https://sputnik.tj/20210630/qochoq-doru-dushanbe-ojonsi-hujjat-nadorad-1040530238.html
Қочоқи 34 номгӯй дору ба Душанбе дар ҳаҷми калон: Оҷонсӣ мегӯяд, ягон ҳуҷҷат надорад
Қочоқи 34 номгӯй дору ба Душанбе дар ҳаҷми калон: Оҷонсӣ мегӯяд, ягон ҳуҷҷат надорад
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон миқдори зиёди дорувориро аз муомилот боз доштааст, ки тавассути қочоқ вориди кишвар шудааст
2021-06-30T11:07+0500
2021-06-30T11:07+0500
2021-07-07T18:37+0500
парванда
воридот
оҷонсии зидди фасод
боздошт
қочоқ
маводи доруворӣ
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032177779_0:77:1200:752_1920x0_80_0_0_66782482dcedb28189e2009960e57aa8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Оҷонсӣ, дар қочоқи дору шаҳрванд Яқубов Бахтовар, ки қаблан низ бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, муттаҳам мешавад.Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи "Toyota Fielder", тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро ба Душанбе ворид кардааст.Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти воридкардашуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад.Манбаъ мегӯяд, дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши маводҳои дорувории мазкур, маблағи 162799 сомониро ташкил медиҳад. Таъкид шудааст, ки ин миқдори зиёди дору, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳони аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.Оҷонсӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Яқубов Б.В. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
https://sputnik.tj/20210413/parvanda-qochoqbaron-doru-sughd-1038323768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032177779_48:0:1152:828_1920x0_80_0_0_3ff79301671a3c7dcbd779a583fc2ab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қочоқи дору душанбе ҳаҷми калон оҷонсӣ ҳуҷҷат
қочоқи дору душанбе ҳаҷми калон оҷонсӣ ҳуҷҷат
Қочоқи 34 номгӯй дору ба Душанбе дар ҳаҷми калон: Оҷонсӣ мегӯяд, ягон ҳуҷҷат надорад
11:07 30.06.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон миқдори зиёди дорувориро аз муомилот боз доштааст, ки тавассути қочоқ вориди кишвар шудааст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Оҷонсӣ, дар қочоқи дору шаҳрванд Яқубов Бахтовар, ки қаблан низ бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи "Toyota Fielder", тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро ба Душанбе ворид кардааст.
Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти воридкардашуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад.
Манбаъ мегӯяд, дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши маводҳои дорувории мазкур, маблағи 162799 сомониро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки ин миқдори зиёди дору, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳони аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Яқубов Б.В. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.