Ваксинаю доруҳои тоҷикии "зидди коронавирус": Раҳимӣ аз истеҳсоли 12 намуд гуфт

© Sputnik Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зарфияти олимони тоҷик барои истеҳсоли дору ё ваксина алайҳи коронавирусро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Президенти Академияи миллии илмҳо зимни нишасти матбуотӣ худаш масъалагузорӣ кард, ки Тоҷикистон дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус чӣ корҳоро анҷом дод ва оё кореро кардан метавонад ё не.
Ӯ дар шарҳи масъала гуфт, ки олимони Тоҷикистон бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар ҷумҳурӣ 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.

“Азбаски дар кишвар озмоишгоҳи муҷаҳҳази вирусологӣ ва штамми ин вирусро надоштем, исбот кардан, ки моддаи мо дар ҳақиқат зидди ин вурус мубориза барад, ё онро нобуд месозад, ғайриимкон аст”, - изҳор дошт Раҳимӣ.

Президенти Академияи миллии илмҳо таъкид намуд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани иммунитет мусоидат мекунанд, чун ба гуфтаи ӯ дар мубориза бо коронавирус иммунитети баланд муҳим мебошад.
Раҳимӣ иттилоъ дод, ки барои исботи самаранокии моддаҳои истеҳсолшуда алайҳи коронавирус ба озмоишгоҳи вирусологӣ ниёз доранд, ки аз соли 2022 дар Тоҷикистон фаъол мешавад.
Врач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Истеҳсоли ИВЛ дар Тоҷикистон зиёд мешавад: Раҳимӣ онро беназир гуфт
“Бино аллакай омода аст. Барои озмоишгоҳи вирусологии муосир грант ба маблағи 600 ҳазор евро дастрас шуд. Таҷҳизоту моддаҳои лозима фароҳам мегарданд, аз соли 2022 озмоишгоҳ ба кор шуруъ мекунад”, - хабар дод президенти Академияи улуми Тоҷикистон.
Дар мавриди таъминот бо мутхассисони соҳаи бактериология ва вирусология, Раҳимӣ гуфт, созиш ҳосил шудааст, ки баъди аз сар гирифтани парвозҳо 15 мутахассиси тоҷик давоми ду моҳ дар Белорус ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва баъдан ба Ватан баргашта, ба мутахассисони дигар таълим медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки феълан Тоҷикистон ваксинаҳои зидди коронавирусро аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дастрас мекунад. Ваксинагирӣ дар Тоҷикистон барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0