https://sputnik.tj/20210804/tasdiq-shud-hamla-honai-vaziri-difoi-afghoniston-tolibon-1041406953.html
Тасдиқ шуд: ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистон кори дасти Толибон* аст
Тасдиқ шуд: ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистон кори дасти Толибон* аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷунбиши Толибон* масъулияти ҳамла ба манзили вазири дифои Афғонистонро, ки як рӯз пеш сурат гирифт, бар ӯҳда гирифтанд
2021-08-04T19:15+0500
2021-08-04T19:15+0500
2021-08-04T18:56+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
масъулиятро толибон ба дӯш гирифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040760196_0:130:2994:1814_1920x0_80_0_0_56ce4870259f045ea1b4f6bb715973a9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Ғарб, раҳбарияти Толибон*, масъулияти ҳамла ба манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистонро дар шаҳри Кобул бар уҳда гирифтанд.Ҳамла як рӯз пеш рух дод, ки дар натиҷаи ин ҳамла 8 нафар кушта ва 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.Ба гуфтаи шоҳидон, як мошин дар наздикии хонаи вазири дифои Афғонистон мунфаҷир шуд ва пас аз он чанд ашхоси мусаллаҳ ба манзили вазир ҳамла кард.Бояд қайд кард, ки дар ин ҳамлаи террористӣ вазири дифоъ ва аъзои оилаи ӯ осеб надидаанд. Ҳангоми ҳамла Муҳаммадӣ дар хона набуд ва аъзои оилаи ӯ сари вақт ба ҷои амн интиқол дода шуд.Вай ёдрас шуд, ки қаблан низомиёни Афғонистон ва ИМА ба Толибон* ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буданд.Вай гуфт, ки Толибон* ҳамлаҳои худ бар зидди мақомдорони Афғонистонро идома медиҳанд.Бино ба иттилои вазорати дифои Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе, нерӯҳои афғонистон дар як шабонрӯзи охир 274 ҷонибдорони Толибон*-ро ба қатл расонда, 119 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210804/honai-bismillohhon-muhammadi-hamlai-terroristi-video-1041397819.html
https://sputnik.tj/20210804/vokunishi-abdulloh-abdulloh-hamla-hona-vaziri-difo-1041399095.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040760196_203:0:2792:1942_1920x0_80_0_0_8dea9146e7718618d1b9dc60f8d4c144.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, масъулият ҳамла бар уҳда гирифтан, ҳамла, вазири дифоъ
афғонистон, толибон, масъулият ҳамла бар уҳда гирифтан, ҳамла, вазири дифоъ
Тасдиқ шуд: ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистон кори дасти Толибон* аст
Ҷунбиши Толибон* масъулияти ҳамла ба манзили вазири дифои Афғонистонро, ки як рӯз пеш сурат гирифт, бар ӯҳда гирифтанд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои Ғарб, раҳбарияти Толибон*, масъулияти ҳамла ба манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистонро дар шаҳри Кобул бар уҳда гирифтанд.
Ҳамла як рӯз пеш рух дод, ки дар натиҷаи ин ҳамла 8 нафар кушта ва 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, як мошин дар наздикии хонаи вазири дифои Афғонистон мунфаҷир шуд ва пас аз он чанд ашхоси мусаллаҳ ба манзили вазир ҳамла кард.
Бояд қайд кард, ки дар ин ҳамлаи террористӣ вазири дифоъ ва аъзои оилаи ӯ осеб надидаанд. Ҳангоми ҳамла Муҳаммадӣ дар хона набуд ва аъзои оилаи ӯ сари вақт ба ҷои амн интиқол дода шуд.
"Ин ҳамла оғози амалҳои ҷавобӣ алайҳи он раҳбарони ҳукумати Кобул аст, ки фармон дар барои ҳамла ва бомборон кардани манотиқи мухталифи кишварро доданд", гуфт ба расонаҳо сухангӯи расмии Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид.
Вай ёдрас шуд, ки қаблан низомиёни Афғонистон ва ИМА ба Толибон* ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буданд.
Вай гуфт, ки Толибон* ҳамлаҳои худ бар зидди мақомдорони Афғонистонро идома медиҳанд.
Бино ба иттилои вазорати дифои Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе, нерӯҳои афғонистон дар як шабонрӯзи охир 274 ҷонибдорони Толибон*-ро ба қатл расонда, 119 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар