https://sputnik.tj/20210810/mashqho-nizomi-marz-tojikistonu-afghoniston-1041531433.html
Машқҳои густардаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт
Машқҳои густардаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тамринҳои низомиён дар марз бо Афғонистон ба поён расид
2021-08-10T13:47+0500
2021-08-10T13:47+0500
2021-08-10T13:50+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
марз
артиш
тамринҳои низомӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041524897_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_64d7b748f2b94dcd9b668917b3089cb6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 август - Спутник. Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон дар 20 километрии сарҳади Афғонистон машқҳои густурдаи низомиро анҷом доданд. Дар ин бора фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ генерал-полковник Александр Лапин сухан ронд.Ӯ гуфт, ки дар ҷараёни омӯзиш бори аввал кори гурӯҳи байнисоҳавии нирӯҳо бо истифода аз маҷмӯаҳои васеъ, авиатсия, иктишофӣ ва оташнишонӣ бар асоси таҷрибаи дар Сурия андӯхташуда нишон дода шуд.Ин машқҳо дар пасманзари авҷ гирифтани муноқишаи мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҷунбиши радикалии Толибон* баргузор шуданд. Бинобар ин, хатари воридшавии ҷангиён ба қаламрави давлатҳои ҳамсоя вуҷуд дошт.Ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, чунин машқҳои зиддитеррористӣ дар таърихи ҳамкории низомии се давлат бори аввал баргузор шуданд.Вай қайд кард, ки солҳои охир интиқоли шиддат аз қаламрави Ховари Миёна ба Афғонистон мушоҳида мешавад.Дар навбати худ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал -майор Шуҳрат Холмуҳаммадов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон аз давлатҳо талаб мекунад, ки ҳамеша ҳушёр бошанд ва омодагии ҷангиро нигоҳ доранд.Ёдовар мешавем, ки дар машқҳо беш аз ду ҳазор низомӣ ширкат доштанд. Тамринҳо аз 5 то 10 август баргузор шуданд.
https://sputnik.tj/20210810/halta-otashin-hamlagar-tojikiston-nobud-1041531030.html
https://sputnik.tj/20210809/voleybol-raqs-palav-mashq-marz-1041521625.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041524897_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_249ded24f6a55ea37c4465a7cf4babe1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машқ, низомӣ, марзи тоҷикистон, афғонистон,
машқ, низомӣ, марзи тоҷикистон, афғонистон,
Машқҳои густардаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфт
13:47 10.08.2021 (Навсозишуда: 13:50 10.08.2021) Дар Тоҷикистон тамринҳои низомиён дар марз бо Афғонистон ба поён расид
ДУШАНБЕ, 10 август - Спутник. Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон дар 20 километрии сарҳади Афғонистон машқҳои густурдаи низомиро анҷом доданд. Дар ин бора фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ генерал-полковник Александр Лапин сухан ронд.
"Мо машқҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русияро анҷом медиҳем", - гуфт Лапин.
Ӯ гуфт, ки дар ҷараёни омӯзиш бори аввал кори гурӯҳи байнисоҳавии нирӯҳо бо истифода аз маҷмӯаҳои васеъ, авиатсия, иктишофӣ ва оташнишонӣ бар асоси таҷрибаи дар Сурия андӯхташуда нишон дода шуд.
Ин машқҳо дар пасманзари авҷ гирифтани муноқишаи мусаллаҳона байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҷунбиши радикалии Толибон* баргузор шуданд. Бинобар ин, хатари воридшавии ҷангиён ба қаламрави давлатҳои ҳамсоя вуҷуд дошт.
"Бовар дорам, ки амалҳои муштараки оянда ҳамгироии низомиро тақвият мебахшад, ки кишварҳоямонро аз таҷовузи низомӣ эмин созанд", - илова намуд Лапин.
Ба гуфтаи вазири дифоъи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, чунин машқҳои зиддитеррористӣ дар таърихи ҳамкории низомии се давлат бори аввал баргузор шуданд.
Вай қайд кард, ки солҳои охир интиқоли шиддат аз қаламрави Ховари Миёна ба Афғонистон мушоҳида мешавад.
"Таҳлили равандҳои солҳои охир рухдода нишон медиҳад, ки вазъи минтақаи мо аз рушди рӯйдодҳо дар вазъи сиёсии ин кишвар вобаста хоҳад буд", - гуфт Шералӣ Мирзо.
Дар навбати худ, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал -майор Шуҳрат Холмуҳаммадов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон аз давлатҳо талаб мекунад, ки ҳамеша ҳушёр бошанд ва омодагии ҷангиро нигоҳ доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар машқҳо беш аз ду ҳазор низомӣ ширкат доштанд. Тамринҳо аз 5 то 10 август баргузор шуданд.