https://sputnik.tj/20210728/shoyg-hotiraho-jangi-shahrvandi-tojikiston-1041248671.html
Шойгу дар бораи асир афтодан дар Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Шойгу дар бораи асир афтодан дар Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу дар бораи гурезагон, даҳшатҳои ҷанг ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт 28.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-28T19:51+0500
2021-07-28T19:51+0500
2021-07-28T19:54+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сергей шойгу
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033016164_0:13:1122:644_1920x0_80_0_0_bee09d7b91a4959082d3d02301042d33.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik, Мария Науменко. Сергей Шойгу, вазири вақти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои 90-ум, ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон шахсан дар кӯчонидани аҳолии русзабон аз ҷумҳурӣ ширкат дошт. "Ҳар боре ки ман ба ин ҷо меоям, ман рӯзҳои сахти ибтидои солҳои навадум ба ёд меорам. Он замон дар бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси вазири мудофиаи шаҳрвандӣ масъалаҳои башардӯстонаро ҳал мекардам ва русзабононро берун мебурдам. Гоҳо вориди гуфтушунидҳои душвор мешудам ва ба дасти авбошон гаравгон низ афтодаам ", - гуфт Шойгу дар мулоқоти вазирони дифоъи СҲШ. Дар Тоҷикистон Шойгу якҷоя бо Сарфармондеҳи нерӯҳои заминӣ Эдуард Воробёв кор мекард.Баъзан лозим меомад, ки на танҳо қатъӣ, балки сахт амал кунанд. Масалан, вақте ки дивизияи 201 ва отряди сарҳадӣ саривақт бо ҳайати шахсӣ тақвият дода шуданд, баровардани силоҳҳои мутамарказ қатъ карда шуд. Пас аз он марзбонони Русия ва дивизияи 201 фурудгоҳро таҳти назорат гирифтанд ва тарки паноҳандагон аз қаламрави ҷумҳуриро ба роҳ монданд. "Дар он лаҳзаи душвор зарур буд, ки саривақт ҳам тавассути марзбонони мо ва ҳам тавассути дивизияи 201-и мо, ки баъдтар ба пойгоҳи низомии Русия табдил ёфтааст, тасмимҳои душвор гирифта шаванд", - гуфт Шойгу. " Зиёда аз 150 қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Русия фиристода шуданд. Ва ин яке аз бузургтарин амалиёти ҳифзи сулҳи Русияи нав буд. ""Вазъ хело зуд тағйир меёфт. Ҳеҷ кас ба мушкилоти гурезагон сарукор надошт. Мо бояд барои кӯчондани ҳазорҳо ҳазор оилаҳо корҳои зиёдеро анҷом медодем ва амнияти онҳоро таъмин мекардем.Сипас, дар соли 1995 якчанд даври гуфтушунидҳо байни оппозисиюн ва ҳукумат дар Маскав ва Кобул баргузор шуданд. Онҳо дар бораи оташбаси қисман созиш ба даст оварданд. 27 июни соли 1997 дар Маскав бо миёнаравии СММ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди оппозисиюни Тоҷик созишномаи ниҳоии сулҳ ба имзо расид. Тибқи натиҷаҳои интихоботи соли 1999, Эмомалӣ Раҳмон президент шуд. Тибқи рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Шойгу шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мешиносад. Муошират дар ҷараёни мулоқотҳо бо забони русӣ низ аз муносибатҳои дӯстона шаҳодат медиҳад. Вазири Русия илова кард, ки ӯ ва Раҳмон саргузаштҳое доранд, ки дар ҳар мулоқот ба ёд меоваранд. "Эмомалӣ Шарипович ба ман ва ба атрофиён мегӯяд:" Шумо моро аз ҳама бештар мефаҳмед, зеро шумо дар он вақте, ки мо гаравгони авбошон будем, бо мо будед ... Аммо як қиссаи алоҳида аст. Он замон сахт буд, ҳатто имрӯз ба ёд овардан душвор аст " - мегӯяд Шойгу.
https://sputnik.tj/20210728/shoygu-nokomi-missiyai-ima-afghoniston-1041236104.html
https://sputnik.tj/20210521/tavsifi-rahmon-nuri-najoti-gulruhsor-akaev-1039599449.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033016164_4:0:1068:798_1920x0_80_0_0_fc56700195904fa98a4e01bc3ea6f5c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сергей шойгу, дар русия
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сергей шойгу, дар русия
Шойгу дар бораи асир афтодан дар Тоҷикистон ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
19:51 28.07.2021 (Навсозишуда: 19:54 28.07.2021) Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу дар бораи гурезагон, даҳшатҳои ҷанг ва дӯстӣ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik, Мария Науменко. Сергей Шойгу, вазири вақти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои 90-ум, ҳангоми ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон шахсан дар кӯчонидани аҳолии русзабон аз ҷумҳурӣ ширкат дошт.
