https://sputnik.tj/20210714/mavodi-suht-tojikiston-qimat-hadamot-ziddiinhisori-1040880612.html
Чаро маводи сӯхт дар Тоҷикистон қимат аст: Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро гуфт
Чаро маводи сӯхт дар Тоҷикистон қимат аст: Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯзишворӣ имсол ба маротиб қимат шуд. Сабаби гарон шудани маводи сӯхтро Хадамоти зиддиинҳисорӣ шарҳ дод 14.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-14T14:05+0500
2021-07-14T14:05+0500
2021-07-14T14:05+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
хадамоти зиддиинҳисорӣ
нархи қимат
бензин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7a23e79a3ccf4a06dae7ce0cf445577c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар фарқ аз солҳои пеш, имсол воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 8,5 ҳазор тонна камтар сурат гирифт. Дар ин бора муовини аввали Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Сафаралӣ Қурбонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба таъкид ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 112,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 61,2 миллион доллар ворид шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна камтар аст.Қурбонзода таъкид намуд, ки нархҳои ҳармоҳаи воридоти бензин аз моҳи март якбора боло рафт, ки дар натиҷа арзиши маводи сӯзишворӣ ҳам дар Тоҷикистон гарон шуд.Зикр гардид, ки то 12 июли соли 2021 нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил медиҳад. Ин гуфтаҳои намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳолест, ки қаблан ронандаҳо аз камчин будани маводи сӯзишворӣ шикоят мекарданд ва иддае изҳор медошатанд, ки бензинро бо нархи 10 сомонӣ харидорӣ мекунанд.Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷаҳиши нархи сӯзишвориро ба болоравии нархҳо дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дод.Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъро аз Русия, Қазоқистон ворид мекунанд. Ҳамчунин воридот аз Ӯзбекистону Туркманистон низ сурат мегирад, вале ба андозаи камтарин.
https://sputnik.tj/20210505/qazoqiston-sodirot-mavod-suht-mamnu-1039277558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577573_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_143fba8d0f41476bd64987ea2019d6fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи қимат, бензин
дар тоҷикистон, иқтисод, хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи қимат, бензин
Чаро маводи сӯхт дар Тоҷикистон қимат аст: Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабабашро гуфт
Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯзишворӣ имсол ба маротиб қимат шуд. Сабаби гарон шудани маводи сӯхтро Хадамоти зиддиинҳисорӣ шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бар фарқ аз солҳои пеш, имсол воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 8,5 ҳазор тонна камтар сурат гирифт. Дар ин бора муовини аввали Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Сафаралӣ Қурбонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкид ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 112,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи 61,2 миллион доллар ворид шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна камтар аст.
Қурбонзода таъкид намуд, ки нархҳои ҳармоҳаи воридоти бензин аз моҳи март якбора боло рафт, ки дар натиҷа арзиши маводи сӯзишворӣ ҳам дар Тоҷикистон гарон шуд.
Зикр гардид, ки то 12 июли соли 2021 нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил медиҳад.
Ин гуфтаҳои намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳолест, ки қаблан ронандаҳо аз камчин будани маводи сӯзишворӣ шикоят мекарданд ва иддае изҳор медошатанд, ки бензинро бо нархи 10 сомонӣ харидорӣ мекунанд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷаҳиши нархи сӯзишвориро ба болоравии нархҳо дар кишварҳои истеҳсолкунанда рабт дод.
Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъро аз Русия, Қазоқистон ворид мекунанд. Ҳамчунин воридот аз Ӯзбекистону Туркманистон низ сурат мегирад, вале ба андозаи камтарин.