Султонзода гуфт, ба давлати Тоҷикистон дар шаш моҳ чиқадар зарари молиявӣ расидааст

© акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи ТоҷикистонГенерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон
Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар нимсоли равон дар Тоҷикистон 235,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор
ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, хабар дод, ки дар давоми шаш моҳи соли равон мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронидан.
Вай афзуд, ки зимни ин санҷишҳо 235,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 178,4 млн сомонӣ ё 75,7 фоиз барқарор карда шуд.
“Аз маблағи рӯёнидашуда 49,5 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 128,9 млн сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд”, - такид дошт Султонзода.
вай инчунин қайд кард, ки аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ- 9,6 миллион сомонӣ камомад ва тасарруф- 11,5 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ- 75,4 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ- 1,0 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ- 114 миллион сомонӣ, маблағи кам ҳисобидашуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ- 24,1 миллион сомониро ташкил менамояд.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Бародари Алимардонов 105 миллион қарзро ба давлат баргардонду афв шуд
Ҳамзамон Сулаймон Султонзода афзуд, ки агентӣ 1211 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 788 нафар ошкор намуданд, ки 470 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд.
“Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 171 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҳолат марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз мебошанд”, - гуфт директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Вай инчунин зикр кард, ки Агентӣ барои иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба корупсия”, ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаршударо манъ намудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ 96 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкурро ошкор ва барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои таъсирбахш андешидааст.
Лентаи хабарҳо
0