https://sputnik.tj/20210729/afzoish-narh-benzin-tojikiston-rekord-1041270065.html
Афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳама рекордҳоро шикаст
Афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳама рекордҳоро шикаст
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар болоравии бесобиқаи арзиши бензин ба қайд гирифта шудааст ва на танҳо ин навъи сӯзишворӣ
2021-07-29T13:28+0500
2021-07-29T13:28+0500
2021-07-29T13:31+0500
дар тоҷикистон
газ
сӯзишворӣ
гарон шудани нарх
бензин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7a23e79a3ccf4a06dae7ce0cf445577c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли 2021, болоравии назарраси нархи сӯзишвории автомобилӣ қайд шудааст, хабар медиҳад Агентии омори кишвар. Тибқи маълумоти Агентии омор, бензин бештар аз ҳама молу маҳсулоти дигар қимат шудааст: нархи миёнаи чаканаи он тақрибан ду баробар, 44,5% афзудааст. Танҳо дар як моҳи охир дар тамоми нуқтаҳо фурӯш ин навъи сӯзишворӣ 2,2% боло рафтааст.Дар Тоҷикистон се бренди бензин ворид ва истифода мешавад: навъи арзонтараш - АИ-92 ва гаронтар АИ-95 ва АИ-98. Оморҳо нишон медиҳанд, ки болоравии тадриҷии арзиши бензини навъи АИ-92 моҳи майи соли 2020 пас аз якбора коҳиш ёфтани нархҳои чакана дар моҳҳои март-апрели соли 2020 то 28% (аз 7,21 то 5,19 сомонӣ барои як литр) оғоз ёфт. Пас аз як сол, ин бренд, баръакс, ҳамон 28%, аз 7.02 то 9.17 сомонӣ қимат шуд. Афзоиши охирин моҳи июни соли 2021 ба қайд гирифта шудааст - 2,2% ва имрӯз барои як литр 8,9 сомонӣ арзиш дорад.Нархи сӯзишвории дизелӣ - 31,7% ва гази моеъ - 20,1% афзоиш ёфт. Ёдовар мешавем, ки таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар Русия мебошад ва гази моеъ асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамчунин воридот аз Ӯзбекистону Туркманистон низ сурат мегирад, вале ба андозаи камтарин.Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
https://sputnik.tj/20210714/mavodi-suht-tojikiston-qimat-hadamot-ziddiinhisori-1040880612.html
https://sputnik.tj/20210628/kamchin-nest-ammo-qimat-meshavad-sababhoi-garonshavii-narhi-mavodi-suzishvori--1040480669.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_143fba8d0f41476bd64987ea2019d6fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, нарх, бензин, тоҷикистон, рекорд
афзоиш, нарх, бензин, тоҷикистон, рекорд
Афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳама рекордҳоро шикаст
13:28 29.07.2021 (Навсозишуда: 13:31 29.07.2021) Аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар болоравии бесобиқаи арзиши бензин ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли 2021, болоравии назарраси нархи сӯзишвории автомобилӣ қайд шудааст, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.
Тибқи маълумоти Агентии омор, бензин бештар аз ҳама молу маҳсулоти дигар қимат шудааст: нархи миёнаи чаканаи он тақрибан ду баробар, 44,5% афзудааст.
Танҳо дар як моҳи охир дар тамоми нуқтаҳо фурӯш ин навъи сӯзишворӣ 2,2% боло рафтааст.
Дар Тоҷикистон се бренди бензин ворид ва истифода мешавад: навъи арзонтараш - АИ-92 ва гаронтар АИ-95 ва АИ-98.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки болоравии тадриҷии арзиши бензини навъи АИ-92 моҳи майи соли 2020 пас аз якбора коҳиш ёфтани нархҳои чакана дар моҳҳои март-апрели соли 2020 то 28% (аз 7,21 то 5,19 сомонӣ барои як литр) оғоз ёфт.
Пас аз як сол, ин бренд, баръакс, ҳамон 28%, аз 7.02 то 9.17 сомонӣ қимат шуд.
Афзоиши охирин моҳи июни соли 2021 ба қайд гирифта шудааст - 2,2% ва имрӯз барои як литр 8,9 сомонӣ арзиш дорад.
Нархи сӯзишвории дизелӣ - 31,7% ва гази моеъ - 20,1% афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар Русия мебошад ва гази моеъ асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Ҳамчунин воридот аз Ӯзбекистону Туркманистон низ сурат мегирад, вале ба андозаи камтарин.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.