Кобулов: Толибон бештар аз нисфи Афғонистонро назорат мекунанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСпециальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Обуна шудан
Замир Кабулов гуфт, ки Толибон беш аз нисфи қаламрави Афғонистонро назорат мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Зиёда аз нисфи қаламрави Афғонистон таҳти назорати ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) мебошад, гуфт намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, директори Департаменти дуввуми осиёии вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кобулов.
"Дар ҳар сурат аз нисф зиёди қаламрави кишвар дар дасти онҳост", - гуфт дар посух ба саволи рӯзноманигорон Кобулов.
Табличка с надписью Талибы на юге Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
ВКХ: Русия барои забти Афғонистон аз ҷониби Толибон* омода аст
Дар айни замон, ба гуфтаи ӯ, ҳаракати Толибон гумон аст, ки тамоми қаламрави кишварро забт кунад.
"Мо фикр намекунем, ки вазъ чунин ранг бигирад, аммо мо ба ҳама гуна тағйироти он омодаем" - гуфт дипломати рус.
Вай инчунин қайд кард, ки яке аз сабабҳои асосии ҳамлаи фаъолонаи Толибон ақибнишинии нерӯҳои ҳукумат мебошад.
Кобулов таъкид кард, ки Русия ба ҳама гуна натиҷаҳои муқовимати мақомоти Афғонистон ва Толибон омода аст, аммо, таъкид кард ӯ, тасарруфи қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон дар назар нест.
"Аввалан, мо фикр намекунем, ки ин сенария кор кунад, аммо мо омодаи сенарияҳои мухталифем", - афзуд вай.
Лентаи хабарҳо
0