https://sputnik.tj/20210728/nihodho-fasodzada-tojikiston-1041231531.html
Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: рӯйхат
Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: рӯйхат
Sputnik Тоҷикистон
Дар садри феҳристи мақомотҳои фасодзадатарин дар Тоҷикистон: низоми бонкӣ, тандурустӣ ва маориф меистанд
2021-07-28T12:15+0500
2021-07-28T12:15+0500
2021-07-28T12:40+0500
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
дар тоҷикистон
фасод
оҷонсии зидди фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_0:1:1280:721_1920x0_80_0_0_844ad9b4953d466a8bfe192f8469bee5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом мақомоти давлатӣ бештар қонуншиканӣ ошкор шудааст.Тибқи маълумот дар бораи вазъи ҷиноӣ дар ҷумҳурӣ дар ним сол, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 113 ҷиноят.Дар ҷои дуюм аз рӯи шумораи ҷиноятҳо низоми бонкӣ будааст, ки дар он 93 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ ошкор карда шуданд.Дар зинаи сеюм бо 79 далел соҳаи маориф ва илм қарор гирифтааст.Шумораи ҷиноятҳои сабтшудаи коррупсионӣ инчунин дар Кумитаи идораи замин ва геодезӣ ба 78 адад баробар будааст.Дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 49 ҳолати ҷиноятҳои ошкоршуда ба қайд гирифта шуданд.Ба иттилои агентӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар системаи корҳои дохилӣ 44, мудофиа 22, фарҳанг 17, меҳнат 15, нақлиёт 10, ҳокимияти судӣ 12, "Барқи тоҷик" - 55 ададро ташкил медиҳад.Ҳамчунин дар давоми шаш моҳи соли равон, дар Тоҷикистон 1211 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 470 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад. Дар баробари ин, 171 ҷинояти азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҷиноят вобаста ба тассаруфи пулу мол ба тариқи кредит, 41 ҷинояти гирифтану додани пора чаҳор ҷинояти саркашӣ аз пардохти андозҳо, 119 ҷинояти сохтакории хизматӣ ва 208 ҷиноят бо хариду фурӯши ғайриқонунии замин қайд шудааст.Ҳамчунин, дар таи ним сол дар Тоҷикистон - 21 ҷиноят вобаста ба воридоту ба муомилот баровардани молу маҳсулоти пастсифати ғизоиву доруворӣ 8 ҷиноят оид ба терроризму экстремизм 3 ҷиноят марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ду ҷиноят вобаста ба нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шудааст.
https://sputnik.tj/20210728/barodar-alimardonov-afv-1041230795.html
https://sputnik.tj/20210728/sultonzoda-tojikiston-zarar-moliyavi-1041231267.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_160:0:1121:721_1920x0_80_0_0_2db20c8ab4e35547a0c8c21b5368d43b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фасод, тоҷикистон, ниҳодҳо,
фасод, тоҷикистон, ниҳодҳо,
Эълони ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон: рӯйхат
12:15 28.07.2021 (Навсозишуда: 12:40 28.07.2021) Дар садри феҳристи мақомотҳои фасодзадатарин дар Тоҷикистон: мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, низоми бонкӣ ва маориф меистанд
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом мақомоти давлатӣ бештар қонуншиканӣ ошкор шудааст.
Тибқи маълумот дар бораи вазъи ҷиноӣ дар ҷумҳурӣ дар ним сол, аксари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд - тақрибан 113 ҷиноят.
Дар ҷои дуюм аз рӯи шумораи ҷиноятҳо низоми бонкӣ будааст, ки дар он 93 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ ошкор карда шуданд.
Дар зинаи сеюм бо 79 далел соҳаи маориф ва илм қарор гирифтааст.
Шумораи ҷиноятҳои сабтшудаи коррупсионӣ инчунин дар Кумитаи идораи замин ва геодезӣ ба 78 адад баробар будааст.
Дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 49 ҳолати ҷиноятҳои ошкоршуда ба қайд гирифта шуданд.
Ба иттилои агентӣ теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар системаи корҳои дохилӣ 44, мудофиа 22, фарҳанг 17, меҳнат 15, нақлиёт 10, ҳокимияти судӣ 12, "Барқи тоҷик" - 55 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар давоми шаш моҳи соли равон, дар Тоҷикистон 1211 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумор 470 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад.
Дар баробари ин, 171 ҷинояти азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҷиноят вобаста ба тассаруфи пулу мол ба тариқи кредит, 41 ҷинояти гирифтану додани пора чаҳор ҷинояти саркашӣ аз пардохти андозҳо, 119 ҷинояти сохтакории хизматӣ ва 208 ҷиноят бо хариду фурӯши ғайриқонунии замин қайд шудааст.
Ҳамчунин, дар таи ним сол дар Тоҷикистон - 21 ҷиноят вобаста ба воридоту ба муомилот баровардани молу маҳсулоти пастсифати ғизоиву доруворӣ 8 ҷиноят оид ба терроризму экстремизм 3 ҷиноят марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ду ҷиноят вобаста ба нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шудааст.