Бисмиллоҳхон дар Мазори Шариф: ваъдаи амалиёти бузург барои поксозии Шимол – шарҳи расмӣ
© аксҳо аз корпуси 209 - и "Шоҳин" -и Вазорати дифои АфғонистонБоздиди генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх
© аксҳо аз корпуси 209 - и "Шоҳин" -и Вазорати дифои Афғонистон
Обуна шудан
Генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон, ба шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх омад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Вазири дифои миллӣ ба хотири анҷоми ҷаласаҳо бо фармондеҳони нерӯҳои ҳукуматӣ, аз қабили вазорати дифоъ, пулиси миллӣ, амнияти миллӣ ва марзбонӣ вориди шаҳри Мазори Шариф шудааст. Дар ин бора Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин” – нерӯҳои коммандоси Вазорати дифои Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Дар ин ҷаласаҳо авзои амниятӣ бо ҳузурдошти волии вилояти Балх, дигар ниҳодҳои мулкӣ ва мақомоти низомӣ таҳти раёсати вазири дифои миллӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ рӯи инсиҷоми муҷаддади нерӯҳои дифоиву амниятӣ, тартибу танзим, низомманд шудани хезишҳои мардумӣ ё басиҷи мардумӣ дар муқобили Толибон* буд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.
© аксҳо аз корпуси 209 - и "Шоҳин" -и Вазорати дифои АфғонистонБоздиди генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх
Боздиди генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх
© аксҳо аз корпуси 209 - и "Шоҳин" -и Вазорати дифои Афғонистон
Дар ҳамин ҳол, Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур, раиси Шӯрои низомии басиҷи миллии Балх, гуфт, вазири дифои миллӣ бо аъзои ин шӯро низ дидор анҷом додааст.
“Дар ин нишаст навҳаҳои ҳамкориҳои нерӯҳои басиҷи миллӣ ва ҳукуматӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Нерӯҳои басиҷи миллӣ ҳамагӣ тааҳҳуд супурданд, ки дар канори нерӯҳои ҳукуматӣ ва таҳти фармондеҳии ягона биҷанганд”, - гуфт Қорӣ Қудратуллоҳ Ҳурмат.
Сафари вазири дифои миллии Афғонистон ба Балх дар ҳолест, ки аз 15 вулусволӣ фақат 7 вулусволӣ дар ихтиёри ҳукумат аст. Рӯзи 26 июл, нерӯҳои ҳукуматӣ вулусволии Калдори ин вилоятро аз дасти Толибон* гирифтанд, ки бино ба иттилои корпуси 209 – и Шоҳин, дар ҷараёни ин амалиёт 20 толиб кушта, 16 тани дигар захмӣ шуданд ва мошину 8 мототсикли онҳо ба дасти неруҳои шомили амалиёт афтод.
© аксҳо аз корпуси 209 - и "Шоҳин" -и Вазорати дифои АфғонистонБоздиди генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх
Боздиди генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх
© аксҳо аз корпуси 209 - и "Шоҳин" -и Вазорати дифои Афғонистон
Сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин” мегӯяд, ин ҳанӯз оғози амалиёти бузург нест, марҳалаи баъдӣ ба ҳадафи бозпасгирии соҳоти аздастрафта ба зудӣ оғоз мешаванд.
“Имрӯз ҳам таваҷҷӯҳи аслии вазорати дифои миллӣ рӯи ин буд, ки замоне, ки нерӯҳои дифои миллӣ соҳаро поксозӣ мекунанд, як нерӯе бошад, ки соҳаро дубора ҳифз кунад. Хушбахтона, мо ин гуна нерӯро омодаву танзим кардем. Амалиётҳо тасфиявӣ ва бозпасгирӣ ба зудтарин фурсат оғоз мешаванд. Муодилаи ҷанг ба зудӣ тағйир хоҳад кард", - изҳор дошт Ризоӣ.
Ӯ афзуд, ки ваъдаи ҳукумат ҳам ба мардум ҳамин аст. Паёми раиси ҷумҳур, ки вазири дифои миллӣ овард, ин буд, ки нерӯҳои дифоиву амниятӣ ҳимоят мешавад ва ҷомиаи ҷаҳонӣ хоҳони хоҳони истиқрори давлат ва нерӯҳои дифоӣ ҳастанд, гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.
Сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин” гуфт, Афғонистон ба ҳеҷ унвон як ҳукумати толибониро таҷриба нахоҳад кард, зеро ҷиноёте, ки онҳо содир мекунанд, ҷомиаи ҷаҳониро ба ин бовар расонд, ки ин гуруҳ қобили ислоҳ нест, як гуруҳи ҷинояткор ва ноқизи ҳуқуқи башар аст ва ба ҳеҷ унвон аз ин гуруҳ ҳимоят нахоҳад шуд.
“Нерӯҳои ҳавоии мо дар ҳамин авохир бевақфа мавозеъи душман, раҳбарон ва афроди калидии Толибонро* ҳадаф қарор дода, аз байн мебаранд. Вақте амалиёти бузург шуруъ шуд, на фақат Балх балки тамоми вилоятҳои шимоли Афғонистон поксозӣ хоҳанд шуд ”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.
Бино ба иттилои ӯ, фақат ҳамин рӯз дар пайи ҳамлаи тайёраҳои ҷангии ҳукумати Афғонистон дар вилояти Ҷузҷон 17 толиб ба шумули ду фарди калидиашон ба номҳои Мулло Сироҷ ва Мулло Абдулҳақ кушта ва 9 тани дигар шадидан захмӣ шудаанд.
Як ҳамлаи дигари ҳавоии ҷангандаҳои ҳукумати Афғонистон Қорӣ Ҳаётуллоҳ, машҳур ба Усома, масъули Қитъаи Сурх, фармондеҳи умумии тактикӣ ва омӯзишҳои террористии Толибон* барои вилояти Форёбро бо 7 тан аз ҳамроҳонаш кушта ва 9 тани дигар аз аъзои ин гурӯҳро захмӣ ба ҷой гузоштааст.
Корпуси 209 – и “Шоҳин” –и нерӯҳои коммандоси вазорати дифоъи Афғонистон масъулияти асосии ҷанг дар 5 вилояти Шимол - Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро ба зимма дорад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар