Сармоягузорӣ кам шуд: Расулзода ва Мишустин дар бораи чӣ сӯҳбат карданд – видео

Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо ҳамтои руси худ Михаил Мишустин мулоқот кард
Дар ҷараёни мулоқот дар Қазон ба сиёсатмадорон муяссар шуд, ки бисёр мавзӯъҳоро муҳокима кунанд, аммо яке аз муҳимтарин мавзӯъ ин тиҷорату сармоягузорӣ буд.
Расулзода, аз ҷумла, қайд кард, ки бо назардошти оқибатҳои манфии пандемияи коронавирус дар муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Маскав ва Душанбе "бояд усулҳои нав ва инноватсионӣ пайдо кард".
"Ҳадафи асосии мо дар ин марҳила бояд қабули қарорҳои муштарак оид ба эҳёи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ҳамкории саноатӣ бошад", - таъкид кард сарвазири Тоҷикистон.
Расулзода таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Русия ба иқтисоди ҷумҳурӣ "ҳамагӣ 14 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 13 миллион доллараш ба бахши алоқаи мобилӣ рост меояд".
"Мо чунин мешуморем, ки ин нишондиҳанда ба зарфиятҳои мавҷуда тамоман мувофиқат намекунад, ин нишондиҳандаи пасттарин дар қариб даҳ соли охир аст. Маълум шуд, ки Русия аз рӯи сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон ҳатто ба даҳ кишвари аввал ворид нашудааст" – қайд кард Расулзода.
Мишустин ба ҳамтои тоҷики худ итминон дод, ки Русия Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегӣ мешуморад ва Маскав омода аст муносиботро бо Душанбе дар асоси принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва бародарӣ пурзур намояд. Вай инчунин таъкид кард, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0