Аз тавсифи Раҳмон ва Нурӣ то наҷоти Гулрухсор: суҳбати Акаев дар бораи ҷангу сулҳ - видео
00:13 21.05.2021 (Навсозишуда: 13:17 21.05.2021)
© Sputnik / Александр Макаров / Гузариш ба медиабонкВстреча Председателя Правительства Российской Федерации Виктора Степановича Черномырдина с Президентом Республики Таджикистан Эмомали Шариповичем Рахмоновым и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Нуриддиновичем Саидовым (Абдулло Нуриддинович Саидов). Слева направо: Э. Рахмонов, спецпредставитель ООН в Таджикистане Дитрех Меррем и А. Саидов. 1997 год
© Sputnik / Александр Макаров
/ Обуна шудан
Нахустин президенти Қирғизистон, Аскар Акаев дар бораи далерию шуҷоати раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, собиқ роҳбари ИНОТ, марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва наҷоти шоира Гулрухсор Сафиева гуфт
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Президенти нахустини Қирғизистон, Аксар Акаев дар як мусоҳибаи бузург бо Sputnik Қирғизистон дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва саҳми кишвараш дар истиқрори сулҳ гуфт.
Аскар Акаев соли 1990 президенти Қирғизистон шуд. Ӯ гуфт, аз сабабҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон огоҳ буд, вале бо мушкилоти дохили давлатӣ банд буд.
"Соли 1992 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки то он замон ман ду сол президенти Қирғизистон будам, албатта мо аз ҳамаи ҳаводис, ки ба ҷанги шаҳварндӣ боис шуданд огоҳ будем, вале мо он замон мушкилоти худро доштем, чуноне шумо медонед, соли 1990 фоҷиаи Ош - муноқишаи қирғизҳо ва ӯзбекҳо рух дод, ки боиси марги 3 ҳазор гардид", - нақл мекунад Акаев.
Ӯ меафзояд, ки аз ин рӯ солҳои 90 - 91 бо бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Ош банд буданд, вале ин ҳодиса ба онҳо таҷрибаи бузурги истиқрори сулҳро дод.
Наҷоти Гулрухсор Сафиева ва миёнаравиаш дар истиқрори сулҳ
Акаев мегӯяд, оғози ҷанги шаҳрвандиро кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистон бо дарди бузург қабул карданд.
"Ман доим як ҳикмати шарқиро ба ёд меорам: "Волидон ва ҳамсояҳоро бароямон Худо ато мекунад ва бояд бо онҳо муносибати хуб барқарор кард", - гуфт Акаев.
Сиёсатмадор меафзояд, ки барои ҳамин кӯшиш мекарданд дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон кумак кунанд. Ӯ мегӯяд ба Тоҷикистон нерӯи барқ интиқол медоданд ва ҳазорон тоҷик аз ҷумла элитаи Тоҷикистонро паноҳандагӣ доданд.
"Мо ба хонаводаи худ шоираи бузург - Гулрухсор Сафиеваро қабул кардем. Замоне ба ҷони ӯ дар Тоҷикистон хатар таҳдид мекард, ӯро ба хонаи мо оварданд", - гуфт Акаев ва афзуд, ки бо шоира дар Маскав солҳои 1989 - 90 ошно шуданд.
Аскар Акаев саҳми Гулрухсорро дар истиқрори сулҳ бузург арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд шоираи тоҷик ҳам бо Тӯраҷонзода ва ҳам бо Нурӣ муносибати хуб дошт ва умуман мардони тоҷик ӯро бисёр ҳурмат мекарданд.
"Ӯ тавонист ҳам Тӯраҷонзода ва ҳам Нуриро бовар кунонад, ки созиш кунанд. Нақши ӯ бисёр муҳим буд", - изҳор доштаст Акаев.
Сабаби ҷангро Акаев муноқишаи миёни кормандони партия ва мухолифин медонад.
Соли 1995 Аскар Акаев ба президенти Тоҷикистон пешниҳоди гуфтушунид кард.
Ва шоми 13 майи соли 1997 президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари мухолифин, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Бишкек рафтанд.
"Ин музокирот ҳалкунанда буд, чунки масъалаи тақсимоти қудрат миёни ҳукумат ва мухолифин маҳз дар ҳамин гуфтушунид ҳал шуд", - таъкид мекунад Акаев.
Музокиротро ба ёд оварда, Акаев мегӯяд вазъ бисёр муташанниҷ буд ва ҷонибҳо ҳатто намехостанд сари як миз чой нӯшанд.
"Дар давоми се соат ман тавонистам тарафҳоро розӣ кунонам. Шаби бевақт мо сари як миз нишастем нонро ду қисм кардаму ба онҳо додам", - ба ёд меорад прездинти нахустини Қирғизистон.
Нишасти охирин ва ҳалкунанда аз қавли Аскар Акаев рӯзи 17 май баргузор шуд.
Тавсифи Акаев аз Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ
Аскар Акаев дар ин суҳбаташ дар бораи шахсияти раҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд ва онҳоро тавсиф мекунад.
"Нурӣ раҳбари Иттиҳоди мухолифин буд, на раҳбари гурӯҳи исломгароёни радикалӣ. Аксари мардум ӯро раҳбари гурӯҳи радикалӣ мешиносанд, не, ӯ бисёр шахси босавод ва доно буд, вале принсипҳои худро ҳимоя мекард ва беҳуда нест, ки маҳз ӯ раҳбари Иттиҳоди мухолифин интихоб шуд", - бовар дорад Аскар Акаев.
Президенти нахустини Қирғизистон мегӯяд, Саид Абдуллоҳи Нурӣ талаби вазифа надошт.
"Ӯдар воқеъ лидер буд ва ман фикр мекунам аз ин рӯ ба ягон вазифа ниёз надошт".
Аскар Акаев мугӯяд Эмомалӣ Раҳмон бисёр шахси далеру ҷасур аст, чун дар тақсимоти вазифаҳои калидӣ таъхир накард ва ба хотири сулҳ бархе аз мақомҳоро ба мухолифин дод.
"Он замон президенти Тоҷикистон далерӣ нишон дод. Ӯ қудратро тақсим кард, мухолифинро бо ҳукумат пайванд намуд. Бо ҳамин кор Эмомалӣ Раҳмон устувории сиёсиро дар кишвар таъмин кард. Бубинед имрӯз чӣ натиҷае ҳаст".
Ёдовар мешавем, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома кард.
Дар ин ҷанги хонумонсӯз, зиёда аз 60 ҳазор нафар ҳалок гардида, шумораи зиёди одамон бедарак шуданд.
Тақрибан ҳамин теъдод ба Афғонистони ҳамсоя гурехтанд. Наздики 200 ҳазор маҷбур шуданд, ки Тоҷикистонро тарк намуда, ба кишварҳои ИДМ кӯч банданд.
Дар маҷмӯъ, аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи майи соли 1997, таҳти сарпарастии СММ ҳашт даври музокирот гузаронида шуд.
Созишномаи ниҳоии сулҳ байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав 27 июни соли 1997 ба имзо расид.