"Ҳар боре ки ман ба ин ҷо меоям, ман рӯзҳои сахти ибтидои солҳои навадум ба ёд меорам. Он замон дар бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси вазири мудофиаи шаҳрвандӣ масъалаҳои башардӯстонаро ҳал мекардам ва русзабононро берун мебурдам. Гоҳо вориди гуфтушунидҳои душвор мешудам ва ба дасти авбошон гаравгон низ афтодаам ", - гуфт Шойгу дар мулоқоти вазирони дифоъи СҲШ.
Дар Тоҷикистон Шойгу якҷоя бо Сарфармондеҳи нерӯҳои заминӣ Эдуард Воробёв кор мекард.
Баъзан лозим меомад, ки на танҳо қатъӣ, балки сахт амал кунанд. Масалан, вақте ки дивизияи 201 ва отряди сарҳадӣ саривақт бо ҳайати шахсӣ тақвият дода шуданд, баровардани силоҳҳои мутамарказ қатъ карда шуд.
Пас аз он марзбонони Русия ва дивизияи 201 фурудгоҳро таҳти назорат гирифтанд ва тарки паноҳандагон аз қаламрави ҷумҳуриро ба роҳ монданд.
"Дар он лаҳзаи душвор зарур буд, ки саривақт ҳам тавассути марзбонони мо ва ҳам тавассути дивизияи 201-и мо, ки баъдтар ба пойгоҳи низомии Русия табдил ёфтааст, тасмимҳои душвор гирифта шаванд", - гуфт Шойгу.
" Зиёда аз 150 қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Русия фиристода шуданд. Ва ин яке аз бузургтарин амалиёти ҳифзи сулҳи Русияи нав буд. "
"Вазъ хело зуд тағйир меёфт. Ҳеҷ кас ба мушкилоти гурезагон сарукор надошт. Мо бояд барои кӯчондани ҳазорҳо ҳазор оилаҳо корҳои зиёдеро анҷом медодем ва амнияти онҳоро таъмин мекардем.
"Воқзали Душанбе пур аз шаҳрвандоне буд, ки аз ҷанг мегурехтанд. Маълум набуд, оё қатор мешавад, ё намешавад. Ва он гоҳ бори аввал мо тавонистем ба ин ҷо тақрибан панҷ ҳазорвагон оварем", - ба ёд меорад вазир.
Сипас, дар соли 1995 якчанд даври гуфтушунидҳо байни оппозисиюн ва ҳукумат дар Маскав ва Кобул баргузор шуданд. Онҳо дар бораи оташбаси қисман созиш ба даст оварданд.
27 июни соли 1997 дар Маскав бо миёнаравии СММ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди оппозисиюни Тоҷик созишномаи ниҳоии сулҳ ба имзо расид. Тибқи натиҷаҳои интихоботи соли 1999, Эмомалӣ Раҳмон президент шуд.
Тибқи рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Шойгу шахсан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мешиносад. Муошират дар ҷараёни мулоқотҳо бо забони русӣ низ аз муносибатҳои дӯстона шаҳодат медиҳад.
"Президенти Тоҷикистон ва ман таърихи тӯлонии муносибатҳои воқеан гарму эҳтиромона дорем. Мо 25 сол боз - аз солҳои 1993-94, якдигарро шиносем ", - гуфт Шойгу.
Вазири Русия илова кард, ки ӯ ва Раҳмон саргузаштҳое доранд, ки дар ҳар мулоқот ба ёд меоваранд.
"Эмомалӣ Шарипович ба ман ва ба атрофиён мегӯяд:" Шумо моро аз ҳама бештар мефаҳмед, зеро шумо дар он вақте, ки мо гаравгони авбошон будем, бо мо будед ... Аммо як қиссаи алоҳида аст. Он замон сахт буд, ҳатто имрӯз ба ёд овардан душвор аст " - мегӯяд Шойгу.