“Камчин нест, аммо қимат мешавад”: сабабҳои гароншавии нархи маводи сӯзишворӣ

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНа одной из автозаправочных станций
На одной из автозаправочных станций  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Шуруъ аз моҳи январ ба ин сӯ дар Тоҷикистон қимати маводи сӯзишворӣ муназзам боло меравад ва мақомот мегӯянд, ин ҳанӯз охири кор нест ва афзоиши қиматҳо идома хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи миёнаи бензини воридотӣ миёни моҳҳои январ - майи соли 2021 дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 17,33% (аз 450 ба 528 доллар) боло рафтааст.
Бино ба иттилои Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, таҳлили ҳармоҳа нишон медиҳад, ки моҳи май нархи воридотии бензин дар қиёс бо моҳи январи соли ҷорӣ 50,97% ё 211 (аз 414 ба 625) доллар ва нисбати моҳи апрел 4,5% ё 27 (аз 598 ба 625) доллар афзуда, сабаби баландшавии нархи фурӯши чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шудааст.
Нархи фурӯши чаканаи бензин ба санаи 25 июни соли 2021 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,50 то 9,30 сомониро ташкил медод.
Заправка автомобиля на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Аз 15 то 40 дирам: нархи газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Суғд гарон шуд
29 ширкат ба Тоҷикистон бензин ворид мекунанд. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи моҳҳои январ ба апрели соли равон онҳо 95 ҳазору 206,19 тон бензин ба маблағи 50 миллиону 267 ҳазору 266 ва нархи миёнаи 528 доллар ворид намудаанд, ки ин рақам дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 892,59 тон кам аст.

Бозори гази моеъ

Аз таҳлили маводҳои гумрукӣ бармеояд, ки дар моҳи майи соли 2021 нархи миёнаи як тон гази моеъи воридотӣ 451,0 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин дар муқоиса бо моҳи майи соли гузашта 175 доллар ё 63,41% баланд аст. Он замон нархи як тон гази моеъи воридотӣ ба кишвар 276 доллар буд.
Ба гунаи мисол, бино ба эъломияи гумрукӣ, ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" 203,05 тон гази моеъро ба маблағи 98 ҳазору 479 доллар вориди кишвар кардааст. Нархи воридотии як тон 485 доллар буда, дар қиёс бо нархи миёнаи воридотии моҳи апрели соли равон 35 доллар ё 7,53% зиёд аст.
Закат на море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Хушксолии фоидаовар: Тоҷикистон омодааст аз Қазоқистон обро бо сӯзишворӣ иваз кунад
Дар ҳоли ҳозир, нархи фурӯши чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ аз 5,10 то 5,30 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Агентии иттилоотии “Аргус”, ки таҳаввулоти қиматҳои гази моеъ дар ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, даҳрӯзаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ нархи миёнаи як тон гази моеъ 420 долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо 30 апрели соли равон 30 доллар ё 7,7% баланд аст. Аз ин хотир, баландшавии нархи фурӯши чаканаи гази моеъ дида мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи моҳҳои январ ба майи соли равон 16 ширкати воридкунандаи гази моеъ ба кишвар 182 ҳазору 101,61 тон ба маблағи 82 миллиону 128 ҳазору 579 доллар ва бо нархи миёнаи 451 доллар сари як тон овардаанд.
Аз ин ҳаҷм 94,03% аз Қазоқистон, 5,27% аз Ӯзбекистон ва 0,71% аз Русия ворид шудааст.

Сӯзишвории дизелӣ

Нархи миёнаи як тон сӯзишвории дизелии воридотӣ дар моҳи майи соли равон 594 доллар буд, ки дар қиёс бо моҳи апрели соли ҷорӣ 51 доллар ё 9,39% зиёд буда, омили асосии баландшавии ин навъи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш шудааст.
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Дархости воридкунандагони сӯзишворӣ аз Эмомалӣ Раҳмон: ба мо ҳам имтиёз диҳед
Нархи фурӯши чаканаи сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба ҳолати 25 июни соли равон аз 7,50 то 8,70 сомонӣ сари литр аст.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи моҳҳои январ – майи соли равон 40 ширкати фаъол дар бозор ба кишвар 107 ҳазору 754,16 тон сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 55 миллиону 551 ҳазору 920 доллар бо нархи миёнаи 516 доллар ворид намудаанд. Ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 104,79 тон зиёд ва нархи миёнаи воридотӣ дар қиёс бо моҳҳои январ – апрели соли гузашта 17 доллар ё 3,19% кам аст.

Шарҳи мақомот

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи болоравиҳои ахири нархи маводи сӯзишворӣ гуфт, ҳарчанд дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ камчинӣ нест, эҳтимолии баландшавии нархи онҳо баъид нест.
Дмитрий Гусев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Гусев тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон бо камбуди бензин рӯбарӯ шудааст
Тибқи маълумоти ҶДММ “Газпромнефт - Тоҷикистон” ва дигар ширкатҳои воридкунанда, бо назардошти камчинии маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои дохилии давлатҳои содиркунанда нархи маҳсулот дар корхонаҳои тавлидкунанда боло рафта, омили мазкур ба нархи фурӯши чаканаи маҳсулот дар бозори дохилии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро расондааст.
“Дар ҳоли ҳозир, Қазоқистон, ки ҳам тавлидгар ва ҳам содиркунанда ба Тоҷикистон буд, худ ба камбуди маҳсулоти нафтӣ дучор омадааст ва онро аз Русия ворид мекунад. Дар гузашта Ӯзбекистон ба Русия газ мефрӯхт, ҳоло худаш аз Русия газ мехарад. Ё дар Қирғизистон, узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, низ низ нархи бензин аз аввали сол ҳудуди 40% боло рафтааст”, - гуфтан дар ин ниҳод.
Далели дигаре, ки мӯҷиби болоравии нархҳо шудааст, болоравии нархи як барел нафти навъи Brent дар биржаҳои ҷаҳонию минтақавӣ аст, ки аз 53,60 доллари январи соли равон ба 73,51 доллар дар моҳи июн баробар шуд ва афзоиши нарх 20 доллар ё 37,1%-ро ташкил дод.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои беасос баланд кардани нархи сӯзишворӣ бозори маҳсулоти нафтиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳолати худсарона баланд гардидани арзиши сӯзишворӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор дар доираи салоҳиятҳояш чора меандешад.
Лентаи хабарҳо
0