https://sputnik.tj/20210810/afghoniston-tolibon-doha-guftushunid-1041575183.html
Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо Толибон* дар Доҳа гуфтушунид мекунанд
Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо Толибон* дар Доҳа гуфтушунид мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба музокироти байни афғонӣ намояндагони дигар кишварҳо низ ҷалб карда мешаванд
2021-08-10T17:30+0500
2021-08-10T17:30+0500
2021-08-10T17:30+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
доха
оштӣ
нишаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_60af3ba861bda3563e2d286704c9685f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Кобули расмӣ даври навбатии музокирот бо Толибонро* дар Доҳа баргузор мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои афғонистон.Ба гуфти рӯзноманигорон, раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдулло Абдулло аллакай шоми 9 август ба Қатар парвоз кардааст. Дар музокирот ҳамчунин вазири сулҳи Афғонистон Содот Нодирӣ низ ширкат хоҳад кард. Чорабинии сиёсии дарпешистода унвони умедбахш дорад: "Саммити сулҳ дар Афғонистон". Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, мавзӯъҳои аслии муколама коҳиши хушунат ва оташбас дар кишвар хоҳад буд. Музокироти Доҳа се рӯз идома хоҳад кард. Бино ба гузориш, дар ин ҳамоиш намояндагони ИМА, Чин, Русия, Покистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркия иштирок мекунанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар гуфтушунид фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод ширкат хоҳад кард. Дипломати амрикоӣ талош хоҳад кард, ки бо Толибон* дар бораи оташбас дар Афғонистон музокира кунад. Ёдрас мешавем, ки дар даври қаблии музокирот ҷонибҳо натавонистанд дар бораи оташбаси муваққатӣ созиш кунанд.* Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо. мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210810/afghoniston-besh-360-tolib-kushta-1041541280.html
https://sputnik.tj/20210720/nishast-benatija-doha-nur-sozish-naomad-1041012949.html
афғонистон
доха
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_54cd2c6bad91e0de9ed2cbdb92486408.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доҳа, афғонистон, музокирот
доҳа, афғонистон, музокирот
Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо Толибон* дар Доҳа гуфтушунид мекунанд
Ба музокироти байни афғонӣ намояндагони дигар кишварҳо низ ҷалб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Кобули расмӣ даври навбатии музокирот бо Толибонро* дар Доҳа баргузор мекунад, хабар медиҳанд расонаҳои афғонистон.
Ба гуфти рӯзноманигорон, раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдулло Абдулло аллакай шоми 9 август ба Қатар парвоз кардааст.
Дар музокирот ҳамчунин вазири сулҳи Афғонистон Содот Нодирӣ низ ширкат хоҳад кард.
Чорабинии сиёсии дарпешистода унвони умедбахш дорад: "Саммити сулҳ дар Афғонистон".
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, мавзӯъҳои аслии муколама коҳиши хушунат ва оташбас дар кишвар хоҳад буд.
Музокироти Доҳа се рӯз идома хоҳад кард. Бино ба гузориш, дар ин ҳамоиш намояндагони ИМА, Чин, Русия, Покистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Туркия иштирок мекунанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар гуфтушунид фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод ширкат хоҳад кард.
Дипломати амрикоӣ талош хоҳад кард, ки бо Толибон* дар бораи оташбас дар Афғонистон музокира кунад.
Ёдрас мешавем, ки дар даври қаблии музокирот ҷонибҳо натавонистанд дар бораи оташбаси муваққатӣ созиш кунанд.
* Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо. мамнӯъ аст