https://sputnik.tj/20210804/vokunishi-abdulloh-abdulloh-hamla-hona-vaziri-difo-1041399095.html
Вокуниши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳамлаи мусалаҳона болои хонаи вазири дифоъ
Вокуниши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳамлаи мусалаҳона болои хонаи вазири дифоъ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ мегӯяд, ки дар натиҷаи қоими сартосарӣ худҷуши мардум алайҳи Толибон* дасти террористони хориҷӣ аз сари миллати Афғонистон кутоҳ хоҳад гардид
2021-08-04T14:50+0500
2021-08-04T14:50+0500
2021-08-04T14:50+0500
афғонистон
абдулло абдулло
вокуниш
хона
ҳамлаи террористӣ
вазири дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_60af3ba861bda3563e2d286704c9685f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ, дар як паёме, ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ ба хонаи вазири дифоъ Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар шаҳри Кобулро шадидан маҳкум кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон."Мо аз он хушҳолем, ки дар ин рӯйдоди террористӣ бародар ва ҳамсангари гиромии мо генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва хонаводаи муҳтарамашон осебе надидааст. Аммо мутаассифона, дар ин ҳамлаи бераҳмона ва ғайриинсонии террористҳои ҷинояткор, шуморе аз бошандагони маҳал захм бардошта ва хонаҳои ҳамҷавор тахриб гардида аст", - гуфт ӯ.Вай афзуд, ки ин ҳамла ҳамзамон бо қоим сартосари шаҳрвандони Кобул, дар накӯҳиш террористон ва ҳомиёнашон иттифоқ уфтод.Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ гуфт, ки мардуми Кобул бо беруншудан ба кӯчаҳо ва боло шудан бар бом хонаҳо ва бо садои баланд “Аллоҳ Акбар” ба душмани бераҳм посухи дандоншикан ва бесобиқа, доданд. Дар натиҷаи ин қоим сартосари ва худҷуш, иншоллоҳ дасти террористони аҷнабӣ аз сари миллати Афғонистон кутоҳ хоҳад гардид.Оқои Абдуллоҳ таъкид кард, ки террористон ба манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ҳамлаи густарда ва тарҳрезишуда анҷом додаанд, аммо хушбахтона онҳо ба ҳадафи худ нарасидаанду ноком шуданд.Қобили зикр аст, ки дирӯз баъд аз таркиши худрави бомбгузоришуда чанд нафари мусаллаҳ ба манзили вазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар ноҳияи Ширпури шаҳри Кобул ҳамла карданд.Нерӯҳои амниятӣ ҳамаи ҳамлагаронро нобуд карданд. Мақомоти амниятӣ то ҳол дар бораи теъдоди ҳамлагарон ва эҳтимолияти марги сарбозон ва ғайринизомиён дар ин таркиш чизе нагуфтаанд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210804/honai-bismillohhon-muhammadi-hamlai-terroristi-video-1041397819.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_54cd2c6bad91e0de9ed2cbdb92486408.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, вокуниш, абдуллоҳ абдуллоҳ, толибон, инфиҷор, ҳамла, хнаи вазири дифоъ, бисмиллоҳхон муҳаммадӣ
афғонистон, вокуниш, абдуллоҳ абдуллоҳ, толибон, инфиҷор, ҳамла, хнаи вазири дифоъ, бисмиллоҳхон муҳаммадӣ
Вокуниши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳамлаи мусалаҳона болои хонаи вазири дифоъ
Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ мегӯяд, ки дар натиҷаи қоими сартосарӣ худҷуши мардум алайҳи Толибон* дасти террористони хориҷӣ аз сари миллати Афғонистон кутоҳ хоҳад гардид
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ, дар як паёме, ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ ба хонаи вазири дифоъ Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар шаҳри Кобулро шадидан маҳкум кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо аз он хушҳолем, ки дар ин рӯйдоди террористӣ бародар ва ҳамсангари гиромии мо генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ва хонаводаи муҳтарамашон осебе надидааст. Аммо мутаассифона, дар ин ҳамлаи бераҳмона ва ғайриинсонии террористҳои ҷинояткор, шуморе аз бошандагони маҳал захм бардошта ва хонаҳои ҳамҷавор тахриб гардида аст", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ин ҳамла ҳамзамон бо қоим сартосари шаҳрвандони Кобул, дар накӯҳиш террористон ва ҳомиёнашон иттифоқ уфтод.
Раиси Шӯрои олии мусолеҳаи миллӣ гуфт, ки мардуми Кобул бо беруншудан ба кӯчаҳо ва боло шудан бар бом хонаҳо ва бо садои баланд “Аллоҳ Акбар” ба душмани бераҳм посухи дандоншикан ва бесобиқа, доданд. Дар натиҷаи ин қоим сартосари ва худҷуш, иншоллоҳ дасти террористони аҷнабӣ аз сари миллати Афғонистон кутоҳ хоҳад гардид.
Оқои Абдуллоҳ таъкид кард, ки террористон ба манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ҳамлаи густарда ва тарҳрезишуда анҷом додаанд, аммо хушбахтона онҳо ба ҳадафи худ нарасидаанду ноком шуданд.
"Мо итминон дорем, ки ин ҳамлаҳои террористӣ иродаи моро дар мубориза бо терроризм, дифоъ аз ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлолият ва шаъну шарафи Афғонистон қавитар хоҳад месозад", - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дирӯз баъд аз таркиши худрави бомбгузоришуда чанд нафари мусаллаҳ ба манзили вазири дифои Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар ноҳияи Ширпури шаҳри Кобул ҳамла карданд.
Нерӯҳои амниятӣ ҳамаи ҳамлагаронро нобуд карданд. Мақомоти амниятӣ то ҳол дар бораи теъдоди ҳамлагарон ва эҳтимолияти марги сарбозон ва ғайринизомиён дар ин таркиш чизе нагуфтаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар