муноқишаи термоядроӣ ҳар гуна бартарии ҳавоӣ маънӣ надорад.
Дар заминаи омодагии Амрико ба набардҳои оянда, мавқеъҳо ва артишҳои Русия ва Чин табиатан ба ҳам наздик мешаванд, машқҳои муштарак қобилияти мудофиавии ду кишварро таҳким мебахшанд. Созишномаи ҳамкориҳои низомии Маскав ва Пекин, ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ, воқеияти объективии мавҷударо тағйир намедиҳад. Изҳороти муштараки Федератсияи Русия ва Чин аз 5 июни соли 2019 оид ба таҳкими суботи стратегии ҷаҳонӣ ва рушди ҳамкории стратегӣ роҳи ҳарбӣ-сиёсии ду давлатро дар тӯли даҳсолаҳо муайян мекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Саҳифаи шореҳи низомӣ, Александр Хроленко дар Telegram.