https://sputnik.tj/20210804/honai-bismillohhon-muhammadi-hamlai-terroristi-video-1041397819.html
Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео
Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамла ба хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон 8 тан кушта ва 20 нафари дигар захмӣ бардоштанд
2021-08-04T13:55+0500
2021-08-04T13:55+0500
2021-08-04T13:55+0500
афғонистон
толибон
террористӣ
захмӣ
кушта
ҳамлаи террористӣ
вазири дифоъ
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041397302_0:8:1147:653_1920x0_80_0_0_aba26f639278c8d9d7f14a5a7305ab03.jpg
Дирӯз дар шаҳри Кобул дар наздикии хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон таркиш рух дода, афроди номаълум ба манзили вазир ҳамла карданд.Ба иттилои мақомоти расмии Афғонистон дар натиҷаи таркиш ва сипас ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба мнзили вазири дифои Афғонистон, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, 8 нафар кушта ва тақрибан 20 нафари дигар захм бардоштанд.Гуфта шудааст, ки назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд.Нерӯҳои амниятӣ бо ҷангҷӯён номаълум даргир шуданд .То ҳол шахсият ва теъдоди ҳамлагарон маълум нест.Ҳамчунин то ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст.Ин ҳамла дар ҳолест, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ моҳи июн ба мақоми вазири дифои Афғонистон таъйин гардид. Ӯ тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд.Бисмиллоҳхон дар мақоми вазирӣ Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро* иваз кард. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифои Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надошт.Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба замони фаъолшавии ҷангиёни Толибон* дар музофотҳои гуногуни Афғонистон рост омад.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210803/hamla-hona-general-bismillohhon-vaziri-afghoniston-video-1041388336.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041397302_208:0:1079:653_1920x0_80_0_0_f04e0dbbec5d7da6c6112fa0a7d7f49f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳамла, натиҷа, ҳамлаи террористӣ, бисмиллоҳхон муҳаммадӣ, навор, кушта, захмӣ, вазири дифои афғонистон
афғонистон, ҳамла, натиҷа, ҳамлаи террористӣ, бисмиллоҳхон муҳаммадӣ, навор, кушта, захмӣ, вазири дифои афғонистон
Навор аз хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ баъд аз ҳамлаи террористӣ - видео
Дар ҳамла ба хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон 8 тан кушта ва 20 нафари дигар захмӣ бардоштанд
Дирӯз дар шаҳри Кобул дар наздикии хонаи Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон таркиш рух дода, афроди номаълум ба манзили вазир ҳамла карданд.
Ба иттилои мақомоти расмии Афғонистон дар натиҷаи таркиш ва сипас ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба мнзили вазири дифои Афғонистон, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, 8 нафар кушта ва тақрибан 20 нафари дигар захм бардоштанд.
Гуфта шудааст, ки назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд.
Нерӯҳои амниятӣ бо ҷангҷӯён номаълум даргир шуданд .То ҳол шахсият ва теъдоди ҳамлагарон маълум нест.
Ҳамчунин то ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст.
Ин ҳамла дар ҳолест, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ моҳи июн ба мақоми вазири дифои Афғонистон таъйин гардид. Ӯ тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд.
Бисмиллоҳхон дар мақоми вазирӣ Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро* иваз кард. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифои Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надошт.
Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба замони фаъолшавии ҷангиёни Толибон* дар музофотҳои гуногуни Афғонистон рост омад.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар