https://sputnik.tj/20210728/shoygu-rusiya-kumak-zaruri-tojikiston-1041232563.html
Шойгу: Русия омода аст, ҳар кумаки заруриро ба Тоҷикистон ироа кунад
Шойгу: Русия омода аст, ҳар кумаки заруриро ба Тоҷикистон ироа кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, гуфт, кишвараш ба артиши Тоҷикистон силоҳ ва лавозимоти ҷангиро ироа хоҳад кард
2021-07-28T12:42+0500
2021-07-28T12:42+0500
2021-07-28T12:42+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
шералӣ мирзо
сергей шойгу
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/06/1031851971_0:294:2773:1854_1920x0_80_0_0_39d05224443cfcc94f0c44fa60c3949f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Русия омода аст, ба Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ҳар кумаки лозимро ироа намояд, изҳор дошт Сергей Шойгу.Ба гуфтаи вазири дифои Русия, феълан кумакҳои иловагии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ барои Тоҷикистон ироа шудааст.Инчунин Русия таълими низомиёни Тоҷикистонро идома хоҳад дод, таъкид намуд Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Шералӣ Мирзо.Ӯ афзуд, ки бозомӯзии низомиёни тоҷик дар муассисаҳои олии ҳарбии Русия ва пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.Ӯ таъкид намуд, ки ҷониби Русия омода аст, “ҳар кумаки зарурӣ барои дастгирии дӯстони тоҷикистониро ироа намояд”.Маврид ба зикр аст, ки Сергей Шойгу барои иштирок дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор дорад.Дар ҷаласа ҳайатҳои низомӣ аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва инчунин Белорус ҳамчун як кишвари нозир дар СҲШ ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20210727/bismillohhon-mazori-sharif-jang-shimol-shur-sharhi-rasmi-1041221895.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/06/1031851971_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_aae10ba0d774fe752681bac708a62296.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумак, зарурӣ, русия, мудофиа
тоҷикистон, кумак, зарурӣ, русия, мудофиа
Шойгу: Русия омода аст, ҳар кумаки заруриро ба Тоҷикистон ироа кунад
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, гуфт, кишвараш ба артиши Тоҷикистон силоҳ ва лавозимоти ҷангиро ироа хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Русия омода аст, ба Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ҳар кумаки лозимро ироа намояд, изҳор дошт Сергей Шойгу.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия, феълан кумакҳои иловагии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ барои Тоҷикистон ироа шудааст.
Инчунин Русия таълими низомиёни Тоҷикистонро идома хоҳад дод, таъкид намуд Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Шералӣ Мирзо.
Ӯ афзуд, ки бозомӯзии низомиёни тоҷик дар муассисаҳои олии ҳарбии Русия ва пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.
“Барои таҳкими иқтидори ҷангии пойгоҳи низомиямон дар Тоҷикистон ва дақиқсозии нақшаи муштараки пас гардондани ҳамлаҳои эҳтимолии ҷангиён, таваҷҷуҳи зиёд медиҳем”, - илова намуд вазириф дифои Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш.
Ӯ таъкид намуд, ки ҷониби Русия омода аст, “ҳар кумаки зарурӣ барои дастгирии дӯстони тоҷикистониро ироа намояд”.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Шойгу барои иштирок дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Дар ҷаласа ҳайатҳои низомӣ аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва инчунин Белорус ҳамчун як кишвари нозир дар СҲШ ширкат мекунанд.