Маълум шуд, ки қисми зиёди буҷаи Тоҷикистон ба куҷо меравад

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонРасширенное заседание правительства январь 2021
Расширенное заседание правительства январь 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки сармояҳои дар тӯли шаш моҳ ҷамъшуда ба куҷо равона шуданд
ДУШАНБЕ, 28 Июл - Sputnik. Тоҷикистон қисми зиёди буҷаи худро дар бахши энергетика сарф мекунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода хабар додааст.
Ба гуфтаи Қодирзода, мақомот дар шаш моҳ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон 969 миллион сомонӣ (85 миллион доллар) сармоягузорӣ кардаааст. Ба бахши нақлиёт беш аз 630 миллион сомонӣ (55 миллион доллар) ва ба соҳаи манзиливу коммуналӣ 160 миллион сомонӣ (14 миллион доллар) равона гардидааст.
Беш аз 250 миллион сомонӣ (21 миллион доллар) ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ равона шудааст. Маблағи боқимонда ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт равона карда шудааст.
О чем говорили Мишустин и Расулзода в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Сармоягузорӣ кам шуд: Расулзода ва Мишустин дар бораи чӣ сӯҳбат карданд – видео
Тибқи гуфтаи роҳбари шӯъба, ҳоло дар Тоҷикистон 74 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи умумии онҳо 38,1 миллиард сомонӣ (3,3 миллиард доллар) мебошад.
Қодирзода гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021, Тоҷикистон аз кишварҳои дигар 276,3 миллион сармоя ҷалб намудааст.
"Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 миллион доллар зиёд аст. ба иқтисоди Тоҷикистон Чин 104 миллион доллар, Люксембург - 66,8 миллион, Туркия - 13,5, Швейтсария - 13,1 ва Арабистони Саудӣ - 10,6 миллион сармоягузорӣ карданд", - қайд кард роҳбари Кумита.
Вай таъкид кард, ки сармоягузориҳо аз Туркия ва Швейтсария, инчунин 89,1 миллион аз Чин, сармоягузориҳои мустақим мебошанд, ки ба бахҳи хидматрасонӣ ва ба соҳаҳои истихроҷу коркард равона шудаанд.
Ғайр аз ин, дар шаш моҳ дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорон зиёд шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 340 ҳазор соҳибкор фаъолият доранд. Аз моҳи январ то июли соли 2021 дар кишвар беш аз 20 ҳазор ширкат сабти ном шуд.
Лентаи хабарҳо
0