Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Дар давоми 24 соат дар Афғонистон беш аз 360 толиб кушта шуд

© REUTERS \ Jalil Ahmad Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов
 Бывшие моджахеды держат оружие, чтобы поддержать афганские силы в их борьбе против талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Обуна шудан
Артиши миллии Афғонистон дар чанд вилоят ҷангҷӯёни Толибонро* танг карданд
ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Дар давоми як шабонарӯзи охир артиши Афғонистон беш аз 360 ҷангҷӯи Толибонро* дар вилоятҳои Нангарҳор, Кунар, Логар, Пактика, Қандаҳор ва дигарҳоро нест кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати дифои Русия.

"Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои дифоъ ва амнияти Афғонистон дар давоми 24 соат дар Нангарҳор, Кунар, Логар, Пактия, Пактика, Майдон-Вардак, Қандаҳор, Сарипул, Ҳилманд, Қундуз ва Бағлон 361 террорист нобуд ва 145 захмӣ шуданд"- гуфта мешавад дар паёми Вазорати мудофиа дар Twitter.

Муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯёни Толибон* дар Афғонистон чанд сол боз идома дорад, ки дар моҳҳои ахир қаламравҳои назарраси манотиқи рустоӣ ва марзиро забт карда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла менамоянд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Машқҳои густардаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт
Шиддати вазъ дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки Вазорати умури хориҷии Русия онро эътирофи нокомии рисолати Вашингтон дар Афғонистон номид.
Толибон* рӯзи 6 август эълон карданд, ки Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз дар ҷанубу ғарби Афғонистонро ишғол кардаанд.
Заранҷ нахустин маркази вилоят аст, ки аз соли 2016 ба ин сӯ Толибон* забт кардаанд.
Баъд онҳо эълом карданд, ки марказҳои маъмурии панҷ вилояти дигари Афғонистон, аз ҷумла Қундузро, 60 -километр дуртар аз гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ишғол кардаанд.
Командующий общевойсковым объединением ВВО генерал-майор Евгений Поплавский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
"Халтаи оташин": генерал гуфт, чигуна 2,5 ҳазор "ҳамлагар" ба Тоҷикистонро нест мекунанд
Ба гуфти расонаҳои ғарбӣ, гузашти Кундуз ба дасти Толибон* метавонад як нуқтаи заъфшавӣ дар вазъи Афғонистон бошад. Ҳамзамон Кобули расмӣ маълумот дар бораи аз даст додани назорат бар Қундузро рад кард.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки ҳамлаи Толибон* дар Афғонистон идома дорад, аммо Маскав ҳеҷ иттилое дар бораи забти Қундузро надорад.
Илова бар ин, низомиёни афғон хабар доданд, ки маркази маъмурии яке аз вилоятҳоро дубора таҳти назорат гирифтанд.
* Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо. мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0