Хуруҷи дубораи коронавирус нархи бархе аз доруҳоро дар Тоҷикистон боло бурдааст

© Sputnik Аптека в Согдийской области Таджикистана
Аптека в Согдийской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2021
Обуна шудан
Сокинони шаҳри Хуҷанд мегӯянд, хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар боиси болоравии нархи доруҳое шудааст, ки табибон дар марҳилаи кунунӣ онҳоро тавсия медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Нархи бархе аз намудҳои доруворӣ дар шимоли Тоҷикистон то ду баробар боло рафтааст.
Сокинони Хуҷанд мегуянд, аз ҷумла арзиши “Клексан” дар муқоиса ба ду моҳи қабл боло рафта, ҳоло дар дорухонаҳои ҳудуди шаҳр ба 130 сомонӣ дакка задааст. Маводе, ки то хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар ҳамагӣ 60 сомонӣ арзиш дошт.
Ба ҷуз “Клексан”, “Арбидол” ва “Анаферон” ҳам навъе аз доруҳое гуфта мешаванд, ки қиммати онҳо дар пайи хуруҷи “вируси корона” дар дорухонаҳои кишвар боло рафтааст.
Равшан, як сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар поёни соли гузашта беш аз се ҳафта дар набард бо “вируси корона” қарор дошт ва дар ин муддат бо тавсияи табибон дар хона табобат гирифтааст.
Ин ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки он замон хуруҷи беморӣ дар кишвар хеле кам шуда буд ва қимати доруворӣ ҳам чандон баланд набуд, аммо ҳоло дида мешавад, ки нархҳо беш аз як баробар тағйир ёфтаанд.

“12 сӯзандоруи “Клексан” - ро истифода кардам, ҳар яки он 60 сомонӣ арзиш дошт. Ба ҷуз ин “Арбидол” ҳам истеъмол мекардам ва Худоро шукр, ки бо ин роҳ аз коронавирус саломат шудам. Ҳоло намедонам аз чи бошад, ки нархи ин доруҳоро, фурӯшандаҳо як баробар боло бурдаанд”, - иброз намуд Равшан.

Аммо баъзе масъулини ширкатҳои доруфурӯшӣ мегӯянд, уфту хези нархи ин маводи тиббӣ, ки аз хориҷа ворид карда мешавад гоҳе ҳам бар бар зарари онҳо тамом мешавад.
Дурдона, як масъули дорухона ё аптека дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хуруҷи дигарбораи коронавирус дар кишвар сабаби то ду маротиба гарон шудани ин дору боис гардида ба ин ҳол таъсири худро ба ҷайби харидорону доруфурӯшон расонидааст.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфт
“Клексан чанд моҳи пеш ҳамагӣ 60 сомонӣ арзиш дошт. Дар моҳи июн, баъди эълони сабти коронавирус он ба 160 сомонӣ дакка зад ва хеле камчин шуд. Ҳоло нархи ин дору ба 130 сомонӣ поён шудааст”, - гуфт фурӯшанда.
Ин ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки дар айни камбудӣ, ин навъ доруро бо нархи 140 сомонӣ ворид кардаанд, то мушкили сершумори мизоҷон рафъ гардад, аммо дар пайи поёнравии нарх, онҳо ҳатто бо нархи харидоришуда дар фурӯш гузоштани он, ночор мондаанд.

“Мо ба маблағи беш аз сад ҳазор сомонӣ ин доруро харидорӣ кардем, то барои онҳое, ки аз гӯшаву канори ноҳия омада онро мепурсанд, дастрас намоем, аммо нарх якбора арзон шуд ва ҳоло қариб ки ҳеҷ кас аз 135 сомонӣ зиёд онро намехарад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол яке аз масъули ширкати “Азияфарм” дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки арзиши даҳ дона қурс ё таблеткаи “Анаферон” давоми моҳи июн аз 35 сомонӣ ба 120 сомонӣ бало рафт ва дар рӯзҳои аввали моҳи июн ба 50 сомонӣ дубора поён шудааст.
Таблетки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Қочоқи 34 номгӯй дору ба Душанбе дар ҳаҷми калон: Оҷонсӣ мегӯяд, ягон ҳуҷҷат надорад
“Баъзеҳо фикр мекунанд, ки мо доруфурӯшон аз ин ҳисоб фоида ба даст меорем, ҳол он, ки мо ҳам доруҳоро харида мефурӯшем ва ҷараёни тағйирёбии нарх гоҳе ба зарари мо тамом мешавад, инро хариддорон дарк намекунанд”, - гуфт доруфурӯш.
Ин фурӯшанда мегӯяд, дар замони хуруҷи дигарбораи коронавирус рақобат миёни ширкатҳои доруфурӯшӣ ҳам дар кишвар шадидтар шудааст.
Ин болоравии нархҳо дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон санаи 22 июн дар бораи хуруҷи дигарбораи бемории коронавирус дар кишвар хабар дод.
Бино ба иттилоъи ин вазорат, дар кишвар 15 440 нафар сироятшудаҳои коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод то санаи зикргардида 14 ҳазору 948 нафар (96,8%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 122 нафар фавтидаанд.
Эзоҳ: доруҳо бояд танҳо бо тавсияи табибон истифода шаванд
Лентаи хабарҳо
0