Русия ва ИМА пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ хоҳанд кард

© Sputnik / Michael KlimentyevФлаги России и США
Флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Русия ва Иёлоти Муттаҳида шарикии худро дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ идома хоҳанд дод, гуфт намояндаи Русия дар СММ Дмитрий Полянский дар як нишасти матбуотӣ.
"Мо бо ҳамкасбони амрикоии худ дар тамос ҳастем, дар Афғонистон ҳадафҳои муштараки зиёд дорем. Ин ҳамкорӣ новобаста аз он, ки онҳо тасмим гирифтаанд, нерӯҳояшонро берун бароранд, идома хоҳад ёфт", - гуфт ӯ.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Кобулов: Толибон бештар аз нисфи Афғонистонро назорат мекунанд
Сиёсатмадор қайд кард, ки Русия пирӯзии толибҳоро (гурӯҳи экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ғайриимкон медонад.
"Бархеҳо хеле хушбинанд, баъзеҳо не. Мо бовар дорем, ки пирӯзии онҳо ҳанӯз ҳам сенарияи хеле номумкин аст. Умедворем, ки раванди муколамаи миллӣ ба вуқӯъ хоҳад омад", - таъкид кард Полянский.
Ба гуфтаи вай, Русия кӯшиш мекунад ҳиссаи худро бо роҳҳои гуногун гузорад, аз ҷумла дар формати "сегона", ки мулоқоташ ба наздикӣ дар Доха баргузор мешавад.
Сиёсатмадор ҳамчунин аз сафари дирӯзаи Толибон ба Маскав ёдрас шуд.
"Онҳо моро бовар кунониданд, ки ғарази ғасб кардан ва ё ҳеҷ гуна иғворо нисбат ба кишварҳои ҳамсоя надоранд", - гуфт вай.
Лентаи хабарҳо
0